Главная / Гуногун / Лоихахои давлатии сармоягузори Точикистон

Лоихахои давлатии сармоягузори Точикистон

Татбики лоихахои давлатии сармоягузори. Дар чумхури ба холати 1 октябри соли 2018 лоихахои сармоягузории давлатии амалкунанда аз 67 адад (25 лоихаи гранти, 12 лоихаи карзи ва 30 лоиха дар хаммаблаггузории карзу грант) иборат мебошад, ки маблаги умумии он 29,2 млрд. сомони  (3,1 млрд. доллари ИМА)-ро ташкил медихад, ки ин нисбат ба хамин давраи соли сипаришуда ба маблаги 5,2 млрд. сомони зиёд мебошад.

Дар таркиби мачмуи лоихахои амалкунанда маблагхои карзи 16,3 млрд. сомони (1,73 млрд. доллари ИМА) ё 55,5 фоиз, маблагхои гранти 11,7 млрд. сомони (1,24 млрд. доллар) ё 39,8 фоиз, сахми Хукумати Чумхурии Точикистон 1,13 млрд. сомони (120,1 млн. доллар) ё 3,9 фоиз ва дигар сарчашмахо, аз чумла сахми корхонахои давлатии чумхури, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, чамоахо (бенефитсиархо) ва гайра 222,4 млн. сомони (23,6 млн. доллар) ё 0,8 фоизро ташкил медихад. 

Сохтори мачмуии  лоихахои амалкунандаи давлатии сармоягузори дар моххои январ – сентябри солхои 2017 – 2018  (бо млн. доллари ИМА)

Тавре, ки аз чадвали мазкур бармеояд маблаги умумии мачмуи лоихахои амалкунанда ба холати 1 октябри  соли 2018 нисбат ба хамин давраи соли гузашта 3449 млн. сомони (366,2 млн. доллар) зиёд мебошад, ки асосан аз хисоби огоз гардидани  татбики якчанд лоихаи калонхачм дар соли 2018, аз чумла лоихахои «Тачдиди НБО-и Норак, мархилаи 1», «Сохтмони рохи автомобилгарди Кулоб–Калайхумб, китъахои A ва F», «Мустахкамгардонии инфрасохтори мухимтарин чихати таъмини устувори бар зидди офатхои табии», «Сохтмон ва мучаххазгардонии мактабхо, мархилаи 4», «Дастгирии сохаи кишоварзи дар рушди чомеа» ва дигар лоихахо.

Сарчашмахои маблаггузории мачмуи лоихахои давлатии сармоягузори (бо млн. доллари ИМА ) Карзи берунаи Точикистон.

Дар доираи татбики лоихахои амалкунанда (аз аввали татбик то ба 01.10.2018с.) 14,1 млрд. сомони ё (1,48 млрд. доллар) азхуд карда шудааст, ки ин 48,0 фоизи маблаги умумиро ташкил медихад.

Дар доираи лоихахои амалкунанда дар нух мохи соли 2018 (ба холати 1 октябр) 2,4 млрд. сомони (255,3 млн. доллар) азхуд карда шудааст, ки ин дар мачмуъ ба 89 фоизи накшаи молиявии давраи хисоботи баробар аст.

sarmoya-qarz

Аз маблаги умумии дар доираи лоихахои амалкунанда дар давраи хисоботии  соли 2018 азхудгардида 1156 млн. сомони (122,8 млн. доллар (48 фоизи маблаги умумии азхудшуда)) маблагхои карзи, 1154 млн. сомони (122,6 млн. доллар(48 фоиз))  воситахои гранти, 68,2 млн. сомони (7,24 млн. доллар) (2,83фоиз)) сахми Хукумати Чумхурии Точикистон буда, 23,5 млн. сомони (2,5 млн. доллар (1,1 фоиз)) дигар сарчашмахоро ташкил медиханд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …