Главная / Гуногун / МАМЛАКАТХОИ НИМЧАЗИРАИ АРАБИСТОН (асрхои XIX-XX)

МАМЛАКАТХОИ НИМЧАЗИРАИ АРАБИСТОН (асрхои XIX-XX)

Дар охирхои асри XIX – аввали асри XX барои дар Арабистон хукмрон шудан Туркия ва Англия дар байни худ мубориза мебурданд. Империяи Усмониён бошад, Яманро истило карда, дар Хичоз гарнизонхояшро мустакар намуд. Солхои 1900- 1908 дар ин чо рохи охане сохта шуд, ки Мадинаро бо Димишк пайваст. Ин рох дар шимолу шаркии Арабистон воситаи асосии робитаи гарнизонхои турки гардид.

arabiston

Англия соли 1871 ба шайххои нимчазираи Катар пуштибони (протекторат)-и худро эълон кард. Чавобан ба ин Мидхатпошшо, ки ин вакт губернатори Ирок буд, артиши Туркияро ба Катар, Алхоса ва Кувайт равон кард. Ин вилоятхо, ки кад-кади сохилхои халичи Форс вокеъ буданд, округи нави империяи Усмониён – санчаки Начдро ташкил намуданд. Ба номи давлати Ваххобиён рост омадани номи ин санчак шаходати он аст, ки Туркия мехост навохии дохилии Арабистонро ба мулкхои худ хамрох кунад. Соли 1872 туркхо ба Яман экспедитсияи харби ташкил намуда, онро ба яке аз вилоятхои империяи Усмониён табдил доданд.

Солхои 80-ум Англия кушиш мекард, ки мавкеи худро дар чануби Арабистон хам мустахкам кунад. Ба вай муяссар гардид, ки султону шайххои Хадрамаутро паси хам мачбур созад, ки пуштибонии англисхоро кабул кунанд. Дар миёнахои солхои 90- ум англисхо чазираи Сокотораро забт намуданд, инчунин дар халичи Форс минтакаи зерн таъсири худро васеъ карданд. Соли 1873 онхо ба султонхо ва шайххои Уммони Шартномави шартномахои нави асоратоварро бор карда, соли 1880 бошад, бо шайхи Бахрайн карордод ба имзо расониданд. Ин карордод бар зидди даъвои Туркияи Усмониён ва Эрон ба Бахрайн буд. Созишномаи мазкур Бахрайнро пурра ба Англия тобеъ кунонд.

Солхои 90-уми асри XIX – аввали асри XX барои забти давлатхои нимчазираи Арабистон дар байни Туркия, Англия, Фаронса, Германия ва Русия ракобат аз нав кувват мегирад. Аз ин ракобат бештар Англия фоида дид.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …