Главная / Гуногун / МАХОРАТИ ЖУРНАЛИСТИ

МАХОРАТИ ЖУРНАЛИСТИ

Донишгоњи миллии Точикистон Факултети журналистика Кафедраи телевизион ва радиошунавонї

Барномаи таълимии фанни
“МАХОРАТИ ЖУРНАЛИСТИ”
(дар мавзуи «БАРНОМАСОЗИ ДАР ТЕЛЕВИЗИОН»)
(барои донишчуёни гуруњи телевизион ва радиошунавони)

Душанбе – 2020

Барномаи таълимии фанни
“МАХОРАТИ ЖУРНАЛИСТИ”
(дар мавзуи «БАРНОМАСОЗИ ДАР ТЕЛЕВИЗИОН»)
(барои донишчуёни гуруњи телевизион ва радиошунавони)

Барнома дар кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистика мураттаб гардидааст.

Мураттиб:
САФАРОВА Мохира Амиралиевна, номзади илмхои филология

Мукарризон:
АЗИМОВ А.Х, доктори илмхои филология, профессор
ХАЙДАРОВ С.Б. номзади илмхои филология, дотсент

Муњаррир:
ХАМИДИЁН И. номзади илмхои филология, дотсент

Барномаи таълими барои курси махсус (дар мавзуи «Барномасози дар телевизион»), – Душанбе, 2020,……..сањ.

Барномаи таълими барои донишчуёни ихтисосхои гуногуни факултети журналистикаи ДМТ, махсусан, гурухи телевизон, хамчунин барои шуъбахо ва гуруххои ихтисосхои журналистикаи мактабхои олии чумхури пешбинишудааст.

Шурои илмию методии Донишгоњи миллии Точикистон, протоколи №….. аз …. соли 2020 ба чоп тавсия намудааст.

МУКАДДИМА
Барномаи таълимии фанни “Махорати журналисти” (дар мавзуи “Барномасози дар телевизион”) барои донишчуёни ихтисоси журналист, иттилоот ва робита, ки ба гурухи телевизион шомиланд, зарури ва хатми мебошад, зеро курси номбурда донишчуёнро пурра ба кори амали чалб мекунад. Дар курси мазкур нозукихои кори телевизион, масъулияти ахли гурух дар тахияи барномаи телевизиони ба донишчуён омузонида мешавад.
Барнома бо назардошти ташаккули махорати касбии донишчуён ва инкишоф додани малакаи кори амали дар телевизион тахия гардида, журналистшавандагонро ба кори гурухи омода месозад. Дар раванди курс ба донишчу масъулияти тамоми аъзоёни гурух дар тахияи барнома фахмонида мешавад. Хамчунин, донистани сохтори идории телевизион ва сохтори дохилии идораи эчоди ва самти мавзую мундаричаи идорахо бо максади мушаххас кардани сурогаи идеяи барнома барои донишчуён шарт ва зарур аст.
Курси мазкур барои донишчуёни курсхои сеюм ва чорум, ки аллакай назарияи журналистика ва асосхои фаъолияти телевизионро омухтаанд, пешбини гардидааст, зеро курси мазкур пурра чанбаи амали дорад.
Имруз журналист танхо барандаи барнома ва ё нависандаи матн набуда, балки масъулияти у фаротар рафтааст. Дар чое журналист коргардони мекунад, дар чое продюсери ва дар чое уро мебояд, то танзимгар бошад. Дар сурати доштани ин хунархо ва дарк кардани масъулияти бар душдошта журналист метавонад дар бозори мехнат харидори бештар пайдо кунад.
1. Мазмун ва мундаричаи мухтасари фан
Дарси “Махорати журналисти” (Барномасози дар телевизион) барои донишчуёни ихтисоси журналистика, иттилоот ва робита, ки ба гурухи телевизион шомиланд, фанни заррури мебошад. Он донишчуёнро бо сохтори дохилии телевизион ошно намуда, зарурати хамкории журналистро бо ахли гурух дар сохтани барнома шарх медихад. Тавассути курси мазкур донишчу дар бораи тамоми нозукихои кори телевизион маълумот гирифта, бо кори амалии телевизион шинос мегардад. Дарси мазкур бештар чанбаи амали дорад ва аз студияи таълимии телевизион васеъ истифода карда мешавад. Дар раванди дарс донишчуён вазифахои мушаххас гирифта, дар дарсхои амали бевосита ба навиштани сенария, наворгири, танзими навор машгул мешаванд ва хамчунин, дар хафтаи 14-15-ум барномаи мукаммали телевизиони, тахия мекунанд.
2. Максади омузиши курс:
– водор намудани донишчуён ба дарёфт ва коркарди мавзуъ ва идеяи барномаи тамошобоб;
 шинохт ва интихоби дурусти мусохиб барои барномахои гуногунмавзуъ;
 навиштани матни телевизиони;
 шинохти аудиторияи худ;
 чалбсозии сарпарастон ба барнома;
 сарчамъона кор карда тавонистан дар гурух;
 тахрири матн;
 тахияи барномаи муаллифи;
 муаррифии барномаи худ.
3. Вазифахои курс:
 шинос кардани донишчуён бо сохтори дохилии телевизион;
 маълумот додан дар бораи ахли гурухи эчодии телевизион;
 фахмонидани вазифаи инфиродии кормандон хангоми тахияи барномаи телевизиони;
 ба донишчуён фахмонидани мавкеи журналист дар вазифахои гуногун;
 нишон додани роххои чолибсозии барнома ва серхаридор намудани онхо;
 ба дарки донишчуён расонидани мавкеи журналисти универсали.

Мундаричаи фан

Мавзуи 1. Мавкеи телевизион дар низоми ВАО
Мафхуми телевизион. Аз таърихи ташаккули телевизион дар Точикистон. Фаъолияти телевизионхо дар замони имруз. Мавкеи телевизион дар системаи ВАО. Андешаи мухаккикон дар бораи ТВ. Махсусияти телевизион хамчун ВАО. Телевизион дастгохи таргиботиву идеологи. Ракобати телевизион ва интернет. Имконоти интернет ва телевизион. Устувории телевизион дар ракобатхои иттилооти. Иттилои мугризона дар ВАО. Телевизиони хирфаи. Фарохамии имконоти интеренет ба ТВ. Сомонахои расмии телевизионхои Точикистон. Таъсири телевизион ба чомеа.

Адабиёт:
1. Сафарова М.А. Таъсири телевизион ба афкори умум. – Душанбе, 2018. – 172с
2. Саъдуллоев А. Начвои начотофарин. Мачмуаи маколахо. – Душанбе, 2008. – 112с.
3. Саъдуллоев А., Шоев М. Асосњои журналистикаи телевизион. – Душанбе: Эчод. 2010. – 112с.
4. Пронена Е.Е. Психология журналистского творчество. –М., 2006. -365 с.
5. Кузнецов Г.В.; Цвик В.А.; Юровский А.Я. Телевизионная журналистика. -М., 2002. -304с.
6. Ильченко С. Телевидение в эпоху интернета. – СПб., 2005. – 106с.
7. Мукимов Ч. Сиёсат ва чанги иттилооти. – Душанбе, 2006. – 71с.

Савол:
1. Мавкеи телевизион дар фазои иттилоотии имруз чи гуна аст?
2. Интернет ба телевизион чи имконоте додааст?
3. Чи робитае миёни маводи мултимеди ва маводи телевизиони хаст?

Супориш:
1. Дар бораи яке аз телевизионхои сартосарии давлати маълумоти пурра дихед.

Мавзуи 2. Сохтори идории телевизион
Маълумот дар бораи Кумитаи телевизион ва радиои назди Хукумати ЧТ. Сохторхои кумита. Зерсохторхои Кумитаи телевизион ва радиошунавони. Телевизион ва сохтори он. Телевизиони Точикистон дар солхои аввали таъсис. Сохтори телевизион дар замони имруз. Сохтори шабакахои телевизионии Точикистон. Мавзуъ ва мундаричаи барномахои телевизионхои сохави. Шуъбахои техники ва эчодии телевизион. Масъулият ва ухдадорихои гуруххо ва шуъбахо. Хамкори миёни шуъбахо. Мудирият. Идорахои эчоди. Хайати техники. Тафовути идорахо. Умумият дар кори идорахо.

Адабиёт
1. Абдусалом Р. Телевизион оинаи зиндагист. – Душанбе, 2002. – 144с.
2. Хочазод С. Таърихи телевизиони Точикистон. – Душанбе:Шучоиён, 2007. – 288с.
3. Эшматов З.Таъсис ва ташаккули телевизиони Точикистон. –Душанбе, 2016. – 130с
4. Кузнецов Г.В.; Цвик В.А.; Юровский А.Я. Телевизионная журналистика. -М., 2002. -304с.

Савол:
1. Телевизиони Точикистон кадом сол таъсис ёфтааст?
2. Вазифахои идорахои техникиву эчодии телевизионро шарх дихед.

Супориш:
1. Руйхати рохбарияти шабакахои сартосарии телевизиони Точикистонро тартиб дихед.
2. Мавзуъ ва мундаричаи силсилабарномахои телевизиониро шарх дихед (интихоби телевизион ихтиёри аст).

Мавзуи 3. Сохтори дохилии идораи эчодии телевизион
Хайати гурухи эчоди. Вазифаи инфиродии гурух. Масъулияти сармухаррир. Мухаррири варзида. Мухаррир. Мухаррири хурд. Муаллифи барномахо. Самти фаъолитяи идорахои эчоди. Раванди кор дар гурухи эчоди. Нозукихои кори эчодии телевизион.

Адабиёт
1. Кудус Ч. Асосхои журналистикаи телевизион. – Душанбе, 2008. – ….
2. Эшматов З.Таъсис ва ташаккули телевизиони Точикистон. –Душанбе, 2016. – 130с
3. Джураев А.Телевидение. – Душанбе, 1979 – 88с.
4. Хочазод С. Таърихи телевизиони Точикистон. – Душанбе, 2007. – 288с.
5. Гаймакова Б. Д., Макарова С. К., Новикова В. И. Мастерство эфирного выступления: Учеб. пособие. – М., 2004. – 283с.

Савол:
1. Хайати гурухи эчодиро дар телевизион кихо ташкил мекунанд?
2. Ки метавонад муаллифи барнома бошад?

Супориш:
1. Пешниходи маълумот дар бораи яке аз идорахои эчодии телевизион (аз дилхох телевизион)

Мавзуи 4. Барномасози дар телевизион
Намоиш дар телевизион. Барномаи телевизиони. Навъхои барномаи телевизиони. Барномаи телевизиони дар колаби жанрхои муайян. Кадамхои аввалин дар тахияи барнома. Дарёфти мавзуъ барои барнома. Накшаи барнома. Шакли пешниходи он. Дурнамои барнома. Сурогаи мувофик барои пешниходи барнома. Мувофика бо рохбарият. Дархост барои сабти барнома. Муайян намудани ахли гурух. Сарпарасти барнома – муваффакияти муаллиф. Вазифаи гурухи эчоди дар тахияи барнома. Хамкории ахли эчод бо кормандони техники. Барномасози-кори гурухи.

Адабиёт
1. Давронов Д., Рахмонова Ч.Чахони муосир: мавкеи симо ва садо. – Душанбе, 2012. – 156с.
2. Умарова Г. Бекзод Х. Ток-шоу дар телевизиони Точикистон. Душанбе, 2009. – 250с.
3. Сафарова М.А. Сафарова М.А. Таъсири телевизион ба афкори умум. – Душанбе, 2018. – 172с
4. Свик В. Телевизионная журналистика: история, теория, практика. – М., 2004. 382с.
5. Колесниченко А. Практическая журналистика. – М., 2010. – 192с.

Савол:
1. Барномасози дар телевизион аз чи огоз мегардад?
2. Накшаи барнома барои чи лозим аст?

Супориш:
1. Тахлили мавзуи ва мундаричавии яке аз барномахои телевизиони (аз дилхох телевизион).

Мавзуи 5. Журналист ва аудитория
Шархи мафхуми аудитория. Аз таърихи мафхуми аудитория. Аудиторияи ВАО. Аудиторияи телевизион. Талаботи аудиторияи телевизион. Гурухбандии аудитория. Аудиторияи максаднок. Аудиторияи тасодуфи. Аудиторияи муваккати. Шинохти аудиторияи худ. Шинохти ичтимоиву демографии аудитория. Портрети аудитория. Дарки шавку рагбати аудиторя. Дарёфти аудиторияи доими. Робита бо аудитория. Воситахои таъсиррасони ба аудитория. Барномасози бо хохиши аудитория. Савол аз номи аудитория ва чавоб дар барнома.

Адабиёт
1. Муродов М. Сотсиологияи журналистика (воситаи таълими). – Душанбе: Истеъдод, 2016. – 208 с.
2. Сафарова М.А. Таъсири телевизион ба афкори умум. – Душанбе, 2018. – 172с.
3. Азимов А. Мањорати журналистии тањлилгари телевизион. – Душанбе: Шарки озод, 2013. – 88 с.
4. Поберезникова Е. Телевидение взоимодействия: Интерактивное поле общения. – М., 2004. – 224с.

Савол:
1. Чи гуна аудиторияи максаднокро муайян кардан мумкин аст?
2. Муайян кардани портрети аудитория ба журналист чи лозим аст?

Супориш:
1. Дарёфти идеяи барнома ва сохтани портрети аудиторияи он.

Мавзуи 6. Матни телевизиони
Матни публитсисти. Махсусияти матн дар намудхои гуногуни ВАО. Матн дар навъхои электронии ахбор. Махсусияти матни телевизиони. Нозукихо ва мушкилоти матни телевизиони. Матн ва навор. Гузаштан аз бахри матни нолозим. Тахрири дурусти матн. Назари мухаккикон дар мавриди матни телевизиони. Драматургия дар матн. Равониву соддаги дар матн. Мафхуми зиёд дар матни кутох. Умумияту тафовути матни телевизиони ва матбуоти. Матни радиои ва телевизиони. Матни хассос. Матни эътимоднок. Кахрамонсози дар матн.

Адабиёт
1. Ким М.Н. Технология создания журналистского произведения. – СПб, 2002. – 103с.
2. Муродов М. Асосхои эчоди журналисти. – Душанбе, 2014. – 325с.
3. Лазутина Г.В. Основы творческой деятельности журналистики. – М., 2000.-
4. Гулов С. Амвочи сухан. – Душанбе, 2006
5. Кайда Л. Г. Эффективност публицистического текста. – М., 1984.
6. Корконосенко С.Г., Кашкарова Н.В. Журналист опрашвает аудиторию // Журналист и информация: учеб.пособие. – СПб, 1994

Савол:
1. Матни матбуот ва радиоро дар телевизион истифода бурда метавонем?
2. Махсусияти матни телевизиони дар чист?

Супориш:
1. Навиштани матни телевизиони
2. Табдили матни гузориши матбуоти ба гузориши телевизиони.

Мавзуи 7. Сенарияи телевизиони
Аз таърихи сенария. Колаби сенария. Накшаи сенария. Баёни максад ва зикри далел, махал, санаду хуччатхо дар сенария. Сенарияи телевизиони. Сенария барои барномахои гуногун. Сенария дар шоу-барнома. Зарурати сенария барои журналист. Масъулияти гурух дар амалисозии сенария. Услуб ва нигохи журналист дар сенария. Маводи тасвиршаванда дар сенария. Тахаввулот дар сенария хангоми сабт. Намоиш ва барномахои бидуни сенария. Истифодаи сенария дар барномахои имрузаи телевизиони. Муаллифи сенария. Хамкории муаллифи сенария бо дигар аъзои гурух.

Адабиёт
1. Саъдуллоев С., Шоев М. Асосхои журналистикаи телевизион. Бахши дуввум бо тагйиру иловахо. – Душанбе, 2010. – 112с.
2. Давронов Д., Рахмонова Ч. Чахони муосир:мавкеи симо ва садо. – Душанбе, 2012. – 156с.
3. Кудус Ч.Жанрхои журналистикаи телевизион. – Душанбе, 2003. – 47с.
4. Вартанов А. С. На телевизионных подмостах. Актуальные проблемы телевизионного творчество. – М., 2003. – 320с.
5. Муъминчонов З. Жанрхои хабарии журналистикаи телевизион. – Душанбе, 2011. – 66с.

Савол:
1. Сенария барои чи лозим аст?
2. Дар кадом холат журналист бидуни сенария амал мекунад?

Супориш:
1. Тартиб додани накшаи лоихаи барномаи телевизиони
2. Навиштани сенарияи телевизиони дар жанр ва мавзуи дилхох

Мавзуи 8. Мусохиби хуб – муваффакияти журналист
Мусохиба – жанри серистифодатарин дар ВАО. Махсусияти жанри мусохиба. Хадафи мусохиба. Мусохиба усули чамъоварии мавод. Омодаги журналист ба мусохиба. Сухбати кабл аз мусохиба. Шинохти мусохиб. Дарёфти коршинос. Тартиби саволи мувофик бо мавзуъ. Одоби муошират. Эхтироми мусохиб. Бурриши сухани мусохиб. Фазои мувофик барои мусохиба. Омодасозии мусохиб ба мусохиба. Усулхои гирифтани чавоби дилхох. Махорати сухбаторои.

Адабиёт
1. Муким Ч. Мусохиба ва техникаи тахияи он. – Душанбе: Озар,2013. – 160с.
2. Сафарова М. Таъсири телевизион ба афкори омма. Душанбе, 2019. -172с.
3. Усмонов И. Жанрхои публитстика, 2009. – 139с.
4. Беленовский С.А. Глубокое интервью. – М., 2001
5. Мельник Г. Общения в журналистике. -СПб., 2008. -217с.
6. Лукина М. Технология интервью. – М.: Аспект Пресс, 2005. – 192 с.

Савол:
1. Чаро мусохиба жанри серистифодатарин дар телевизион ба хисоб меравад?
2. Шартхои асоси барои ташкили мусохибаи телевизиони.

Супориш:
1. Дар атрофи мавзуи мушаххас тартиб додани саволхо ва сабти мусохибаи телевизиони дар СТТ.

Мавзуи 9. Вазифаи мухаррир дар телевизион
Вазифаи мухаррир. Масъулияти мухаррири барномахои телевизиони. Хамкории мухаррир бо коргардон. Мухаррир ва муаллиф. Мухаррир – муаллиф. Журналист – мухаррир. Сарчамъии гурух ва таксимоти вазифахо. Калами хуб – хусусияти мухаррир. Мухаррири барномахои иттилооти. Мухаррир бештар паси кадр. Интихоби баранда дар барнома. Мухаррир дар матбуот, радио ва телевизион.

Адабиёт
1. Колесниченко А. Практическая журналистика. – М.,2010. – 192с.
2. Сергеев Д. Они в эфире: Как делается телевидения. – М., 2008. – 318с.
3. Гаймакова Б. Д., Макарова С. К., Новикова В. И. Мастерство эфирного выступления: Учеб. пособие. – М., 2004. – 283с.

Савол:
1. Вазифаи мухаррир аз чи иборат аст?
2. Мухаррир метавонад муаллифи барнома бошад?

Супориш:
1. Изхори андеша дар мавриди барномаи телевизионии тамошокарда (тахрири барнома)

Мавзуи 10. Журналист, шоумен, модератор, сухбаторо…
Журналист кист? Журналист дар вазифахои гуногун. Барандаи шоу-барнома. Хислатхои хоси шоумен. Истеъдоди фитрии шоумен. Шоумени хуб –муаррифгари барнома. Имиджи барнома. Модератор. Мавкеи модератор. Модератор дар барномахои телевизиони Точикистон. Журналист-сухбаторо. Сухбаторои чехракушо. Махорати саволгузори. Хазми мавзуъ аз чониби журналисти сухбаторо.

Адабиёт
1. Абдуллобек Г., Бекзод Х. Ток-шоу дар телевизиони Точикистон. – Душанбе, 2009. – 250с.
2. Кузнетсов Г. В., Свик В. Л., Юровский А.Я.. Телевизионная журналистика, 2002. – 222с.
3. Саъдуллоев А., Шоев М. Асосњои журналистикаи телевизион. – Душанбе: Эчод, 2005. – 112с.
4. Трятьяков В. Как стать знаменитым журналистом. –М., 2004.
5. Нуралиев А. Асосњои њукукии журналистика. – Душанбе: Деваштич, 2005. – 203 с.
6. Моисеев В. Журнатистика и журналисты. -Киев, 2002. – 402с.
7. Камолиддинов Б. Сухан гуфтию дурр суфтї, ё ру ба ру бо микрофон. – Душанбе, 2007. – 72 с.

Савол:
1. Хислатхои асосии шоумен?
2. Модератор кадом хислатхоро дорад?
3. Барои сухбаторо чи аз хама мухим аст?

Супориш:
1. Номнавис намудани шоумен ва мусохибу модераторони телевизиони (интихоби телевизион озод аст).
2. Тартиб додани савол барои мусохибаи портрети.

Мавзуи 11. Продюсери дар телевизион
Продюсер шахси эчодкор. Мутахассиси камёфт. Масъулияти тичоратии продюсер. Амалисозии идеяхо. Лоихахои калони телевизиони. Мавкеи продюсер дар телевизион. Сарчамъкунии гурухи эчоди. Сахми продюсер дар ба вучуд омадани барномахои тамошобоб. Фаъолияти продюсери дар телевизиони Точикистон. Чалби сарпарастон ба барнома.

Адабиёт
1. Кодири С. Режиссураи телевизион, кино ва радио. – Душанбе, 2011.
2. Кузнецов Г.В.; Цвик В.А.; Юровский А.Я. Телевизионная журналистика. -М., 2002. -304с.
3. Гулов, С., Чумъаев М. Мукаддимаи журналистика. – Душанбе 2016. – 174 с.
4. Гуревич С. Экономика средств массовой информации. – М. , 1999. – 288с.

Савол:
1. Продюсер дар тахияи барномаи телевизиони чи накш дорад?
2. Продюсер ба корхои эчоди дахолат карда метавонад?

Супориш:
1. Мавкеи продюсер дар барномахои телевизиони Точикистон муайян кунед.

Мавзуи 12. Коргардони барномахои телевизиони
Коргардони кино ва телевизион. Хамкории журналист бо коргардон. Мавкеи коргардон дар гурухи эчоди. Коргардон-муаллифи сенария. Коргардон – муаллифи идея. Сахми коргардон дар тахияи намоишхои калони фархангиву фарогати. Коргардон – созандаи чехраи журналист. Муайянкунандаи имиджи баранда ва телевизион. Муаррифгари махорату хунари эчодкорон.

Адабиёт
1. Кодири С. Режиссураи телевизион, кино ва радио. – Душанбе, 2011.
2. Кузнетсов Г. В., Свик В. Л., Юровский А.Я.. Телевизионная журналистика, 2002. – 222с.
3. Давронов Д. Чахони муосир: мавкеи садо ва симо. –Душанбе, 2007. -96 с.
4. Саъдуллоев А. Техника и технология средств массовой информации. – Душанбе. – 2009. – 234

Савол:
1. Вазифаи коргардон аз чи иборат аст?
2. Коргардони кино аз коргардони телевизион чи фарк дорад?

Супориш:
1. Муайян намудани мавзуи мувофик ва ба навор гирифтани Стенд-ап

Мавзуи 13. Хамкории журналист бо наворбардор
Аз идея то тасвир. Хамкории журналист бо наворбардор. Наворбардор-аъзои гурухи эчоди. Наворбардор-коргардон. Наворбардор – муаллиф. Тачрибаандузии наворбардор. Наворбардори ботачриба. Хамкории мунтазами наворбардор бо баранда. Сенария ва наворбардор. Инъикосгари табиат. Навори гуё. Масъулияти муаллиф хангоми сабти навор.

Адабиёт
1. Кузнетсов Г. Так работают журналисты ТВ. – М., 2000. – 224с.
2. Муратов С.А. Телевизионное общение: в кадре и за кадром. – М. Аспект-пресс, 2003. – С.
3. Юровский А., Борецкий, Р. Основы телевизионной журналистики. – МГУ, 1989.
4. Колесниченко А. Практическая журналистика. – М., 2010. – 192с.

Савол:
1. Наворбардор метавонад коргардонро иваз кунад?
2. Хакории журналист бо наворбардор чи гуна бояд бошад?

Супориш:
1. Бо истифодаи телефонхои мобили сабт ва танзим намудани лавхаи телевизиони.

Мавзуи 14. Кормандони пасипардаги
Аъзои гурух дар тахияи барномаи телевизиони. Кормандони пасипардагии телевизион. Захмати пасипардаги. Нозукихои кори пасипардаги. Коргардони овоз. Санчиши садо. Садои зинда ва пурракунанда (интершум) дар барномахо. Пардозгар дар телевизион. Ороиши чехра дар телевизион. Асосхои техникии ороиши (грим)-и телевизиони. Вазифаи рассом. Ороиши студияи телевизиони. Равшанидиханда дар студия ва берун аз он. Баланси рушнои дар навор. Рушноии табии ва сунъи. Ёвари коргардон ва дигар ёрдамчихо хангоми сабт.

Адабиёт
1. Ефимова Н. Звук в эфире. – М., 2005. – 142с.
2. Кузнецов Г.В., Цвик В.А, Юровский А.Я. Телевизионная журналистика. -М., 2002. -304с.
3. Кузнецов Г.В. ТВ-Журналистика: Критерии профессионализма. -М., 2003. -220с.
4. Юровский, А., Борецкий, Р. Основы телевизионной журналистики. – МГУ, 1989.
5. Сергеев Д. Они в эфире: Как делается телевидения. – М., 2008. – 318с.

Савол:
1. Вазифаи рассом ва пардозгар аз чи иборат аст?
2. Дар тахияи барномахои телевизионии шабакахои давлати чойи кадом мутахассисон холи аст?

Супориш:
1. Интихоби яке аз барномахои сербинандатарин (аз дилхох шабакаи телевизиони) ва бахо додан ба хирфаияти кори ахли гурух.

Мавзуъхо барои машгулиятхои амали
(24 соат)

Р/т Номи мавзуъ Микдори соа Эзох
1. Дарёфти мавзуъ барои барномаи муаллифи 2 соат
2. Тартиби накшаи сенария 2 соат
3. Навиштани сенарияи барномаи телевизиони 2 соат
4. Маълум кардани вазифаи ахли гурух дар тахияи барнома 2 соат мухокима
5. Муайян намудани коршиносон ва мусохибони дигар 2 соат мукокима
6. Стенд-апи донишчуён 2 соат
7. Интихоби баранда, шоумен, сухбаторо
8. Омодаги барои сабти барнома 2 соат СТТ
9. Сабти барнома дар студияи таълими 4 соат СТТ
10. Мухокимаи барномаи сабтшуда 2 соат
11. Танзими барномаи сабтшуда 2 соат СТТ
12. Тамошо ва мухокимаи барномаи омодашуда 2 соат

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …