Главная / Илм / МАКТАБ

МАКТАБ

maktabМАКТАБ (талаботи бехдошти), муассисаи таълиму тарбия. Сохтмони М.- хо аз руи лоихаи махсус сурат мегирад, ки дар он тамоми талаботи бехдошти нисбати бинои мактаб пешбини шудаанд. Замини М. (на камтар аз 0,3 га; 40 – 50%-и он бояд барои богча ва сабзкори истифода гардад) ба чанд китъа чудо карда мешавад: варзишгох (майдонча барои туббози, гимнастика, варзиши сабук); таълимию тарбияви (барои корхои кишоварзи, зироат); майдончаи бозихои серхаракат ва истирохат; китъаи хочагидори бо даромадгохи чудогона. Баландии мувофики бинои М. – 3 ошёна аст; он бояд чанд чои баромад дошта бошад, ки барои андешидани тадбирхои зиддиэпидеми мувофикат намоянд. Талаботи бехдошти нисбати М. алохида будани чанд гурух синфхонахоро барои кудакони хамсинну сол ва робитаи мувофик байни китъаи таълимиро пешбини мекунад.
Синфи I бояд аз 30 наф., синфхои II – IX аз 40 наф., синфхои Х – ХI аз 36 наф. зиёд хонанда надошта бошанд. Дар дехот сохтани М.-хои синфхонахояшон барои хонандагони ададашон камтар ичозат аст.
Масохати синфхонахо бояд на камтар аз 64 м2, кабинетхои лаборатори – 66 м2 бошад. Масофа аз тахтаи синф то катори охири мизхо ё партахо 8 – 9 м аст. Сатхи тахтаи синф бояд суфтар ва бечило, барои ба фарш нарехтани гарди бур, гузоштани латта, бур новача дошта бошад. Масолехи бехтарин барои тахтаи синф ленолеум аст. Тахтахои синфии рангашон сабз тавсия мешаванд. Онхо нури рушноиро нисбатан кам фуру бурда, барои дидани навиштачот хеле мувофик мебошанд. Шифти синфхона бояд на камтар аз 3 м баланди дошта бошад. Масохати толори варзиш: 144м2 – 3м; 162 м2 – 5,4м; 288 м2 ва зиёда аз он – 6 м. барои таълими мехнати хонандагони синфхои V – X кабинети омузиши касб ва асосхои истехсолот, устохонаи истехсолот, устохонаи универсали оид ба шаклхои мехнати техники фаъолият менамоянд. Инчунин барои хамаи кабинетхои таълими хонахои лаборатори пешбини шудаанд.
Дар М.-хои замонави кабинетхои таълимии информатика ва компютери вучуд доранд.
Дар М. бояд барои хифзи тандурустии кудакон хама гуна шароит фарохам сохта шавад. Дар ин бобат низоми таълим (ниг. Синни мактаби) ва мебели мактаб ахамияти калон дорад.
Барои китобу дафтар ва диг. ашёи хониш хонандагон, хусусан хонандагони синфхои поёни, бояд аз сумкаи китфи истифода кунанд; хонанда онро ба тахтапушт меовезад ва хамин тавр, вазн баробар таксим мешавад, ки барои пешгирии хамидагии комат ва сколиоз дар кудакон ахамияти калон дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …