Главная / Илм / МАГНИТОТЕРАПИЯ

МАГНИТОТЕРАПИЯ

magnitoterapiyaМАГНИТОТЕРАПИЯ (Magnetotherapia), яке аз усулхои физиотерапия. Бо максади табобат майдони магнитии баланд ё пастбасомад, импулси ё гайримуттасил кор фармуда мешавад. Майдони магнити ба фаъолияти силсилаи асабхои вегетативи таъсири мусоид дорад. Он хассосияти дастгохи ретсептори ва асабхои канориро кам карда, хамин тавр таъсири бедардгардони мерасонад; вай хамчунин танзими нейрорефлексии фаъолияти узву системахои гуногуни организмро бехтар менамояд. Дар натичаи таъсири майдони магнити ташаннуч рафъ, рагхо васеъ мешаванд, фишори хун мефарояд. М. дар баъзе мавридхо таъсири чузъии зиддиилтихоби низ мерасонад. Зери таъсири майдони магнити чараёни тачдиди бофтахои захм ва шикастагии устухон авч мегирад. М. дар аснои моил будан ба хунрави, брадикардия, ихтилоли шадиди хунгардиши майна ва иклили, беморихои фасодноки шадид, инчунин омосхои бадфарчом зарар дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …