Главная / Илм / МАГЗИ САР

МАГЗИ САР

magzi-sarМАГЗИ САР (Encephalon), кисми пеши силсилаи асабхои маркази, ки дар чавфи косахонаи сар (чумчума) чой гирифтааст. Он аз нимкурахо, тана ва майнача иборат аст. Вазни М. с.-и одами калонсол 1200 – 1400 г мебошад. М.с.-и кудаки навзод ба хисоби миёна 350 г вазн дорад, ки хаштяк ё дахяки вазни умумии баданро ташкил мекунад (дар одами калонсол чиляк). Рушди М. с. дар 20-солаги ба охир мерасад; дар ин муддат вазни он 3,5 – 4 маротиба меафзояд, холо он ки вазни умумии бадан 20 маротиба зиёд мешавад. М. с. асосан аз хисоби миелиндор шудани торхои асаб (яъне ба пардаи миелини пушида шудани онхо ва гафс гардидани ин парда), инчунин аз хисоби афзудани андозахои хучайрахои асаб (дар вакти таваллуд М. с. зиёда аз 10 млрд хучайрахои асаб дорад) месабзад. Дар пири вазни М. с. мисли диг. узвхои бадан андак кам мешавад.
Танаи М. с. давоми хароммагз дар даруни косаи сар буда, сохташ чанд сифати хоси онро нигох медорад. Аз тана решачахои асабхои М.с. мебароянд. Дар танаи М. с. ба мисли шохахои акиб ва пеши моддаи хокистарранги хароммагз ядрохои мухассиси асабхои чумчумаву магз (сигналхоро аз даррокхои пусти руй, луобпардаи бини, дахон, балъум ва халкум кабул мекунанд), даррокхои бинои, зоика, шунавои ва мувозанат, инчунин ядрохои мухаррик (мушакхои руй, забон, балъум, халкумро бо торхои асаб таъмин месозанд) вучуд доранд. Дар танаи М. с. хам, чун дар хамроммагз, роххои нокили болорав ва поёнрав хастанд. Аммо сохт ва вазифахои танаи М. с. нисбат ба хароммагз мураккабтар мебошанд, зеро дар танаи М. с. ташкилахои асабие хастанд, ки амалиёти сегментхои хароммагзро назорат мекунанд ва онхоро ба як узви ичроия муттахид месозанд. Ба ин ташкилахо мансубанд: моддаи туршакл (ташкилаи мушаббак), ки ба амалиёти нафакат хароммагз, балки ба М. с., марказхои нафаскаши ва мухаррики рагхо низ таъсири калон мерасонад; марказхое, ки чунбишхои ахлонаи чашмхо ва сарро таъмин менамоянд; марказе, ки вазъи тана ва андомхои болою поёнро мувофикан ба вазъи сар танзим месозад; марказе, ки аксуламали ногахони ангезишхои садои ва рушноиро идора мекунанд ва г.
Дар танаи М. с. магзи дарозруя (мучовири хароммагз аст) пули магзи сар ва майнаи мобайни мавчуданд. Магзи дарозруя шомили ядрохои мухаррик, мухассис ва вегетативии асабхои забону балъум, асабхои гумроху иловаги ва зеризабони, инчунин роххои нокили поёнрав мебошад. Дар акиби магзи дарозруя, дар наздикии сурохи калони устухони пушти сар, марказхои хаётан мухими нафас ва мухаррики хунрагхо мавчуданд; иллати бахши мазкур мумкин аст боиси катъи нафас ва кори дил гардад. Дар пули М. с., ки дар байни магзхои дарозруяю мобайни вокеъ аст, ядрохои асабхои сетора, дурбар, руй, сомеа чойгир шудаанд. Роххои нокил дар пули М. с. на дар шакли сутунхои умуми, балки ба дастахои нозуки чудогона таксим шуда, аз фосилахои танги байни ядрохои худи пул убур мекунанд. Чунин чойгири барои ичрои яке аз мухимтарин вазифахои пули М. с. – таъмини мубодилаи ахбор дар байни системахои нокили мухталиф, ки ба тавассути аз як кабзаи нокил ба кабзи дигар (рохи асосиро сарфи назар карда) гузаштани асабхои пахлуи ба амал меояд, хеле мувофик аст. Ташкилаи турмонанди пул дар муовизаи ахбори байни роххои нокил роли мухим мебозад.
Пули М. с. аз тарафи пеш ба магзи мобайни табдил меёбад; пояхои М. с., ки аз худ роххои нокили асосии поёнравро мегузаронанд, инчунин лавхачаи сарпуш (чортеппа) низ мутааллик ба магзи мобайн мебошанд. Дар чортеппа ду талчаи болои (шомили ядрохои марказхои ибтидоии бинои мебошанд) ва ду талчаи поёни (дорои ядрохои маркази шунавоианд) чой гирифтаанд. Марказхои ибтидоии бинои ва шунавоии магзи мобайни нафакат китъахое мебошанд, ки ахборро ба марказхои олии дар кишри нимкурахои майна карордоштаи босира ва сомеа интикол медиханд, балки дар ташкили харакатхои беихтиёри чавоби ба таъсири ангезишхои ногахонии садои ё равшани (ба истилох «старт – рефлексхо») иштирок доранд. Дар мобайни чортеппа ва пояхои магз лавхачаи васатии майнаи мобайни карор дорад, ки шомили торхо ва ядрохои ташкилаи турмонанд, ядрохои мухаррик ва вегетативии асабхои мухаррики чашмхо, инчунин роххои нокили болорави хиссиёт мебошад. Бевосита дар болои пояхои магз моддаи сиёх ва ядрои сурх мавчуданд, ки дар тахияи автоматизмхои мухаррик ширкат доранд. Ташкилаи турмонанди магзи мобайни бо кисмхои амики нимкурахои магзи сар алокаи серчанба дорад ва баъзе вазифахои мухимро ба чо меорад, аз чумла дар танзими хоб ва бедори ширкат меварзад.
Дар акиби танаи М. с. магзча чой гирифтааст, ки магзи дарозруя ва пули М. с.-ро кариб тамоман рупуш мекунад. Магзча бо танаи М. с. ба воситаи се чуфт поя алокаманд аст: ба воситаи пояхои боло ва майнаи мобайни; ба тавассути пояхои миёна бо пули М. с.; ба воситаи пояхои поён бо магзи дарозруя. Пояхои магзча аслан роххои нокил буда, ахборро аз бахшхои асосии М. с. ва хароммагз ба магзча интикол медиханд ва баръакс, сигналхоро аз магзча ба хучайрахои мухаррик, ки мушакхои скелетиро бо асаб таъмин мекунад, мегузаронанд. Магзча мутобикати харакатхоро танзим менамояд; он аз кисми мобайни (кирмак), ки мутобикати харакатхои танро таъмин месозад ва ду нимкураи пахлуи, ки мутобикати харакатхои дасту пойхоро идора мекунад, иборат аст. Андаруни магзи кирмак ва нимкурахо ядрохои моддахои хокистарранг хастанд. Тамоми майнача бо кабати кишри моддаи хокистарранг, яъне кишри магзча рупуш шудааст. Кишри магзча вазифаи нихоят мураккабро ичро мекунад: дарки хабархои мухталиф дар бораи мавкеи бадан ва ачзои он дар фазо, таъмин намудани мувозанати муътадили бадан дар холати ороми ва хангоми харакат.
Магзи мобайни аз пеш ба кисми васати (диэнсефали)-и М. с. мегузарад, ки он дар миёначои ду нимкураи калони М. с. меистад. Магзи мобайни аз ду нимаи мутаносиб иборат аст, ки онхоро меъдачаи сеюми рогмонанд аз хамдигар чудо месозад. Дар ин нимахо чор гурухи калони ядрохои моддаи хокистарранг мавчуд аст: теппаи босира, минтакахои болотеппа, паситеппа ва зертеппа. Вазифахои ин ташкилахои ядрои гуногун мебошанд. Дар теппаи босира моддаи хокистарранги М.с. аз хама зиёдтар гирд омадааст. Дар ин чо хучайрахои асабе гун шудаанд, ки ахборро аз хамаи роххои нокили хассосият ва кисман аз бинои ва шунавои, шомма ва зоика кабул мекунанд. Дар теппаи босира ин сигналхо тахлилу мураттаб шуда, сипас ба кишри нимкурахои калони М. с. интикол меёбанд. Дар минтакаи болотеппа дар хатти миёна зоиди токаи болои майна ё чисми гурришакл – эпифиз карор дорад. Минтакаи паситеппа аз чисмхои зонушакли беруни ва даруни иборат аст; онхо ба воситаи дастахои торхои асаб ба талчахои боло ва поёни чортеппа, ки марказхои бинои ва шунавои мебошанд, пайваст шудаанд.
Минтакаи зертеппа ё гипоталамус аз теппаи босира поёнтар меистад. Гипоталамус дар кисми поён тангии махрутшакл – кифе дорад, ки аз он зоиди тахтонии майна – гипофиз сар мешавад. Гипоталамус ядрохои моддаи хокистарранг дорад, ки онхо харорати бадан, мубодилаи об, намак, чарб, карбогидратхо, чараёни хоб ва бедори, кори гадудхои тарашшухи дохили, системахои асабхои симпати ва парасимпатиро ба тартиб меандозанд. Хучайрахои ядрохои гипоталамус усорае (нейросекрет) тарашшух мекунанд, ки он ба воситаи шоха (аксон)-хои хучайрахо, инчунин хунрагхо ба гипофиз ва сипас ба хун чори мешавад.
Нимкурахои калони М. с. кисми аз хама фарох ва калонтари силсилаи асабхои маркази мебошанд. Хар ду нимкура, ки онхоро роги тулони аз якдигар чудо месозад, бо хамдигар ба тавассути чанд васлати моддаи сафед мепайванданд (кавитари онхо чисми пинашакл мебошад). Васлатхо аз торхои асаб иборат буда, маркази асабхои хар ду нимкураро марбут месозанд. Ба туфайли васлатхо нимкурахо ахлона амал мекунанд. Сатхи нимкурахо аз кабати моддаи хокистарранги гафсиаш то 5 мм иборат аст, ки онро кишри нимкурахои калон меноманд. Кишрро хучайрахои гуногунандоза ва гуногунвазифаи асаб ташкил медиханд. Руи кишр мавчосо пасту баланд буда, аз тегахои баланд, пуштачахо ва чукурихои рогмонанд – чуякхо иборат аст, ки ба туфайли он масохати умумии моддаи хокистарранг хеле меафзояд. Чуякхо ва пуштачахо хар як нимкураро шартан ба чахор хиссаи асоси (хиссахои пешони, торак, чакка ва паси сар) ва як хиссаи иловаги (чазирачае, ки дар умки рог чой гирифта, хиссаи чаккаро аз хиссахои пешони ва торак чудо месозад) чудо карда, ба сифати нишон (ориентир) хизмат мекунанд. Дар тахти кишри нимкураи калон моддаи сафед чой дорад. Он аз торхои сершумори асабхо, ки бо пардаи миелини пушидаанд ва ба самтхои гуногун равонанд, таркиб ёфтааст. Як кисми торхо ба роххои нокили поёнрав мутаалик буда, аз хучайрахои кишр огоз меёбанд ва дар ядрохои М. с. ва моддаи хокистарранги хароммагз меанчоманд. Торхои дигар ба роххои болорави нокили хассосият, босира, сомеа, зоика ва шома мансуб буда, дар он хучайрахои кишр, ки ахбори аз берун ва даруни организм ояндаро кабул ва дарк мекунанд, ба охир мерасанд. Боз торхое хастанд, ки марказхои хамон нимкураро пайваст мекунанд, инчунин торхое вучуд доранд, ки кафшераки сафеди байни нимкурахоро ташкил медиханд.
Андаруни нимкурахои калон чанд ташкилаи моддаи хокистарранг – ба истилох ядрохои базали (асаби) карор мегиранд. Онхо аз ядрохои думдор ва наскшакл, инчунин ба истилох тавора – лавхачаи махини моддаи хокистарранг, ки берун аз ядрои наскшакл меистад, иборатанд. Дар байни теппаи босира, ки тобеи майнаи васати мебошад ва ядрохои базали фосилаи танге боки мемонад. Аз хамин фосила тамоми роххои асосии нокиле мегузаранд, ки ба суи кишр ё аз он поён мераванд. Роххои нокили дар ин фосила аз хад зиёд гуншуда ва гуё фишурдагашта ба истилох гилофи дохили – кабати нихоят зичи моддаи сафедро, ки аз 2 – 3 то 5 – 8 мм гафси дорад, ташкил медиханд. Хучайрахои асаби ядрохои наскшакл ва базалии думдор дар ичрои харакатхои автомати иштирок мекунанд.
М. с. ва хароммагзро 3 кабат парда пушидааст: пардаи сахт, анкабути ва нарм. Пардахои М. с. аз якдигар бо фосилахои рогмонанд чудо шудаанд. Аз чониби беруни пардаи сахти М. с. фосилаи эпидурали (сахтпардаи фавкони) чойгир аст. Дар мобайни пардахои сахт ва анкабутии магз фосилаи субдурали (сахтпардаи тахтони) карор дорад. Дар байни пардахои анкабути ва нарми майна фосилаи зеранкабути вучуд дорад, ки дар он моеъи магз хаст. Фосилаи эпидурали дар атрофи хароммагз кад-кади канали сутунмухра бо насчи нарми чарби пур аст; дар он шабакаи сиёхрагхо чойгир буда, хунро аз хароммагз дур мебаранд. Фосилаи эпидуралии ковокии чумчума насчи чарби ва сиёхраг надорад: пардаи сахти магз бевосита бо лавхачаи даруни устухони сар чафс мешавад. Пардаи нарми магз ба сатхи М. с. ва хароммагз зич расида, ба тамоми рогу чуякхо ворид мешавад ва рагхои хунгарде дорад, ки ба М. с. гизо медиханд.
Дар М. с. 4 чавф, яъне меъдачахои майна хастанд, ки онхо бо моеъи магз пур мебошанд. Ду меъдачаи пахлуи мутаносибан дар умки хар як нимкураи калони М. с., аммо меъдачахои III ва IV ток буда, дар хатти миёна, дар минтакаи майнаи васати ва танаи М. с. вокеъанд. Хама меъдачахо байни якдигар рох доранд: меъдачахои пахлуи бо меъдачаи III, ки онро роги борик дар байни теппахои рост ва чапи босира «фишурдааст», кушода мешаванд. Меъдачаи III ба воситаи нои махсус – ба истилох оброхаи М. с., бо меъдачаи IV, ки дар мобайни танаи М. с. ва магзча карор дорад, марбут аст. Меъдачаи IV бо ёрии суроххо бо фосилаи зеранкабути ва нои марказию тулонии хароммагз пайваст шудааст. Дар меъдачахо ва фосилаи зеранкабутии одами калонсол хамаги 90 – 150 мл моеъи магз хаст. Ин моеъ дар меъдачахои М. с. (асосан меъдачахои пахлуи) хосил гардида, баъд ба фазои зеранкабутии М. с. ва хароммагз мегузарад ва ба воситаи гуррихои анкабутпарда ба ташкилахо махсуси пардаи сахти магз – ковокихо (синусхо)-и вена, сипас ба системаи венахо дохил мешавад. Моеъи М. с. дар як шаборуз 5 маротиба ба кулли иваз мешавад. Фосилаи зеранкабути чанд чобия (систерна)-ро ташкил мекунад, ки аз моеъи магз пур мебошанд. Дутои онхо – чобияи калон, ки дар мобайни магзи дарозруя ва магзча меистад ва чобияи интихои, ки кисми поёни канали сутунмухраро ишгол мекунад, нисбатан калонтаранд. Аз ин ду чобия бо халонидани сузан (ба поёни паси сар ва ё камар) чанд миллилитр моеъи магзро барои тадкик берун мекашанд.
М. с. ва хароммагз бо моеъи магз ихота шудаанд ва гуё дар он «шино мекунанд»; чунин вазъият онхоро аз осебу садама эмин медорад. Моеъи магз инчунин дар мубодилаи моддахо дар силсилаи асабхои маркази иштирок мекунанд; он кисми таркибии садди байни хуну майна мебошад, ки системаи мураккаби масуният буда, моддахои захрнок, вирусхо ва бактерияхо, ангезандагони беморихои сироятиро аз хун ба майна гузаштан намемонад. Силсилаи асабхои маркази аз рагхои сершумори густурда хун мегирад ва тахминан 20 фоизи оксигенеро, ки бо хун ба тамоми узву ситемахои бадан кашонида мешавад, сарф мекунад ва ба хамин васила кобилияти баланди кории хучайрахою торхои асабро таъмин месозад. М. с. ба хун эхтиёчи калон дорад ва норасоии оксигенро зуд хис мекунад.
Усули асоии тадкики бемори гирифтори нокисихои М. с. пажухишхои неврологи, офталмологи ва отоневрологи мебошанд. Дар ташхиси беморихои М. с. тадкики рентгенологи, хам бо истифода аз маводи контрасти (пневмоэнсефалография, вентрикулография, ангиография) ва хам бидуни истифодаи онхо (рентгенографияи чумчума) ахамияти калон дорад. Усулхои замонавии ташхис дар клиникаи неврологи ва нейрохирурги томографияи компютери, ташхиси ултрасадои, гаммаэнсефалографияи радионуклиди, систернография мебошанд. Усулхои нисбатан маъмули тадкики физиологи электроэнсефалография ва реоэнсефалография махсуб мешаванд. Хамчунин тахкики моеъи хароммагз низ мохияти худро гум накардааст.
Ба беморихои М. с. ночурихои инкишоф, осеб, беморихо ва омосхои гуногун мансубанд.
Нукси инкишоф бисёр вакт дар натичаи ташаккули нодурусти силсилаи асабхо ё осеб ёфтани он дар давраи инкишофи чанин, беморихои сироятии модар (токсоплазмоз, сурхакон, ситомегалия, гепатити вируси), таъсири афканишоти ионнок, осеб, баъзе моддахои химияви ба вучуд меояд. Ба нукси инкишофи М. с. мансубанд: анэнсефалия (набудани нимкурахои калон ва сарпуши чумчума), сиклопия (якчашми), порэнсефалия (ба вучуд омадани чавфхое, ки одатан бо меъдачахои пахлуи алокаманд мебошанд), микрогирия (хурд будани чинхои майна), микросефалия (хурд будани хачми косахонаи сар), гидросефалияи модарзод (дар чавфи чумчума бисёр чамъ шудани моъеи хароммагзу майна) ва г.
Ихтилоли хунгардиши М. с. дар мавриди бемории гипертония, атеросклерози рагхои М. с. ва рагхои асосии сар, нукси инкишофи рагхои майна, аневризмахои артериявии рагхои майна, васкулитхо, беморихои хун, зарбу лат, беморихои дил ва г. ба вукуъ мепайвандад. Аломатхои асосии ихтилоли хунгардиш дар майна сардард, садо додани гуш, чарх задани сар, кабуд шудани луобпардахо ва пусти руй, бехуши, ихтилоли нутк, халал ёфтани фаъолияти асабхои чумчумаю майна, сактаи магзи сар ва г. мебошанд.
Беморихои илтихобии М. с. аз арахноидит, сарсом, энсефалитхо, думбали майна, сили магзи сар ва сифилиси майна, беморихои паразитии он бошанд аз систисеркоз, эхинококкоз иборатанд. Дар М. с. омосхои гуногун низ ташаккул меёбанд.
Ад.: Абдурахмонов Ф.А., Анатомияи одам, ч. 1 – 2, Д., 1995, 1998; Солодков А. С., Физиология человека, М., 2001; Гайворонский И. В., Анатомия ЦНС, СПб., 2006;
Ф. А. Абдурахмонов,
Ф. А. Шукуров.
КЛ
Расми 1. Магзи сар (буриши дарозруя): 1 – хиссаи пешони; 2 – печи камарбандшакл; 3 – чисми пинашакл (озахмонанд); 4 – тавораи шаффоф; 5 – равок; 6 – кафшераки пеш;7 – тасолуби босира; 8 – мавзеи зери таламус; 9 – гипофиз; 10 – хиссаи чакка; 11 – пул (купрук); 12 – магзи дарозруя; 13 – меъдачаи чорум; 14 – магзча; 15 – обрасони майна; 16 – хиссаи паси сар; 17 – лавхачаи сарпуш; 18 – чисми курашакл; 19 – хиссаи тораки сар; 20 – таламус.
Расми 2. Магзи сар (намуд аз пахлу): 1 – хиссаи пешони; 2 – хиссаи чакка; 3 – магзи дарозруя; 4 – магзча; 5 – хиссаи паси сар; 6 – хиссаи тораки сар; 7 – чуяки чониби (латерали); 8 – чуяки мобайни.
Расми 3. Магзи сар (намуд аз боло): 1 – хиссахои пешони; 2 – хиссахои тораки сар; 3 – хиссахои паси сар; 4 – роги дарозруяи магзи калон.
Расми 4. Магзи сар (намуд аз поён): 1 – хиссахои пешони; 2 – рохи шомма; 3 – асаби босира; 4 – хиссаи чакка; 5 – асаби мухаррики чашм; 6 – асаби гаргарашакл; 7 – пул (купрук); 8 – асаби сетора; 9 – асаби дурбар; 10 – асабхои чехра ва дахлезию халзуни; 11 – асаби забону халкум; 12 – асаби гумрох; 13 – асаби иловаги; 14 – магзча; 15 – хиссахои паси сар; 16 – ахромхо; 17 – асаби зери забон; 18 – чисми пистоншакл; 19 – талчаи хокистарранг ва киф; 20 – тасаллуби паси сар.
Расми 5. Магзи сар (рагхои майнаи калон,намуд аз боло): 1 – синуси дарозруяи боло; 2 – хурфа(лакуна)-хои пахлуи; 3 – артерияхои сатхи нимкуррахои калони майна; 4 – ба синуси дарозруяи боло хамрох шудани венахои майна; 5 – венахои пешони.
Расми 6. Магзи сар (рагхои майнаи калон, намуд аз поён): 1-артерияи суботии дохили; 2 – артерияи пеши майна; 3 – артерияи пайвандии пеш; 4 – артерияи пайвандии кафо; 5 – артерияи кафои майна; 6 – артерияи асос; 7 – венаи асос; 8 – венаи калони майна; 9 – артерияи миёнаи майна.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

slide-0

Воситахои техникии нигахдории информатсия

Бояд кайд намуд, ки информатсияи дар ягон баранда махфузбуда, хатман дар он осори (пай, асар, …