Главная / Илм / МАММОГРАФИЯ

МАММОГРАФИЯ

mamografiyaМАММОГРАФИЯ (Mammographia; юн. pamma – пистони зан ва …графия), рентгенографияи гадуди шир бидуни истифодаи васоити рентгеноконтрасти. М. усули асосии ташхиси беморихои гуногуни гадуди шир, аз чумла бемории саратон дар даврахои аввал мебошад. М.-ро дар холатхои дар сина пайдо шудани чисми сахти пайдоишаш номаълум, аз пистон омадани тарашшухот (агар ба хомилаги ва синамакони вобаста набошад), мастопатия, киста, фиброаденома ва г. таъин мекунанд. М. дар давраи аввали хайз (3 – 10 руз баъд аз хотимаи хайз), дар занхои аз бахра монда – дар хар вакт гузаронда мешавад.
Бо максади М. дастгоххои рентгении махсус – маммографхо истифода мегарданд. Навор дар ду сатх – рост ва пахлу (ё кач) бардошта мешавад. Барои тадкикоти маммографи патсиентро махсус тайёр кардан лозим нест.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …