Главная / Гуногун / Либия дар асри XIX

Либия дар асри XIX

Дар нимаи дуюми асри XIX хавфи ба мустамлика табдил ёфтани Либия меафзояд. Даъвогарони асосии забти Либия Фаронса ва Италия буданд. Ин вилояти биёбони Шимоли Африка дорои захирахои табиии кам буда, барои идомаи сиёсати истилогаронаи Италия дар Африка мавкеи стратеги дошт. Либия барои ин кор хамчун такягохи муносиби чангхои минбаъдаи истилогаронаи ин давлат шуда хизмат карда метавонист. Италия барои ба даст даровардани Либия ва умуман сиёсати истилогаронаи худ дар хавзаи Бахри Миёназамин фаъолтар шуда, соли 1871 барои ба Тунис хучум кардан экспедитсияи харбии Бахри тайёр кард. Вале дар лахзаи охирини пеш аз хучум аз ин максад даст кашид. Баъди ин Италия дар чанги зидди Хабашистон андармон шуд. Баъди дар чанги солхои 1894 – 1896- и зидди Хабашистон шикаст хурдан империалистони Италия аз нав ба накшаи забти Триполитания баргаштанд. Ин лашкаркаширо хукумати Италия аз тайёрии дипломати cap кард. Натичаи хамин буд, ки соли 1907 Австро-Венгрия ухдадор шуд, ки дар мубориза барои забти Либия Италияро аз чихати дипломати дастгири хохад кард. Соли 1909 оиди ин масъала розигии Русия хам гирифта шуд. Англия хам барои забти Либия розиги дод. Дар мукобили Италия акнун танхо Туркия меистод.

1006328_ph05778

Соли 1911 барои Либия дар байни Туркия ва Италия чанг cap шуд. Десанти харбии Италия шахрхои Триполи, Дерна, Бенгози ва Хомеро ба даст даровард. То бахори соли 1912 Италия кисми зиёди Либияро забт кард ва мохи октябри соли 1912 намояндагони Туркияю Италия дар зери Созишномаи Лозанна имзо гузоштанд. Туркия хукмронии Италияро бар Либия эътироф кард, мувофики созишномаи мазкур Туркия артишу амалдорони худро аз он чо пас хонд. Фаронса, Австро-Венгрия, Англия ва Германия расман ба таваччухи хукумати Италия расониданд, ки аз тарафи Италия забт карда шудани Либияро эътироф мекунанд. Лекин либиягихо шартхои Созишномаи сулхи Лозаннаро рад карда, силохи худро ба замин нагузоштанд. Артиши Италия чанги худро бар зидди халки Либия давом доданд, то ки нохияхои дохилии ин давлатро забт кунанд. Вале баъди огози Чанги якуми чахони онхоро ватандустони Либия аз мамлакат пеш мекарданд Италиявихо танхо дар баъзе нохияхои наздисохилии Либия истода тавонистанду халос.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Андозхо дар Аморати Бухоро

Шакли гуногуни истисмори дехконон такрибан дар хамаи намуди замин мушохида мегардид. Махсусан, ахволи сокинони нохияхои …