Главная / Илм / МАГНОЛИЯ

МАГНОЛИЯ

magnoliyaМАГНОЛИЯ (Magnolia grandiflora), дарахтест хамешасабз. Баландиаш то 30 м. Барги байзашакли дурушти чилодор (дарозиаш 12 – 25 см, бараш 4 – 12 см), гули сафеди калони хушбуй (диаметраш 10 – 22 см), баргмеваи чалгузашакл (дарозиаш то 12 см, бараш то 6 см), тухми лубиёмонанд дорад. М. аз набототи Америкаи Шимоли аст. Дар Точикистон онро чун дарахти ороиши мепарваранд. Дарахти намиталаб ва сармобардор буда, дар шароити иклими чумхури то сармои 17 – 180С зарар намебинад. Аз май то сент. гул мекунад. М. яке аз бехтарин дарахтони ороиши аст.
Дар амалияи тибби муосир аз барги М. киёми гализе тайёр мекунанд, ки чун давои пасткунандаи фишори хун истифода мешавад. Доруи мазкур хусусан дар даврахои аввали бемори манфиати бештар мерасонад. Духтурон истеъмоли онро рузе 3 маротиба 20 – 30 чакраги тавсия медиханд. Давраи муолича 3 – 4 хафта аст. Муоличаро пас аз 1 – 2 мох такрор кардан лозим.
Ад.: Деревья и кустарники для озеленения Таджикистана, Д., 1965.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

lazzati-gizo

МАВОДИ ЛАЗЗАТБАХШИ ГИЗО

МАВОДИ ЛАЗЗАТБАХШИ ГИЗО, тавобил, моддахое,ки барои бехтар кардани мазаи хурок истифода мешаванд. Ба М. забуда, …