Главная / Илм / МАХРУМ КАРДАН АЗ ХУКУКИ ПАДАРИЮ МОДАРи

МАХРУМ КАРДАН АЗ ХУКУКИ ПАДАРИЮ МОДАРи

sudМАХРУМ КАРДАН АЗ ХУКУКИ ПАДАРИЮ МОДАРи факат ба воситаи суд ва дар асосхои конун рох дода мешавад: агар мукаррар шавад, ки падару модар ё яке аз онхо аз ичрои вазифаи тарбияи фарзандашон саркаши мекунанд (мас., дар хусуси тарбияи ахлоки, инкишофи чисмони, таълими онхо гамхори намекунанд) ё аз хукуки падарию модарии худ суиистеъмол менамоянд, бо фарзандон берахмона муомила мекунанд, ба онхо бо рафтори бадахлокона ва зиддичамъиятии худ таъсири зарарнок мерасонанд, майзада ё нашъаманд мебошанд. Факат дар сурати айбдор будани падару модарон онхоро аз хукуки падарию модари мархум кардан мумкин аст. Дар мавридхое, ки барои тарбияи фарзанд бо сабабхои объективи (дар натичаи бемории падару модарон, ба вучуд омадани вазъияти ногувор ва г.) шароити номусоид фарохам омадааст, волидайн аз хукуки падарию модари махрум карда намешаванд. Вале минбаъд агар дар назди падару модар монондани фарзанд барои вай хатаровар бошад, уро ба воситаи суд аз ихтиёри онхо гирифта, ба тарбияи органхои васоят ва парастори супоридан мумкин аст. Ин чораи муваккати буда, баробари аз байн рафтани сабабхое, ки боиси ба кор бурдани он шудаанд, суд дар асоси даъвои падару модар ё прокурор, манфиати кудакро ба назар гирифта, дар бораи ба падару модараш баргардондани вай карор бароварда метавонад.
Аз хукуки падарию модари махрум кардан, чораи фавкулодда буда, дар мавридхое ба кор бурда мешавад, ки дигар чорахои таъсиррасони ба падару модар – маломати чамъияти, чаримаи муайянкунандаи комиссия оид ба корхои ноболигони нохия (шахр), чорахои таъсиррасони дар чои кору истикомат натичае намебахшанд. Ба суд дар бораи аз хукуки падарию модари махрум кардан яке аз волидайн (падар ё модар), васи (парастор)-и кудак, прокурор, комиссия оид ба корхои ноболигон, ташкилотхои давлати ва чамъияти мурочиат карда метавонанд. Дар холати аз хукуки падарию модари махрум намудани яке аз волидайн кудак дар ихтиёри дигараш мемонад. Агар хардуяшон аз хукуки падарию модари махрум карда шаванд, кудак ба парастории органхои васоят ва парастори дода мешавад, ки онхо ба у васи ё парасторро таъин менамоянд ё уро ба муассисаи бачагонаи тарбияви чойгир мекунонанд. Дар мавриди аз хукуки падарию модари махрум кардани яке аз волидайн хам, кудакро, агар манфиати у талаб кунад, ба парастории органхои васоят ва парастори додан мумкин аст.
Падару модаре, ки аз хукуки падарию модари махрум карда шудаанд, аз тамоми хукукхое, ки ба падару модари кудак будани онхо асос меёбанд, аз чумла аз хукуки дар оянда аз вай гирифтани нафака махрум карда мешаванд. Вале волидайни аз хукуки падарию модари махрумгардида аз ухдадории таъмини кудак озод намешаванд. Суд дар бораи аз хукуки падарию модари махрум кардани волидайн карор бароварда, дар айни замон масъалаи ба фоидаи бачахои хам дар ихтиёри яке аз онхо монда, хам ба тарбияи васи (парастор) ё ба муассисаи бачагона додашуда руёнидани алиментро хал мекунад. Шахрвандонеро, ки аз хукуки падарию модари махрум карда шудаанд, аз хонаи пештараи истикоматиашон бе додани хона кучондан мумкин аст (зиндагии онхо бо бачахо гайриимкон дониста мешавад).
Органхои васоят ва парастори бо хохиши падар ё модаре, ки аз хукуки падарию модари махрум карда шудааст, барои вохурдан бо кудак ичозат дода метавонанд, ба шарте ки ин вохурии онхо ба кудак таъсири бад нарасонад.
Суд хукуки падарию модариро мувофики аризаи падару модари аз хукуки падарию модари махрумшуда ё прокурор факат дар сурате аз нав баркарор карда метавонад, ки агар инро манфиати кудак талаб кунад. Агар кудакро дигар шахсон ба фарзанди кабул карда бошанд, хукуки падарию модари аз нав баркарор карда намешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …