Главная / Илм / МАЧОЗ ЧИСТ?

МАЧОЗ ЧИСТ?

Мачоз низ калимаи арабист, маънои лугавиаш махаллигузаштан, гузаргох; гайри хакикат аст. Дар илми бадеъ аз чумлаи санъатхои маънавист. Агаршоир ё нависанда дар асари худ калима ё таркиберо ба маънои гайриасли истифода бараду он маъни аз ягон чихат бамаънои асли монанд бошад, онро мачоз меноманд. Масалан, агар гуем, ки фалони пояшро чени курпааш дароз накардааст, чунин маъно дорад, ки у кореро ба зимма гирифтааст, ки аз ухдааш намебарояд, яъне зураш намерасад. Харчанд маънои мачоз гайри хакикат аст, аммо ба тавассути мачоз ифода кардани маъни худ ифодаи хакикат аст.

majoz

Дар хар гуна ифодаи мачози калима ё таркибе вучуд дорад, ки ба маънои гайриасли хидоят мекунад. Чунин калимаро карина (хамнишин) — мачоз меноманд. Масалан, агар бигуем, ки“шамъи анчуманафрузи ман омад”, максад ёр буда, “анчуманафруз” карини мачоз мебошад. Мачоз ду хел аст: Мачози лугави, ки онро мачоз дар муфрад низ мегуянд ва мачози акли, ки онро мачоз дар чумла меноманд. Агар адиб калимаеро истифода намояд, ки ба маънои аслии худ наомада бошад, онро лугави меноманд. Мисли:“даст” ба маънои “кудрат”, “тавонои”, ё “мох”, “наргис”, “сарв” ба маънои “руй”, “чашм” ва “кад”.

Дар сурате, кишоир калимаеро истифода намояд, ки маънои мухолиф ба вучуд ояду лекин ин маънои мухолиф ба мухокима хеч гунна вобастаги надошта бошад, онро мачози акли мегуянд. Истиора низ аз чихати маъно як навъи мачоз мебошад.

Мисолхо:
Хар субх шитобон биравам бар сари рохе,
Пеш аз рухи хуршед бубинам рухи мохе.
(Боки)

Мо дар пиёла акси рухи ёр дидаем,
Ай бехабар, зи лаззати шурби мудоми мо.
(Хофиз)

Бар он нома бинход хусрав нигин,
Фиристодаро доду кард офарин.
(Фирдавси)

САВОЛ ВА СУПОРИШ:
1. Маънихои лугави ва истилохии мачозро гуед.
2. Мачоз чанд навъ аст?

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …