Главная / Илм / МАХБАЛ

МАХБАЛ

mahbalМАХБАЛ (Vagina), узви таносули дохилии зан, ки дар кори мубошарат ва бордоршави иштирок мекунад. М. як кисми рохи таваллуд аст.
М.-и зан найчаи мушакхояш чандир (дарозиаш 7 – 9, диаметраш 2 – 3 см) мебошад. Он дар коси хурд байни рохи пешобгузар ва масона (пешобдон) аз пеш, хамчунин рудаи рост аз пушт чой гирифтааст. Интихои М. гарданаи бачадонро фаро мегирад; ибтидои он дар назди даромадгохи фарч чой дорад (дар духтарон бо пардаи бакорат хамхудуд мебошад). Байни деворахои М. ва кисми махбалии гарданаи бачадон фурурафтагие мавчуд аст – равокхои пеш, кафо (нисбатан чукуртар аст) ва пахлуи. М. аз хар чониб бо насчи наздимахбали ихота шудааст. Он тавассути артерияхои бачадон, таносулии дохили ва масона бо хун таъмин мегардад. Венахои сершумор дар атрофи М. чигили венавиро ба вучуд меоранд, ки хун аз он ба венахои тихигохи дохили меравад. Иннерватсияи М. ба тавассути шохаи асабхои чигили фавки шикам, дохили кос ва хароммагзии чорбанд сурат мегирад.
Девораи М. аз се кабат иборат аст: луоби, мушаки ва бофтахои пайванди. Луобпарда бо эпителияи пахни серкабат фаро гирифта шудааст; эпителия мумкин аст шуга бандад, ки сабаби он синну сол, давраи хайз ва хомилаги мебошад. Дар синни таваллуд дар миёнаи давраи хайз эпителия нисбатан гафс мебошад; ин холат дар навзодон (бинобар таъсири гормонхои эстрогении модар) низ ба мушохида мерасад. Дар ин давра дар ситоплазмаи хучайрахои эпителия микдори бештарини гликоген мушохида мешавад. Луобпардаи М. гадуд надорад.
М. бинобар кашиш ёфтани мушакхои худ ва мушакхои каъри кос шакл, диаметр ва умкашро тагйир медихад. Дар вакти ангезиш ёфтани хисси шахвони М. пурхун ва луобнок гашта, дарозтар мешавад. Луобпарда плазмаи нутфаро чаббида мегирад. Дар давраи хомилаги бинобар гипертрофия ва гиперплазияи унсурхои мушакхо ва бофтахои пайванди М. васеъ ва дароз мешавад. Дар вакти зодан М. сахт меёзад, такр. баъди як хафтаи таваллуд андозаи М. хурд шудан мегирад, вале сурохи он нисбатан калон боки мемонад.
Дар сурохи М. 0,5 – 1,5 мл моеъ мавчуд аст, ки он усораи рагхои хунгард ва лимфави, гадудхои эндометрия ва луобпардаи рохи гарданаи бачадон мебошад. Дар он хучайрахои эпителияи махбал, бактерияхои гуногун, хамчунин кислотаи шир (барои худро тоза кардани М. мусоидат мекунад) мавчуд аст.
М.-ро ба воситаи ангушт, оинаи махсус, тахкикоти рентгени (вагинография), ултрасадои, колпоскопия ва г. муоина мекунанд.
Дар М. нокисихои гуногун, беморихо, осебхо, омосхо ва г. дучор меоянд. Бемории нисбатан маъмули М. колпит аст. Дар луобпардаи М. мумкин оташак (ниг. Сифилис) ба вучуд ояд. Ба М. трихомонадахо, вирусхо ва гонококкхо низ сироят мекунанд.
Ниг. низ Узвхои таносул, Фарч.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …