Главная / Илм / МАГОР

МАГОР

magorМАГОР, пупанак, карра, гарди тибит ё махмалинест дар растани, хуроквори, баъзан хайвонот ва г., ки аз спора гузоштани пупанак – аскомисетхо, фикомисетхо ва занбуругхои дарачаи паст хосил мешавад. Риштахои занбуруги (митселияхо) субстратро сурох ва ферментхои махсус чудо намуда, онро вайрон месозанд. М. ба хочагии халк зарари калони иктисоди мерасонад, махсулоти хуроки (орд, нон, консерв, гушт, меваю сабзавот, пиво, квас, афшураи мевачот, хуроки хайвонот ва г.)-ро вайрон ва растаниро касал мекунад. М.-ро аз фикомисетхо, махсусан намудхои пупанак (Mucor) ва ризопус (Rhizopus) бештар ба вучуд меоранд . Аз занбуругхои халтадор (аскомисетхо) намуди Calonectria graminicola М.-и сафед (дар гандум, сули, алафхои думи рубох, нармак ва г.) ва намудхои гуногуни пенитсиллхо ва аспергилхо М.-и кабуду сабзранг (дар меваю сабзавоти хуроки) хосил мекунанд. Пупанакзанбуругхо боиси пайдоиши касалихои гуногуни растани мешаванд. Баъзеи онхо моддахои захрнок чудо мекунанд ва сабаби захролудии одаму хайвон мегарданд. Баъзеи пупанакзанбуругхо дар пусту узвхои дарунии одаму хайвон паразити мекунанд (ниг. Микозхо). Як катор пупанакзанбуругхо махз барои дарачаи баланди фаъолияти ферментиашон дар саноат истифода мешаванд. Мас., занбуруги Aspergillus oryzae (дар Япония) барои хосил кардани шароби биринч, A. niger дар истехсоли чавхари лиму, Penicillium roguefortii ва P. Camemhertii барои тайёр кардани панири рокфор, камамбер истифода мешавад. Пенитсиллхо ва занбуругхои диг. дар саноати дорусози манбаи истехсоли пенитсиллин ва диг. антибиотикхо мебошанд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

zinda

Материяи зинда ва хусусиятхои асосии он

Тамоми олами зинда, аз чумла инсон, ба системахои гуно-гуни биологи дохил шуда, аз таксонхои (салтанат, …