Главная / Маданият ва санъат / МАКСАД ВА ВАЗИФАХОИ ФАННИ «ТАЪРИХИ ДИН»

МАКСАД ВА ВАЗИФАХОИ ФАННИ «ТАЪРИХИ ДИН»

Китоби Таърихи дин таърихи пайдоиши динхо, тагйирёбию дигаршавии_онхо. хусусият ва гуногунрангии динхои мухталифро меомузад. 

Он динхоро на аз руи мавкеъ ва таъсирашон, балки аз руи мутобики даврахо, пай дар пай мутобик, ба таърихи пайдоишашон тахкик, менамояд ва конуниятхои гузариш аз як шакл ба шакли дигар, пайдоишу аз байнравии динхоро нишон медихад. Тадкики ин таъсироту равандхо дар робита бо тагйиротхои ичтимоию фарханги омухта мешавад.

Китоби Таърихи ДинМасалан, вакте сухан дар бораи гузариш аз як шакли дин, масалан, серхудои ба яккахудои меравад, дар алокаманди бо масъалаи гузариши ичтимоъ аз як зинаи тараккиёт ба дигараш сурат мегирад. Вобаста ба тагйироти ичтимои фархангу илм ва шуури ичтимои низ гуногун мебошанд. Хамин тавр мавзуи “Таърихи дин” чудо аз таърихи башар нест, балки сарвату боигарии хоси давраи муайяни таърихиро дар робита бо дигар унсурхои маданияти маънави мавриди тадкик карор медихад.

Инкишофи дин чудо аз инкишофи дигар шаклхои шуури чамъияти сурат намегирад, балки тагйироте, ки дар дин ба вукуь мепайвандад, дар дигар шаклхои шуури чамъияти зохир мешавад, дар баъзе маврид хусусияти шуури ичтимоиро муайян мекунад ва баръакс хусусияти шуури ичтимои ба дин низ таъсир мерасонад.

Пас, фанни “Таърихи дин” пайдоиш ва тагйиру тахаввули динхоро бо тамоми дигаргуншакли ва хусусиятхои пай дар пай, давра ба давра ба таври хронологи омухта, бо илми таърих робитаи амик дорад ва чузъи он хисоб мешавад. Онро аз илми таърихи чомеа чудо тасаввур кардан нашояд.

Азбаски “Таърихи дин” ба омузиши таърихи сохаи махсуси хаёти маънави ва шуури ичтимои машгул аст, ин фан ба илмхое, ки шуури ичтимои ва хусусиятхои онро меомузанд, алокаманд аст, аз чумла бо фалсафа, психология, адабиёт ва г. Дину фалсафа шаклхои таърихии чахонбини буда, хусусияти умуми доранд. Фалсафа таносуби хасти ва шуурро, конуниятхои куллии инкишофи оламро фаро гирифта, ба тадкики шуури дини низ машгул мешавад. Аз ин чо илмхои махсуси омузиши фалсафии дин ба вучуд омадаанд. Хамчунин дар шуури дини эхсосот, парастиш, маросимхо мавкеи мухим доранд, ки онхо ба рухияи мардум таъсири муайяне мегузоранд. Бинобар он фанни ” Таърихи дин” бо илми дигаре, ки холатхои рухии инсон ва чомеаро меомузад, яьне психология, робитаи кави дорад.

Азбаски дар муддати дуру дарози таърихи, – дин шакли шуури чамъиятие буд, ки тамоми сохахои дигари шуури чамъиятиро фаро гирифта, оихоро муайян мекард, инъикоси бадеии олам дар дин мавкеи мухиме дошт на бисёр асархои бадеи махз аз мавзуъхои дини сарчашма гирифтнанд, бинобар ин фанни “Таърихи дин” ба таърихи адабиёт, ки эчодиёти бадеиро меомузад, алокаманд гардидааст.

Максади асосии фанни “Таърихи дин” шинос кардани хонандагон ба таърихи пайдоишу тахаввули динхо, таълими конуниятхо, инкишоф ва нуктахои умуми ва асосии таълимоти онхо мебошад.

Супориш ва саволхо.

1 .Даврахои таърихиро ба ёд оред.

  1. Инкишофи шуури чамъияти бо инкишофи чамъият чи хел вобастаги доранд?

 

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …