Главная / Гуногун / Лимону Имон -Хикоя

Лимону Имон -Хикоя

Ва инак боз як сол сипари мегашт.

Ха-а, соли гусфанд мерафт.

Соли маймун меомад…

– Соли нав мурак шавад-е!

– Э, хош-е!

– Соли наву икболи нав!

– Э, хош-е!

– О, чаро хош?!

– Э, хап шин-е!

– Охир, барои чи?!

limon-1

– Илтимос ба захмхоям намакоб мапош. Аламхоямро тоза макун. Э, вой-е! Охир, хар дафъа Соли нав шоду галхон меомад. Ох, чи шод мегаштанд одамон! Хурду калон, марду зан, шоху гадо, сагиру кабир… кисса кутох хама суруд мехонданд:

Соли нав омад, шоду газалхон,

Раксему бозем онро рафикон!

– Охир, имсол хам соли нав шоду газалхон омада истодааст-ку?!

– Бале, рост! Аммо… Вале… Лекин… Э, вой-е! Газалхояш дигар-да! Тамоман дигар! Агар ним нафас сабру токат дошта боши, ман онро бе ашк, кутоху калта, хулоса, шаф-шаф нагуфта, шафтолуяшро пешкашат намоям.

– Хайр, чи илочу чи чора?!

– Хуш, ки бошад… Инак… Душанбе. Рузи душанбе не, шахри Душанбе. Мавзеи Гулистон. Замин кафидаву одам руида. Хурду калон. Марду зан. Кудаку чудак. Калу кур. Лангу шал. Майзада… Гадо… Кисса кутох, хама ба чор суй равон. Э, равони, чи? Дав-давон! Гуиё ки саг сурашон мекарда бошад?! Дар андомашон ташвише накш баста. Албатта, ташвиши соли нав. Дар ду тарафи рох фурушандахо катор. Менигари – вох барам?! – хама сокини Душанбе гуиё фурушанда бошанд?!

Ки чизе, ки хохад, мефурушад!

Ки чанде, ки хохад мефурушад!

Як чавони ботану туш, коматбаланд ва чунон бакувват, ки эхтимол ибораи “кухро занад талкон мекунад” дар хакки у гуфта шуда бошад, лимон мефурушад.

Ха, ха лимон!

Дар пешаш як тепача лимон. Шарм надошта, бе ягон ибо дод мезанад:

– Лимонда биё бача!

Ин су – он су менигараду боз дод мезанад:

– Гарантияш кати!

Ин су – он су менигараду боз дод мезанад:

– Биё бача! Лимони дехкон! Аз ин ру арзон!

Ин су – он су менигараду боз дод мезанад:

– Лимон надори – имон надори!

Яке дар ру ба руяш меистаду мепурсад:

– Чанд шуд?

Бузбала бо табассуми хушомадомез зуд посух медихад:

– Арзон! Хоки сиёх!

Харидор боз мепурсад:

– Арзони хоки сиёхат чанд, охир?

Бузбала чавоб медихад, ки:

– Як сомони!

Харидор бо овози канда-канда мепурсад:

– Як донааш? Як сомони?

– Ха, як донааш!

Харидор рост ба чашмони у нигох карда, абруи гирех мезанад ва бо кахр гуё карда мегуяд:

– Лимон доштаи, имон не!

Ва бо нафрат руй гардонда, ба рохаш меравад.

Бузбала гуиё лимонашро газида бошад, руяш турш мешавад. Оташи газабаш аланга мезанад. Ва аз пушти харидор давидани мешавад. То уро дошта, се-чор мушти обдор фурораду аламашро гирад.

Вале пойхояш гуиё ба замин мехкуфта. Охир: “Моргазида аз ресмони ало метарсад” – мегуянд. Як бор давида, баргашт, ки лимонхояш бедому дарак гайб задааст, “пай хасту хайдар нест”. Аз ин ру зураш танхо ба хакорат мерасад:

– Хароми!

Ва гуиё дилаш холи мешавад. Дар як он боз руяш чун офтоб рахшон мегардад. Ва боз кучаро ба сар бардошта, дод мезанад:

– Лимонда биё бача! Гарантияш кати! Лимон не, имон!

– Ин имонат чанд шуд?

– Як сомони!

– Беинсоф!

Дигаре уро: “Горатгар!” – меномад.

Ва бингаред, ки одамони шух хам ёфт мешаванд.

– Чанд?

– Як сомони!

– Хамааш?

– Не-е…

– Ха, як килояш?

– Не, як донааш!

– Ха, арзони хоки сиёх!

– Э, рав-е!

Ва у бо мазок хандида-хандида, аз у дур мешавад. Харидори дигаре дар ру ба руи у карор мегирад. Ва бо марок суол мекунад:

– Ширин?

– Чи? – намефахмад бузбала.

– Лимон.

– Ха, ха, ширин! Канд барин!

Харидор норозиёна ба у чашм ало мекунад. Бузбала саросема мегуяд:

– Э, канд чи, асал барин!

Харидор писханд мезанад:

– Гузаронди-ку!

– Э, чува? Чи хел?

– О, лимон магар ширин мешавад?

– Хайр, чи хел мешавад?

Харидор нидо мезанад:

– Турш!

– Не, аз ман ширин!

Харидор бо шиддат гуфт:

– Турш!

Бузбала ба газаб омада, пой ба замин куфт:

– Ширин!

Бахсу талош сар шуд:

– Турш!

– Не, ширин!

– Турш!

– Ширин!

– Набошад, бур!

– Бурам? – бузбала ба хайрат меояд. – Чиро?

– Чиро, чиро?! Лимонро!

– Барои чи?

– Чашида бинам.

– Мумкин не. Хамту гир. Дар хонаат бурида мечаши.

– Турш бошад, ба сарам мезанам?

– Пулат, ки нест, нозу нуз мекуни.

– Ба пули ман корат набошад!

– Ба лимони ман хам кори ту набошад!

Бисёр мепурсанд. Кариб, ки намегиранд. Унтарафтар боз як бузбала лимон мефурушад. Газали у дигархелтар аст.

– Биёву гир лимон, аз дунё рави беормон!

– Чанд?

Гуиё ки харду маслихат карда бошанд:

– Як сомони!

– Эъ, хамаатонро бо як танк зер карда, мачак кардан лозим!

– Чи-и-и?!

Харидор лол мемонад, шах мешавад.

– Чи гунг шуди муттахам!

Дар чавоб – хомушии мутлак.

– Иш хам заду уш хам зад, пасмонда – шабуш хам зад! – Бузбала чун танк суи у як кадам мемонад. Харидори бечора базур чонашро кач мекунад.

Як пиразани кариб, ки дукад мегуяд:

– Писарам, ба ман ду дона дихед.

– Ана, ду сомони.

Гуиё ба танаш тир мерасад:

– Ох! – нидо дар медихад ва асо аз дасташ меафтад. Баъд ба худ омада, зора мекунад:

– Набераам касал, лимон мехохад…

Бузбала сухани уро кайчи мезанад:

– Набераи ман хам касал, дар хона…

Мавчи одами.

Хаста.

Шалпар.

Газабнок.

Хашмгин.

Дар таги бини – Соли нав!

Онро бояд истикбол намуд. Бо дастархони пурнозу неъмат. Бо хушнуди. Охир, онро чи хеле ки пешвоз гири, тамоми сол хамон хел мезихи.

Ки мехохад, ки камбагалу гамгин зиндаги кунад?!

Ва боз саду як маъракаву чорабинихо!

– Ба мо барои ёлка, дах дона лозим, – мегуяд зане, ки хамрохаш писарбачаи чингиламуе буд.

– Чаро дахто? Хамаашро гир. Бин, кам мондаги.

– Не, ба мо танхо дах дона лозим, – мегуяд писарбача.

– Ха, – тасдик мекунад зан, ки чехрааш чун лимон зард буд. – Якчи кам кун, гирем. Савоб мегири.

– Не, намешавад!

– Охир, чаро нашавад?

– Ман араки чабин рехтаги!

Чи илочу чи чора!

Зан мехохад лимонро чудо карда гирад. Аммо бузбала мегуррад:

– Чудо накун! Аз як лаб гир!

Бузбала аввал пулро хисоб карда мегирад ва баъд дах дона лимонро ба халтаи селофании зан меандозад. Зану бачаро мавчи одами ба худ гирифта мебарад. Ва ногох фигони нозуку чарангоси. Зан меафтад. Халтаи селофани аз дасташ рахо мехурад. Ва лимонхо таги пои одамон монда, пора-пора мешавад.

Зан бо аламу дард оби дида, оби бини мерезад.

Ва…

Занро касе мебардорад.

– Гиря накун, садкаи сар.

Аз акл берун, хамон бузбала. Зан мутахайир, дахон воз карда ба у менигарад.

– Ана, бигир, – бузбала дах дона лимон ба у медихад.

– Пул надорам, – овози зан меларзад.

– Гир, бепул, пул лозим не.

Зан аз тааччуб табассум мекунад.

– Гир, хамту бепул, барои савоб, – гуён, занро рози мекард бузбала.

– Худо умратро дароз кунад! – зан лимонхоро мегирад. – Хока гири, зар гардад!

– Бо Соли нав табрик!

Ох, тамом! Эъ, ашкхоятро пок кун-е! Бехуда онхоро аз чашм бароварди. Онхо ба ту лозим мешаванд. Он чи гуфтам, набуд. Не, не зану бача буд. Ва лимонхои пора-пора буданд. Чи набуд? Охираш, кори нек, олихимматии бузбала набуд. Ман, ки шохиди ин вокеа будам, бисёр мехостам, ки… орзу доштам, ки… ох, чи хуб мебуд… Бубахш. Тамом? Не, тамом не. Акнун кисми дуюм.

Бозори “зелёный”.

– Бобо лимон чанд шуд?

– Дах тин, писарам.

– Киммат, бобочон.

– Хайр, ман гуфтам, боз шумо гуед. О, ман дехкон, писарам.

– Панч тин, бобо. Мешавад?

– Мешавад. Гиред, писарам. Ош шавад!

Чавон дах дона лимон чудо карда мегирад. Ва ба пирамард панчох тин медихад. Пирамард:

– Шукр! Хазор шукр! – гуён, пулро аз дасти чавон мегирад.

Чи? Хобу хаёл? Не, не, инаш хобу хаёл набуд. Афсона хам набуд. Орзу хам не. Манзараи бозори солхои “рукуд” буд. Ха, оби дахонат рафт?!

Ана акнун, тамом!

– Тамом? Набошад соли нав мурак шавад-е?!

– Э, хош-е!

Ха-а, соли гусфанд мерафт.

Соли маймун меомад…

Шукр, хазорон шукр!

5 декабри соли 1992

5 декабри соли 2003

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …