Главная / Илм / МАНКАГи

МАНКАГи

mankagiМАНКАГи (Rhinolalia), фунги, якбора суст шудани садоноки ва тагйири лахни овоз, ки бо ихтилоли овозхои нутк чур мегардад; бинобар дар раванди хосил гаштани овоз ва артикулятсия ширкат наварзидани чавфи бини ба амал меояд.
М. дар аснои иллати бини ва пешгохи ком пайдо шуда, бо халал ёфтани нафаскашии бини хангоми ангурак, качии миёндевори бини, калон шудани садафаи бини ва г. руй медихад. Дар ин хол овоз гирифта, хамсадохои «м» ва «н» чун «б» ва «д» талаффуз мешаванд (М.-и пушида). Ихтилоли фаъолияти коми нарм дар натичаи фалач, модарзод руст нашудан ва захмин гаштани коми сахту нарм, инчунин аз гулузиндонак осеб ёфтани пешгохи ком мумкин аст сабаби М. гарданд. Дар ин сурат пешпардаи ком хангоми талаффузи як катор садохо ба девораи акиби халк васл намешавад ва халкро аз пешгохи ком чудо намекунад. Аз ин ру, хаво хам аз бини ва хам аз дахон мегузарад (М.-и кушода). Чунин М. возех буда, нутк норавшан аст.
Хангоми сари вакт ба духтур мурочиат кардан, М.-ро бартараф намудан мумкин аст. Дар сурати ба М. гирифтор шудани кудак гузаронидани машкхои логопеди кофист. Дар аснои як катор беморихо, мас., ангураки бини, кач гаштани миёндевори бини, аденоидхо чарохи ногузир аст. Рогкомиро ба тавассути чаррохии тармими ислох мекунанд.
анд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …