Главная / Илм / МАХАЛЛАИ НАЗОРАТИ ДУХТУР

МАХАЛЛАИ НАЗОРАТИ ДУХТУР

doktorМАХАЛЛАИ НАЗОРАТИ ДУХТУР, минтакаест бо микдори муайяни сокинон ё коргарону хизматчиёне, ки аз руи шарти истехсоли муттахид шудаанд ва ба он дар расондани ёрии тибби, андешидани тадбирхои пешгирии беморихо ва тадкики вазъи саломати духтури оилави вобаста карда шудааст.
Махаллахои шахрии табобати ба сокинони калонсол, махаллахои педиатри ба бачагон, сехи ба коргарону хизматчиёни корхонахои саноати, сохтмон ва наклиёт хизмат мерасонанд. Инчунин ёрии акушерию гинекологи ва фтизиатри ба ахолии шахр аз руи усули махаллави ташкил ёфтааст. Махаллаи тиббии дехот дорои беморхонаи махалла ё амбулатория буда, ба ахолии дехот ёрии тиббии амбулаторию поликлиники мерасонад. Дар он терапевти махалла, пунктхои фелдшерию акушери, инчунин дар корхонахои кишоварзи пункти тиббии фелдшери мавчуданд.
Усули махаллагии кори муассисахои табобатию профилактики шакли асосии ташкили ёрии тиббии берун аз беморхона аст. Ба духтур ва хамшираи тибби вобаста намудани шумораи доимии ахолии дорои касбу кор ва синну соли муайян имкон медихад, ки шароити мехнат ва зиндагии онхо хуб фахмида, корхои табобат ва чилавгирии беморихо мувофики накша ба амал бароварда шаванд, тарзи зиндагии солим таргиб гардад. Духтури оилави нафакат дар поликлиника ва хона ёрии тибби расонда назорати диспансери мебарад, балки якчоя бо маъмурияти муассиса ва корхона, ташкилотхои чамъияти пайваста аз паи бехтар гардондани шароити мехнат ва зиндагии коргарон мешавад.
Духтури оилави дар силсилаи ёрии табобатию пешгирии беморихо симои асоси буда, ба ахоли бештар наздик аст. Бехсозии кори духтурони оилави аз бисёр чихат ба фаъолияти ахоли, муносибати бошууронаи хар як шахс ба саломатии худ ва саломатии атрофиён вобастаги дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …