Главная / Илм / МАГНИЙ

МАГНИЙ

magniyМАГНИЙ (Magnesium), Mg, элементи химиявии гурухи II системаи даврии Менделеев, раками ат. 12, массаи ат. 24,305. М.-и табии аз 3 изотопи собит – 24 Mg (78,60%), 25 Mg (10,11%) ва 26 Mg (11,29%) иборат аст. 3 изотопи радиоактивии сунъиаш – 23 Mg, 27 Mg, 28 Mg низ хосил карда шудааст. М.-ро дар шакли хока с. 1808 Г. Дэви хангоми электролизи магнезияи тар дар катоди симоби ва тактири амалгамаи дар натичаи он хосилшаванда кашф кардааст. М. 2,10%-и массаи кишри Заминро ташкил мекунад. Дар табиат доломит, форстерит, магнезит, карналлит барин даххо минералхои силикати, карбонати, сулфати, хлориди, фосфатии М. мавчуданд. Оби бахрхо то 0,38% ва оби баъзе кулхо то 30% хлориди магний доранд. М. металли нукратоб, нарми ёзанда ва сабук аст. Зичиаш 1739 кг/м3 (дар 200С); t гуд. 6510С; t чуш. 11070С . М. дар хамаи пайвастхояш 2-валента аст. Вай металли фаъол буда, дар хаво бо пардаи тунуки оксид пушида мешавад; хангоми сахт тафсондан (600 – 6500С), бо шуълаи чашмхиракунанда сухта оксиди магний (MgО) ва кисман нитриди магний (Mg3N2) хосил мекунад. Бо оби хунук ба реаксия намеравад, аммо аз буги об (дар 4000С) гидрогенро хорич менамояд. М. аксарияти металлхоро аз махлули обии намакхояшон фишурда мебарорад; бо махлули сероби кислотахои минерали бо осони ба реаксия меравад. М. хангоми тафсонидан бо гидроген, нитроген, сулфур, галлогенхо, карбон, силитсий, фосфор ва диг. элементхо пайваст шуда гидрид, галлогенид, сулфид, карбид, силисид, фосфид ва г., инчунин бо моддахои органики пайвастхои металлоорганики, бо металлхо хулахои сабук хосил мекунад.
М. яке аз элементхои хаётан зарури организм аст. Консентратсияи вай дар таркиби баъзе обсабзхо то 3%, фораминиферхо то 3,5%, исфанчхои охаки то 4% мешавад. Дар хлорофили набототи руи Замин тахминан 100 млрд т М. мавчуд аст.
М.-ро организми хайвону одам ба воситаи хурок мегирад. Эхтиёчи шаборузии одам ба М. 0,3 – 0,5 г аст. Микдори нормалии М. дар хун 4,3 мг% буда, хангоми зиёд шудани он серхоби, бехисси ва баъзан фалачи мушакхои скелет мушохида мешавад. Хангоми норасогии М. муътадилии ангезиши системаи асаб, кашишхурии мушакхо вайрон мегардад. М.-ро дар техника асосан бо рохи электролизи хлориди М. ё карналлити беоб, инчунин бо усули металлотерми ё карботерми хосил мекунанд. М. дар пиротехника, металлургияи истехсоли хулахо, хосил кардани ванадий, титан, уран, сирконий, чуяни сахт, инчунин техникаи атом, тиб, кишоварзи ва г. васеъ истифода мешавад. Кисми зиёди М. дар таркиби бофтаи устухон чо гирифтааст. Дар плазмаи хун, дар эритроситхо ва бофтахои нарм М. асосан дар холати иони вучуд доранд. Як микдори он бо сафедахо, махсусан сафедахои ферменти пайваст шудааст. М. барои фаъолияти баъзе ферментхо комилан зарур аст. Дар сурати ба хайвонот хурондани хуроке, ки намаки М. надорад, фаъолияти дил ихтилол ёфта, ташаннуч пайдо мешавад. Агар ба хун микдори зиёди намаки М. гузаронида шавад, холати бехуши руй медихад. Таъсири боздорандаи ионхои М.-ро ба асабия бо рохи ба хун гузаронидани намаки калсий бартараф мекунанд. Ахамияти биологии М. боз дар он аст, ки ангезиши асабияро муътадил мегардонад. М. рагхоро васеъ, ихрочи талхаро зиёд мекунад, бинобар ин бисёр пайвастхои М. (мас. сулфати магний, аскорбинати магний, тиосулфати магний ва г.)-ро чун дору истифода мебаранд. Дар асоси тачриба мукаррар кардаанд, ки дар аснои нарасидани М. дар девораи рагхои калон, мушакхои дил ва скелет микдори калсий меафзояд. М. дар лубиё, ярмаи сули, ярмаи марчумак ва нахуд вучуд дорад. Дар махсулоти гушту шир микдори М. кам аст.
Эхтиёчоти организми одам ба М. асосан аз хисоби магнийе, ки дар таркиби хуроквори хаст, конеъ карда мешавад; эхтиёчоти организми чавон ба М. зиёд аст. Одами калонсол бояд хар руз 500 мг М., зани хомила 925 мг, модари синамакон 1250 мг, кудакон аз 140 мг (3-сола) то 530 мг (14 – 17-сола) истеъмол кунанд. Микдори М. дар зардоби хуни одам аз руи меъёр 1,6 – 2,9 мг% аст.
Карбонати магний (Magnesii subcarbonas) – ро ба калонсолон 1 – 3 г, ба кудакони то 1-сола 0,5 г, ба кудакони 2 – 5-сола 1 – 1,5 г, ба кудакони 6 – 12-сола 1 – 2 г рузе 2 – 3 маротиба мефармоянд. Онро гайр аз истеъмол кардан метавон хамчун хока ба пуст молид (зарура). Дар шакли хока ва курс истехсол карда мешавад. Он дар таркиби курсхои «Викалин» ва «Викаир» низ мавчуд аст.
Пероксиди магний (Magnesii peroxydum)-ро пеш аз хурок ё баъди он таъин мекунанд (барои калонсолон 0,25 – 0,5 г рузе 3 – 4 маротиба). Дар шакли хока истехсол карда мешавад.
Сулфати магний (Magnesii sulfas), намаки англиси, намаки талх, давои мусхил буда, онро шабона ё нимсоат пеш аз хурок таъин мекунанд (барои калонсолон дар 50 мл об 10 – 30 г). Хамчун давои талхарон калонсолон махлули 20 – 25%-и онро рузе 3 маротиба истеъмол менамоянд. Дар шакли хока ва ампула истехсол карда мешавад.
Ад.: Популярная библиотека химических элементов, М., 1983; Шретер В., Химия, М., 1989; Идрисов Т., Кимиёи аносир (элементхо), Д., 2004.

Ч.С. Лангариева.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …