Главная / Илм / МАЙЗАДАГи

МАЙЗАДАГи

mayzadagiМАЙЗАДАГи (Alcoholismus), алкоголизм, истеъмоли аз хад зиёди машруботи спиртдор, ки ба саломати ва кобилияти кории шахси майпараст, инчунин ба маишату осудагии чамъият зарар мерасонад.
Доир ба нушокихои спиртдор дар маъхазхои хаттии кадимтарин маълумот вучуд дорад. Тарзи майкаши хануз замонхои пеш ба бисёр кабилахо маълум буд. Бино ба баъзе акидахо дар сабохи инкишофи инсоният истеъмоли май кори коллективи буда, бо он ягон одати кабилави ё ходисаи астрономи (мас., барор гирифтани шикор, нав шудани мох – хилол ё пур шудани он – бадр ва г.) кайд карда мешуд. Чи кадаре, ки шароити зандагии кабилахо душвор гардад (мас., тахдиди хатар, мушкил гаштани дарёфти гизо ва г.), хамон кадар бештар онхо барои бартараф кардани «шиддати рухи» хамрох шаробнуши мекарданд.
Ба кадри мураккаб гаштани сохти ичтимоии чамъият истеъмоли шароб торафт бештар хусусияти фарди мегирад, яъне нисбат ба шароб сабабу муносибатхои фарди ба вучуд меояд. Охирхои а. 19 мукаррар гардид, ки баробари баланд шудани некуахволи низ М. меафзояд. Инро тачрибаи мамлакатхои мутаракки собит намуд.
Бадмасти сабабхои рухи низ дорад. Онхо мачмуи далелхоеанд, ки баъзе одамонро ба истеъмоли май мачбур месозад. Хастаги, танхои, низоъ ба атрофиён, бечуръати ва г. як навъ холати рухии гаронро ба вучуд меоранд, ки зери таъсири шароб муваккат рафъ мешаванд. Кайд кардан лозим аст, ки на хар шахс ва на хамеша дар лахзахои душвор шароб менушад, зеро шароиту муносибати одамон ба он гуногун аст. Шароити ичтимои нафакат сабаби истеъмоли шароб мешавад, балки онро махдуд низ мекунад. Чунин махдудсози метавонад расми (конуни) ва гайрирасми (маънави) шавад. Охири аз муносибати шахс нисбат ба нишондодхои дар ин хусус вучуддоштаи чамъият ва ахлоки чамъияти вобастаги дорад. Чи кадаре ки шахс барои бартараф кардани вазъияти душвор имкони кам дошта бошад, хамон кадар тезтар ба майнуши дода мешавад ва умеди ихтиёри бас кардани он низ кам мегардад. Вале ин кабил ашхос нисбатан кам буда, бештар ба кумаки духтурони амрози рухи мухточанд. Хар кадар чамъият нисбати истеъмоли машруботи спиртдор сахлгир бошад ва хар кадар шахс ба акидахои дурусти хаёт дар бораи аракнуши кам эътибор дихад, М. хамон кадар бештар мегардад. Истеъмоли шароб таклиди низ мешавад. «Таклид» мафхуми шартист. Сабаби асосии чунин шаробнуши окибати ногувори М. – ро мулохиза накарда, ба дилхушии лахзаи саъю кушиш кардан аст. Гайр аз ин вучуд доштани акидаи хато оид ба нерубахшии арак, таъсири урфу одатхо, тасаввуроти галати нишонаи болиги, мустакили ва мардонаги будани майнуши низ боиси дар байни чавонон авч гирифтани шаробнуши мегардад.
Барои афзоиши М. махсусан таъсири атрофиён (падару модар, рафикон) ва муносибати онхо нисбат ба нушокихои спиртдор калон аст. Тадкики таъсири оила ба М. мукаррар намуданд, ки аз хад зиёд арак нушидани волидайн (ё яке аз онхо) ва тарбияи нодурусти фарзандон (гамхории бехад, эрка намудан, беназорати, чангу чидоли оилави ва г.) сабаби пайдоишу авч гирифтани М. мешавад.
М. дар хама тарзхои хаёти фарди ва чамъияти инъикос меёбад. Нафакат мунтазам, балки тасодуфан истеъмол кардани нушокихои спиртдор низ ба саломати зарар дорад, аксар вакт боиси харобии оилаю тарбияи бади фарзандон мегардад. Аз таъсири арак одамон хисси масъулиятро дар назди чамъият ва давлат гум карда, рафтори ношоиста менамоянд. М. ба истехсолот зарар меорад, махсули мехнатро паст карда, боиси фалокат ва марги одамон мегардад. Дар натичаи М. савияи маънави паст ва накуахволии мардум бад мешавад.
М. ба тамоми узву бофтахои инсон таъсири бад мерасонад. Мунтазам нушидани шароб шахсро хумори мекунад, у микдори маи нушидаашро назорат накарда, тадричан ба беморихои гуногун (мас., психоз, неврит, гастрит ва г.) гирифтор мешавад (ниг. Майзадагии музмин). Тагйир ёфтани рухия (ба хаячон омадан, рухафтодаги ва г.), ки хатто аз истеъмоли андаки шароб низ сар мезанад, аксар вакт хангоми масти сабаби афзудани ходисахои худкуши мегардад. Мувофики маълумоти омории расми дар Англия 70% худкуши дар холати масти ба амал меояд; худкуши дар байни майзадахо нисбат ба шахсоне, ки арак наменушанд, 8 – 10 маротиба зиёд аст. Тамоми аломатхое, ки хангоми масти руй медиханд (калавидан, бедиккати, хуб дарк накардани мухит ва г.) боиси афзудани ходисахои нохуш мешаванд.
Ихтилоли мубодилаи витаминхо (хусусан витаминхои гурухи В) ва бевосита таъсири захрнок доштани шароб системаи асаби канориро иллати карда, неврит, полиневрит барин беморихо ба вучуд меорад. Хангоми М.-и музмин дар натичаи ларзидани ангуштони даст, пилки чашм, нуги забон (хусусан субх то нушидани арак) шахс кори мукаррарии худро ичро карда наметавонад. Кариб дар хамаи бадмастон аломатхои ихтилоли системаи асабхои нашви (серараки, хунук будани кафи даст ва г.) мушохида мешавад; кувваи босира, шомма ва сомеаи чунин одамон суст мегардад.
Шароб ба луобпардаи меъда таъсир расонда фаъолияти онро табох месозад (дар натича шираи меъда кам ё нест мешавад). Чи кадаре, ки М. тул кашад, луобпардаи меъда хамон кадар бештар осеб меёбад.
Шароб хусусан ба чигар таъсири бад мерасонад; дар натичаи дуру дароз ва мунтазам истеъмол намудани он сиррози алкоголии чигар сар мезанад. М. яке аз сабабхои асосии беморихои гадуди зери меъда (панкреатит, диабети канди), зики дил, сактаи дил аст. Атеросклерози рагхои иклилии дил ва рагхои майна дар одамоне, ки шароби бисёр менушанд, нисбат ба дигарон 4 – 5 маротиба ва бемории гипертония бошад, 3 – 4 маротиба бештар руй медихад; атеросклерози рагхои майна ва рагхои дил дар чавонони шаробдуст хануз дар 25 – 30-солаги мушохида мешавад.
М. ба гадудхои дохили, хусусан ба гадудхои чинси, зарар дорад. Таъсири шароб дар мардхо мубошаратро суст карда, дар занхо боиси катъи бармахали хайз ва паст гаштани кобилияти насловари мегардад.
Мунтазам истеъмол намудани шароб одамро бармахал пир месозад. Умри майзадахо аз хисоби миёнаи умри дигарон 15 сол кам аст.
М. ба истехсолот низ таъсири ногувор мерасонад; бисёр идораю муассисахо дар натичаи ба кор набаромадани коргарон, мачрух шудани онхо, фалокат, дузди ва паст шудани самараи мехнат зарари чидди мебинанд. Махсули мехнати беморони гирифтори М.-и музмин нисбат ба махсули мехнати одамони солим ба хисоби миёна кариб 10% паст аст. Хангоми ширакайфи махсули мехнати коргарони пуртачриба 30% ва хангоми маст будан, 70% паст мегардад. Гайбат (прогул)-и шахсоне, ки мунтазам арак менушанд, дар як сол 35 – 75 рузи кориро ташкил мекунад.
М. бисёр вакт боиси чинояткори мегардад. Дар аксар холатхо авбоши, одамкуши ва зуровари барин рафторхои бад нафакат дар натичаи мунтазам, балки аз тасодуфан нушидани шароб низ сар мезананд.
Паст гаштани савияи маънавию ахлоки, майли бештар ба шароб, руй гардондан аз оила ва ёру рафикон, пайдо кардани дустони нав, ки ба масти, авбоши ва дуздию горатгари машгуланд, окибат ба он оварда мерасонад, ки шахс факат барои истеъмоли шароб пул мечуяд. Дар чунин маврид у кодир аст худро хонавайрон кунад, хори кашад ва хатто чиноят содир намояд.
М. – и падару модар ба тарбияи фарзанд таъсири бад мерасонад. Мухити фосики оила, бархам хурдани хурмату эхтиром нисбат ба падару модар натанхо кудакро тундмизочу дамдузд мекунад, балки рафтору кирдори уро тагйир дода, майнуш ва бечогарду чинояткор месозад. Мувофики баъзе маълумот 70% наврасоне, ки конунро вайрон кардаанд, дар оилаи майзадахо тарбия ёфтаанд.
Системаи чорахои зиддиалкухули аз мачмуи тадбирхои тарбияви, маърифатию санитари ва тибби иборат мебошад. Чихати мухими пропагандаи зиддиалкухули ба якдигар вобаста кардани тарзи корхои оммави ва фарди аст. Охири ба шахсоне дахл дорад, ки барои даст кашидан аз шаробнуши иродаашон сусти мекунад. Чунин тарзи кор гайр аз сухбатхои тавзехи (бо иштироки кормандони тибби, маъмурият, намояндагони ташкилоти чамъияти), инчунин санчиши шароити зиндаги ё хаёти оилавиро, ки шахсро ба истеъмоли арак мачбур сохтааст, дарбар мегирад.
Падару модароне, ки майзада гаштаанд аз хукуки волидайни мархум карда мешаванд. Дар чумхурии мо ба ноболигон фурухтани хама намуди нушокихои спиртдор (аз чумла пиво) манъ аст. Ба шаробнуши чалб кардани ноболигон, яъне мунтазам маст кардани онхо, катъи назар аз хешу табор будан, чун рафтори чинои махкум карда мешавад.
Барои дар холати масти ба кор баромадан, дар вакти кор ё хангоми хуроки нисфирузи шароб нушидан низ чазо пешбини шудааст. Мас., дар асоси Кодекси конунхо оид ба мехнати ЧТ дар идораю муассисахо тамоми руз (смена) ба кор рох додани коргарони маст манъ аст. Хангоми масти дар кор ё чои дигар захмдор шудан, ходисаи нохуше шуморида мешавад, ки бо айби худи кас рух додааст. Дар чунин холатхо хангоми муоличаи амбулатори ва дар беморхона будан, варакаи бемори дода намешавад.
Хукуки чинои мукаррар мекунад, ки шахсони дар холати масти чиноят содиркарда аз чавобгари озод намешавад ва дар баъзе холатхо масти гунохро вазнинтар (мас., дар ронандагон) мегардонад. Дар чумхурии мо ба идора кардани воситахои наклиёт хатто хангоми ширакайф будан низ рох дода намешавад. Вайрон кардани ин конун амалиёти баркасде махсуб меёбад, ки барои сар задани фалокати наклиёт равона гаштааст ва вобаста ба шароит ба гунахкор чазои маъмури (чарима, муваккатан ё доими аз хукуки ронандаги махрум кардан) ё чинои дода мешавад.
Ад.: Гулямов М. Г., Умаров С. Э., История, современное состояние и меры улучшение принудительного лечения больных хроническим алкоголизмом, «Здравохранение Таджикистана», 1973, №1; Болотова З.Н., Алкоголизм – общественное зло, Киев, 1982; Гудвин Д. У., Алкоголизм, М., 2002; Лапин И. П., Стресс. Тревога. Депрессия. Алкоголизм. Эпилепсия, СПб., 2004.

Н. М. Шарофова.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …