Главная / Илм / МАНГАН

МАНГАН

manganМАНГАН (Manganum), Mn, элементи химиявии гурухи VII чадвали Менделеев; раками ат. 25, массаи ат. 54,9380; металли вазини сафеди нукратоб. М.-ро якумин маротиба олими швед Ю. Ган с. 1774 дар натичаи гарм кардани омехтаи пиролюзит ва ангишт хосил намуд. М. 0,1%-и кишри Заминро ташкил мекунад. М. дар саноат бо усули электролиз, алоюминотермия ва электротермия хосил карда мешавад.
Дар амалияи тиб дорухои М. – перманганати калий ва хлориди манганро кор мефармоянд.
М. ва пайвастхои он дар саноати металлурги, шишасози, бофандаги ва г. истифода мегарданд. Хангоми бо онхо кор кардан, мумкин аст дар шакли гарду чанг, аэрозол ва буг ба рохи нафас афтанд. Пайвастхои М. захр буда, ба силсилаи асабхои маркази, чигар, шуш таъсири бад мерасонанд; бисёр аз пайвастхои он боиси тагйироти патологи дар хун мешаванд.
Барои пешгирии захролуди аз М. тоза нигох доштани хавои чои кор, истифодаи респираторхо, риояи коидахои бехдошти шахси, пушидани либоси махсус мухим аст. Коргароне, ки бо М. тамос доранд, бояд мунтазам аз назорати духтур гузаранд.

Т. Идрисов.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …