Главная / Илм / «МАХЗАНУ-Л-АДВИЯ»

«МАХЗАНУ-Л-АДВИЯ»

madanu-shifo«МАХЗАНУ-Л-АДВИЯ» («Хазинаи давохо»), китобест дар боби тиб. Муаллифаш Мухаммад Хусейн ибни Мухаммади Окили. Асар с. 1776 ба забони точики таълиф шуда, дар бораи давохое, ки то нимаи дуюми а. 18 вучуд доштанд, маълумот медихад. Китоб аз 3 кисм иборат аст. Дар кисми 1-ум муаллиф дар бораи 3 намуди давохо (маъдани, наботи, хайвони), то чад вакт боки будани хосият ва дар кадом шароит зиёд будани кувваи давоии онхо, усулхои тайёр ва нигох доштани навъхои гуногуни дорухо, инчунин баъзе истилохоти тибби ва г. сухан меронад. Дар кисми 2-юми китоб мохият, табиат ва хосият, инчунин микдори шурбат (доза)-и 1703 давои наботи, хайвони ва маъдани ба тартиби хуруфоти араби шарх ёфтаанд. Кисми 3-юм аз лугати номхои дору, ки аз забонхои араби, юнони, форси, турки, хинди ва г. гирифта шудааст, иборат буда, зиёда аз 6000 номгуйро дарбар мегирад.
«М.» китобест, ки андухтахои тибби халки ва китоби, тачрибахои дар солхои зиёд фарохам овардаро дарбар гирифтааст. Дар китоб нафакат тачрибаи халкхои форсизабон, балки тачрибахои тибби кадими Юнон, Араб ва Хинд низ акс ёфтаанд. Муаллиф хангоми таълифи китоб аз асархои олимони араб, юнони ва хинди низ истифода бурдааст, аз чумла: «Ал-Конун фи-т-тиб» ва «Адвияи калбия» ном асархои Абуали ибни Сино, таълифоти машхури Ибни Байтор, Довуди Антоки, Беруни, «Ихтиёроти бадеи»-и Хочи Зайнуддини Аттор, «Тухфату-л-муъминин»-и Хаким Мирмухаммад Муъмини Танкобуни ва г.
«М.» аз чихати сохти худ лугате мебошад, ки дар он тамоми номхои моддахои наботи, маъдани ва хайвони аз руи алифбо чо ба чо гузошта шудаанд. Аввал номи модда ба забони араби зикр мешавад, баъд талаффузи он ба таври муфассал баён мегардад, пас тарчума – эквиаленти он ба забони точики ва забонхои дигар (юнони, суриёни, хинди, гохо турки) низ дода мешавад. Баъдан мохияти он модда тасвир меёбад. Ва нихоят, аз табиати модда сухан ронда, хосиятхои давоии он батафсил шарх дода мешаванд.
«М.» с. 1888 дар Лакхнав ба табъ расидааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …