Главная / Гуногун / Литосфераи аввалин

Литосфераи аввалин

Дар эволютсияи молекула факат кишри Замин макоми мухим бозидааст. Таркиби кишри Замин аз Al, Ca, Fе, Mg, Na, K ва дигар унсурхо иборат аст. Дарачаи фахмишхои геологи холо имкон намедиханд, ки оид ба тагйирёбии таркиби кишри замин дар хар давра хулосаи асоснок барорем.

litosfera_2-700x400

Гидросфераи аввалин Дар сатхи аввалаи Замин камтар аз 0,1 фоизи хачми укёнусхои хозира вучуд дошт.

Мухити укёнуси аввалин ишкории суст буд (pH=8-9). Атмосфераи аввалин Атмосфераи нахустини Замин аз гидроген иборат буд, ки он ба фазои коинот хорич шудааст; атмосфераи дуюмин аз газхои вулкони ба вучуд омадааст. Се тарики хосил шудани атмосфераи якумин пешниход гардидааст:

Пайдоиши протобиополимерхо масъалаи нисбатан мураккабтар аст. Зарурати мавчуд будани онхо дар хама организмхои зинда хатмист. Онхо дар раванди ферментатсия (масалан, гидролиз, декарбоксилони, аминилони, дезамилони, оксидкунии ангидриди, гидроген ва гайрахо), ба гайр аз баъзе равандхои содда (масалан, туршшави) ва мураккаб (реаксияи фотохимияви, фосфоронидан, фотосинтез ва гайрахо) масъул мебошанд.

Мавчудияти об дар сайёраи мо (укёнуси аввалин) ва зарурати мавчуд будани он дар хамаи организмхои зинда сабаби монеъгии термодинамики дар рохи пайдоиши протобиополимерхо дар равандхои поликонденсатсия мебошад.

Масалан, барои дар махлули оби хосил кардани банди пептиди мувофики реаксия: сарфи 2-4 ккал энергия зарур аст.

Монеъгии термодинамики барои хосил кардани молекулаи сафеда дар махлули оби боз зиёдтар аст. Пас, барои аз биомономерхо синтез кардани макромолекулахо методхои махсуси дур кардани об заруранд.

Саволхо барои санчиш:

  1. Заминахои кайхони ва сайёравии дар Замин бо рохи абиогени пайдо шудани хаётро номбар кунед.
  2. Барои дар Замин аз моддахои гайриорганики пайдо шудани моддаи органики хусусияти баркароршави доштани атмосфераи аввалин чи ахамият дошт?
  3. Асбоб ва методи гузаронидани тачрибахои С.Миллер ва П.Юриро накл кунед.

Истилохот:

  1. Галактика – системаи ситорахо ва сайёрахои онро ихота карда.
  2. Сайёра – чисмхои осмоние, ки дар атрофи Офтоб давр мезананд ва аз он гармию рушнои мегиранд.
  3. Синтези абиогени – хосилшавии молекулахои органики аз молекулахои гайриорганики, бидуни организми зинда.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …