Главная / Илм / Лубиё дар Канзи Шифо (Китоб)

Лубиё дар Канзи Шифо (Китоб)

lubiyo-660x330Лубиё  — ин зироати маълум ва машхур аст, дар шароити Осиёи Маркази хуб хосил медихад. Тухми он хамчун масолехи ош ва инчунин дар тиб низ истифода мешавад. Навъхои сурх ва сафед дорад.
Мизочи навъи сурхаш дар дарачаи якум гарм ва дар дувум тар аст, вале мизочи сафеди он дар гарми ва сарди муътадил мебошад.
Хислатхои шифобахши лубиё: хурданаш боднок, дерхазм, аз он дар бадан моддаи гализ пайдо мешавад (хусусан аз сафедаш бештар), узвхои даруни сина ва шушро мулоим мекунад, мани ва шир пайдо менамояд, бохро (пушти камарро) ба харакат меоварад, баданро фарбех месозад, пешоб ва хайзро равон менамояд (хусусан оберо, ки дар он лубиёи сурх чушонида шуда бошад, биёшоманд); бо камтар канд биёшоманд, хунеро, ки аз занони навзоида меояд, пок мегардонад, бачаро аз шиками занони хомила меафтонад. Лубиёи сурхро дар об чушонида, дар он об занони нав таваллуд кардаги батакрор даромада нишинанд, низ он занонро аз хуни нифос пок мегардонад; бачаи зинда ва мурдаро аз шиками занони хомила хорич мекунад, инчунин хамрохаки (ёраки) чанинро зуд берун меоварад ва дарди гурдаро таскин медихад.
Лубиёро бисёр ва бардавом бихуранд, боиси дидани хобхои бад ва мушавваш мегардад. Ин гуна зарари онро занчабил, хардал (горчица), зира, намак, равгани зайтун, кокути, мурч ва бихи бихуранд, ислох мекунад, инчунин бо гушт пухта бихуранд, зиёнаш дафъ мегардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …