Главная / Биология / Лизосомаи хучайра

Лизосомаи хучайра

Лизосомахо хиссачахои нисбатан хурди мембранадор буда, шакли лунда доранд; диаметрашон такрибан 0,4 мкм буда, бо як мембранаи секабата пушида шудааст. Дар лизосомахо кариб 30 ферменти гуногун мавчуд аст. Онхо кобилият доранд сафедахо кислотахои нуклеинат, полисахаридхо, липидхо ва дигар моддахоро тачзия кунанд.

Лизосома

Бо ёрии ферментхо тачзия шудани моддахоро лизис меноманд (аз юнонии lysis – тачзия); бинобар ин, онхо лизосома ном гирифтаанд. Лизосомахо аз хисоби сохторхои мачмаи Голчи, ё бевосита аз тури эндоплазмави ташаккул меёбанд.

Лизосомахо ба вакуолахои пиноситози ва фагоситози наздик шуда, махлули худро ба онхо мерезанд. Хамин тавр, яке аз хусусиятхои хоси лизосомахо иштирок дар хазми моддахои дохилихучайрави аст. Fайр аз ин, лизосомахо метавонанд сохтори хучайрахои фавтандаро вайрон кунанд, масалан, дар рафти инкишофи чанин, модоме, ки ивазшавии бофтахои чанини ба доими мегузаранд ва ё дар дигар мавридхо.

Табаддулоти сохторие, ки худи хучайра ба вучуд меорад, дар мубодилаи муътадили моддахои хучайра ахамияти калон дорад. Вале то хол маълум нест, ки лизосомахо маводи дохилихучайравиро, ки барои махв кардан чудо шудаанд, чи гуна шинохта мегиранд.

Хуллас, лизосомахо чузъи кухнаи хучайра ва баъзан органоидхои алохидаро тачзия мекунанд (ба монанди думгозаи кафлесаки курбокка). Дар лизосомахо системаи худму хофизати мавчуд аст.

Маркази хучайра

Маркази хучайра аз ду хиссачаи силиндршакл иборат буда, нисбати якдигар бо кунчи рост чойгиранд (расми 5.11). Ин хиссачахоро сентриола меноманд. Девори сентриолахо аз 9 банд иборат аст, ки хар яке аз онхо се микронайча дорад. Сентриолахо дар таксимшавии хучайра накши асосиро бозида, аз хисоби онхо торхои ахроматини пайдо мешаванд. Олимон акида доранд, ки ферментхои маркази хучайра дар кашиш хурдани хромосомаи духтари ба кутбхои мукобили хам (дар анафазаи митози) иштирок мекунанд. Дар хамаи хучайрахое, ки маркази хучайрави доранд, сентриолахо ёфт нашудаанд, масалан, дар растанихои дарачаи олисентриола вучуд надорад.

Ситоскелет

Яке аз хусусиятхои фарккунандаи хучайрахои организмхои эукариоти ин ташаккули такягох (скелет) дар ситоплазма буда, дар шакли микронайчахо ва бандчаи торхои сафеда вомехурад.

Бинобар ин, пайдоиши такягохи дохилихучайрави яке аз ароморфозхои калонтарин ба шумор меравад. Хучайрахои эукариоти дар эрахои архей ва протерозой пайдо шудаанд.

Унсурхои ситоскелет бо кисми берунии ситоплазмави ва пардаи ядро алокаманд буда, дар ситоплазма печу тоб мехурад ва мураккаб мегардад (расми 5.12). Унсурхои такягохи ситоплазма шакли хучайраро муайян карда, ба харакати сохторхои дохилихучайрави ва худи хучайра мусоидат менамоянд. Дар баъзе навъхо хучайра, ба монанди соддатаринхо (навъи инфузория, синфи камчинакдорон) унсурхои ситоскелет дар тамоми даври хаёташон вомехуранд.

Онхо чойхои доими дошта, дар зери микроскоп ё заррабин дида мешаванд. Баъзан ситоскелет шакл тагйир медихад.

Масалан, дар амёба ва хучайраи хайвоноти серхучайра (лейкоситхо) шакли хучайрахо тагйир ёфта, пойхои калбакиро ташкил мекунад.

Камчинакхо ва мижгонакхо

Камчинак ва мижгонакхо узви харакат буда, хам ба организмхои якхучайра (камчинакдорон ва инфузория) ва хам баъзе организмхои серхучайра, (хучайраи эпители, нутфа) хосанд.

Камчинак ва мижгонакхо сохтори умуми доранд (расми 5.13). Кисми зиёди ин узвхо ба берун равона шуда, шакли дарозруяро дорад; девори он аз 9 чуфт микронайча иборат аст. Дар марказ ду микронайчаи дигар чой гирифтааст.

Ин кисм пурра ё бештар бо мембранаи ситоплазматики пушида шудааст. Дар асоси узв, дар кабати берунаи ситоплазма хиссачаи базали (асос) чойгир мебошад; ба хар чуфти микронайча, ки кисми берунаи камчинак ва мижгонакхоро ташкил мекунанд, як микронайчаи кутох илова мешавад.

Хамин тавр, хиссачаи базали аз 9 триоди (сегона) микронайчави сохта шуда, ба компонентхои маркази хучайра, яъне сентриолахо монанданд. Харакати камчинак ва мижгонакхо бо лаппиш ё лагжиши чуфти микронайчахо нисбати якдигар вобаста буда, дар ин вакт энергияи зиёд дар шакли АТФ сарф мешавад.

Саволхо барои санчиш:

  1. Барои хучайрахои эукариот кадом хусусиятхо хосанд?
  2. Кадом сохторхои хучайраро иловаги меноманд? Мисол оред.
  3. Асоси сохтори хучайраро чи ташкил мекунад?
  4. Мембрана чи гуна сохта шудааст?
  5. Мембранаи беруни ситоплазмави кадом вазифахоро ичро мекунад?
  6. Мубодилаи моддахо байни хучайра ва мухити беруна бо кадом рох ба амал меояд? Пиноситоз чист? Фагоситоз чист?
  7. Органоидхои хучайраро муайян кунед ва вазифаи онхоро нишон дихед.
  1. Фарки тури эндоплазмавии хамвор ва чиндор дар чист?
  2. Кадом органоидхои хучайра КДН доранд?

Истилохот:

  1. Ситоскелет – системаи микронайчахо ва торхои сафе- даги, ки шакли хучайрахоро нигох дошта, харакати сохторхоро дар ситоплазма ташкил мекунад.
  2. Моддахои иловаги – элементхо ё сохторхои ситоплазма, ки махсули фаъолияти хаётии хучайраанд ва бештар роли захирашавии моддахоро ичро мекунанд.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

dandon-pizishk

Хомиладорон читавр дандонхоро нигохубин намоянд

Ташрифи дандонпизишк хар ним сол, як маротиба тавсия карда мешавад. Бо фаро расидани давраи хомиладори …