Главная / Чамъият / МАКТУБ БА  ЧАНОБИ ОЛИ – ПРЕЗИДЕНТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

МАКТУБ БА  ЧАНОБИ ОЛИ – ПРЕЗИДЕНТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Ба Президенти Чумхурии Точикистон
Пешвои миллат – Чаноби оли
Мухтарам Эмомали Рахмон
аз номи маъюби гурухи якум (нобино)
Джураев Сирочиддин
истикоматкунандаи нохияи
Кабодиён, Чамоати «Тахти сангин»,
кишлоки Садриддин Айни, хонаи 17
 

Ба маълумоти Шумо бо мактуби худ мухтарам Чаноби Оли мерасонам, ки ман маъюби гурхи 1-ум – нобино хастам ки дар кишлоки Садриддин Айни (чамоати Тахти сангин) – нохияи Кабодиён бо хамсари худ ва 5 фарзанди ноболигум зиндаги мекунем, ки онхо аз синфи 5 то 11 мехонанд.

maktub-prezident

Дар 12-солагим (1994) аз падар махрум шудаам ва он солхо додархоям бошанд боз аз ман хам хурдтар буданд. Як додарам мисли ман низ ба пурраги нобино аст. Рузгори манро 2 додари солими дигарам ба Руссия рафта ёрдам медиханд, ки барои онхо ин хеле вазнин аст. Аз сабаби аз хурдиям дар нури чашм камбуди доштан мактаби миёнаро аз синфи 4-ум бас кардагиям. Ба хар хол ман устогиям мекунам ва риски ночиз бошадам меёбам.

Сохиби хона лойи мебошам, ки бо ёрдами додархом ва хешу табору оилам 5 сол пеш сохта шудаст.

Ростша гуям фарзандонам аз сабаби набудани хавзи об дар хавли хар руз дар кашондани об азоб мекашанд ва ин ба дарди миёну пойхои онхо сабаб шудаст.

Барои хамин аз шумо Чаноби оли бо мактуби худ эхтиромона хохиш менамоям, ки барои сохтани хавзи об, ки такрибан 1000 сомони мешавад ёри мепурсем ва умедворам ёрдам мекунед.

Бо эхтиром,

Джураев Сирочиддин

Якум июн 2012

Телефон: 98 ***553

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …