Главная / Чамъият / МАХДУД НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ МАХСУЛОТИ ТАМОКУ

МАХДУД НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ МАХСУЛОТИ ТАМОКУ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ Точикистон

ДАР БОРАИ МАХДУД НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ МАХСУЛОТИ ТАМОКУ

( Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с.2010, №12, к.1, мод.811, КЧТ аз 19.03.2013с.№949)

Конуни мазкур асосхои хукукии махдуд намудани истифодаи махсулоти тамокуро бо максади пешгирии беморихо ва хифзи саломатии ахоли муайян менамояд.( Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с.2010, №12, к.1, мод.811, КЧТ аз 19.03.2013с.№949)  

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

non-smoking

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

– махсулоти тамоку – махсулотест барои кашидан, хоидан ё буй кардан, ки дар зарфи истеъмоли ва ё дар бастахои махсус чойгир карда шудааст, аз чумла сигаретаи бо дудполо (бо филтр), сигаретаи бе дудполо (бе филтр), папиросхо, сигарахо, чилимтамоку, нос;

– кашидани тамоку – нафаскашии дуди махсулоти сузандаи тамоку, хоидан ё буй кардани он, кашидани нос;

– никотин – моддаи захрноке, ки дар таркиби тамоку мебошад;

– катрон – махсулоти захрноки сузандаи тамоку, ки хангоми сухтани он хосил шуда, боиси пайдошавии бемори мегардад. 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон  дар бораи махдуд намудани истифодаи махсулоти тамоку  

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи махдуд намудани истифодаи махсулоти тамоку ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукуки ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  

Моддаи 3. Ичозатномадихи ба фаъолият оид ба истехсол, воридот содирот, фуруши яклухтва чаканаи  махсулоти тамоку(КЧТ аз 19.03.2013с. №949)

Фаъолият оид ба истехсол, воридот ва содироти махсулоти тамоку мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият» амали карда мешавад. 

Моддаи 4. Танзими фаъолият оид ба истехсол, воридот, содирот, фуруши яклухт ва чаканаи махсулоти тамоку

 

  1. Истехсол, воридот, содирот, фуруши яклухт ва чаканаи махсулоти тамокуе, ки дар таркиби он никотин ва катрон аз меъёрхои гигиении  тасдикнамудаи макомоти ваколатдори давлати дар сохаи тандурусти зиёд мебошанд, манъ аст. Нишондихандахои таркибии моддахои зараровар аз меъёрхои зерин зиёд буда наметавонанд:

– барои сигаретахои бо дудполо (бо филтр) – дар таркиби дуди онхо 14 миллиграмм катрон ва 1,2 миллиграмм никотин ба як сигарета;

– барои сигаретахои бе дудполо (бе филтр) – дар таркиби онхо 16 миллиграмм катрон ва  1,3 миллиграмм никотин ба як сигарета.

  1. Бастаи махсулоти тамоку (барои сигаретахо) бояд дорои навиштачоти огохкунандаи асоси ва иловаги оид ба зарари кашидани тамоку ва навиштачоти иттилооти оид ба меъёри катрон ва никотин дар он бошад.
  2. Навиштачоти огохкунандаи асоси ва иловаги оид ба зарари кашидани тамоку дар бастаи махсулоти он тибки талаботи Регламенти техники чой дода мешавад.
  3. Истехсолкунандаи махсулоти тамоку бояд аз номгуи тасдикнамудаи макомоти ваколатдори давлати дар сохаи тандурусти чор намуди навиштачоти иловагиро оид ба зарари кашидани тамоку интихоб намояд. Намудхои интихобгардидаи навиштачоти иловаги оид ба зарари кашидани тамоку бояд дар тарафхои пахлуии бастахои махсулоти тамоку чойгир карда шаванд.
  4. Дар яке аз тарафхои пахлуии бастаи сигаретахо мутобики стандартхои давлати бояд навиштачоти иттилооти оид ба мавчуд будани никотин ва катрон дар таркиби онхо низ чойгир карда шавад. Навиштачоти мазкур бояд на кам аз чор фоизи масохати тарафи пахлуии бастаи махсулоти тамокуро ишгол намояд.
  5. Ба навиштачот дар бастаи махсулоти тамоку талаботи зерин пешниход карда мешавад:

– навиштачот бояд дакик ва хоно бошад;

– навиштачот бояд тавре чойгир шуда бошад, ки хангоми кушодани бастаи махсулоти тамоку матни он пурра боки монад;

– навиштачот бояд дар кисми берунии баста ба таври аён чоп ва баста бо пардаи шаффоф борпеч карда шавад.

 

Моддаи 5. Манъи фуруши сигарета, сигара, папирос ва дигар махсулоти тамоку

 

  1. Фуруши сигарета, сигара, папирос ва дигар махсулоти тамоку дар худуд ва назди муассисахои тандурусти, фарханги, дини, варзиши ва таълими, инчунин дар масофаи на камтар аз сад метр аз сархади худуди муассисахои таълими манъ аст.
  2. Дар худуди Чумхурии Точикистон фуруши махсулоти тамоку ба ноболигон манъ аст.
  3. Фуруши сигарета, сигара, папирос ва ё дигар махсулоти тамоку бо истифода аз тачхизоти автомати манъ аст.
  4. Дар худуди Чумхурии Точикистон машгул шудани ноболигон ба фуруши махсулоти тамоку манъ аст.
  5. Тартиби фуруши махсулоти тамоку тибки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад. (КЧТ аз 19.03.2013с. №949)

Моддаи 6. Рекламаи тамоку ва махсулоти тамоку

 

Рекламаи тамоку ва махсулоти тамоку мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи реклама» ба танзим дароварда мешавад.

 

Моддаи 7. Манъи кашидани тамоку дар дохили бинохои маъмури

 

  1. Кашидани тамоку дар дохили бинохои маъмури,  хучрахои кории  ташкилотхои давлати ва гайридавлати,   муассисахои тандурусти, фарханги, дини, варзиши, таълими, истирохатгоххо,  толорхое,  ки  дар онхо  чорабинихои чамъияти ва  истирохатию фарогати гузаронида мешаванд, толорхои фурудгоххо, вокзалхои рохи охан ва наклиёти автомобили, инчунин дар дохили  наклиёти  чамъияти, ба истиснои чойхои махсуси барои он чудокардашуда, манъ аст.
  2. Корфармо ё маъмурияти ин ташкилотхо ухдадоранд барои кашидани тамоку чойхои махсус муайян намоянд.

 

Моддаи 8. Таргибу ташвик  оид ба зарари кашидани тамоку

 

  1. Макомоти ваколатдори давлати дар сохаи тандурусти, фарханг, дин, варзиш ва маориф ухдадоранд, тавассути воситахои ахбори омма мунтазам таргибу ташвикотро оид ба зарари кашидани махсулоти тамоку амали намоянд.
  2. Бо максади амали намудани  мукаррароти Конуни мазкур  дар барномахои  таълими оид ба таъсири манфии истифодаи тамоку ба саломатии инсон бояд мавзуъхои дахлдор пешбини карда шаванд.

 

Моддаи 9. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукукие, ки талаботи Конуни мазкурро вайрон мекунанд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 10. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур аз 1 январи соли 2011 мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                    Эмомали Рахмон

ш. Душанбе,

29 декабри соли 2010

№649

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …