Главная / Биология / Лейкоситхо ва имунитети одам

Лейкоситхо ва имунитети одам

Сохт ва вазифахои лейкоситхо. Лейкоситхо хучайрахои беранги хун буда, дар магзи сурх, иллики зарди устухон дар гиреххои лимфатики ва испурч хосил мешаванд. Аз чихати таркибашон 2 намуди лейкоситро фарк кардан мумкин аст: лейкоситхои донадор ва бедона. Хамаи лейкоситхо ядро (хаста) доранд. Микдори лейкоситхо дар 1 мм3 хун 6-8 хазорро ташкил мекунад. Онхо кобилияти харакаткуни доранд.

Print

Иммунитет. Лейкоситхо дар организм вазифаи санитари ё безараргардониро ичро мекунанд. Онхо харакат мекунанд ва заррачахои бегонаеро, ки барои организм зарароваранд, фуру мебаранд ва хазм мекунанд. Ин ходисаро аввалин маротиба олими рус И.И. Мечников кашф карда, онхоро фагоситоз (аз калимаи юнони «фаго»-фурубаранда) ва хучайрахои «хурандаро» фагоситхо номидааст.

Агар ба организм чисмхои бегона хеле зиёд дохил шаванд, фагоситхо онхоро фуру бурда, нихоят калон ва окибат вайрон мешаванд. Дар натича моддахои илтихобовар чудо шуда, чои зарардида варам мекунад ва харораташ баланд шуда, сурх мегардад. Чудошавии моддахо боиси илтихоб мегардад, ба чои сукунати чисмхои бегона лейкоситхои навро чалб мекунанд.
Лейкоситхо чисмхои бегона ва хучайрахои вайроншударо нобуд сохта, микдори зиёдашон мемиранд. Фасоде, ки дар бофтахо хангоми илтихоб ба вучуд меояд, тудаи лейкоситхои нобудгашта мебошад.

Организмро аз чисмхои бегона на танхо як худи фагоситоз мухофизат мекунад. Илова бар ин дар организм сафедахои махсус – подтанхо хосил шуда, чисмхои бегона ва захри онхоро безарар мегардонанд (расми 42). Подтан бо иштироки навъхои махсуси лейкоситхо хосил мешавад, ки на факат дар хун, балки дар лимфа хам вомехурад. Чунин навъи лейкоситхоро лимфоситхо меноманд. Баъзеи онхо ба барангезандаи як бемори, масалан, барангезандаи сурхча таъсир мекунанд. Мавчудияти подтанхо мукобилияти организмро нисбат ба беморихои сирояткунанда устувор менамояд. Подтанхо метавонанд дуру дароз боки монанд, бинобар ин ба организм як бемори дубора таъсир намекунад. Фагоситоз ва подтанхо механизми ягонаи мухофизати организм – иммунитет ном гирифтаанд. Иммунитет организмро аз беморихои сирояткунанда нигох дошта, онро аз хучайрахои мурда, тагйирёфта ва бегона халос мекунад. Реаксияи сироятнопазир сабаби чудошавии узвхо ва бофтахои пайванди мебошад.

Хелхои иммунитет. Иммунитет 3 хел мешавад: 1) мероси; 2)табии ва 3) сунъи. Иммунитети мероси аз насл ба насл мегузарад ва аз вакти тавлид мавчуд аст. Иммунитети табии баъди ба ин ё он бемории сирояткунанда гирифтор шудани организм, баъди сихат ёфтан пайдо мешавад ва одам дуюмбора ба ин бемори гирифтор намешавад. Иммунитети сунъиро барои пешгири кардани беморихои сирояткунанда мояхои (ваксина) махсус тайёркарда шуда истифода мебаранд. Дар натича одам ба беморихои исхоли хунин, сил ва гайрахо гирифтор намешавад.

Иммунитет на ба хама барангезандахои беморихо кобилияти устувори дорад. Бинобар ин одам ба беморихои грипп, зарпарвин, гулудард ва гайра метавонад якчанд маротиба такроран гирифтор шавад.

Саволхо:
1. Аз руи кадом нишонахо лейкоситхоро ба ду гурух таксим мекунанд?
2. Сабаби беморихои сирояткунанда чист?
3. Лейкоситхо кадом вазифахоро ичро мекунанд?
4. Фагоситоз чист? Иммунитет чист?
5. Кадом намуди иммунитет мавчуд аст?
6. Зардоби шифои чист?

Кори амали

Сохти заррабинии хуни одам ва курбокка
Тачхизот барои амалиёт: микропрепарати рангкардаи тайёри
хуни одам ва курбокка, заррабин.

Рафти амалиёт:
а) Ба кор омода кардани микроскоп.
б) Ба зери заррабин гузоштани микропрепарати хуни одам.
в) Препаратро муоина кунед. Эритроситхоро ёфта расмашонро кашед.
г) Акнун ба зери заррабин микропрепарати хуни курбоккаро гузоред.
д) Эритроситхои хуни курбоккаро муоина карда, расмашонро кашед.
Онхо аз эритроситхои хуни одам чи фарк доранд?
Фикр кунед, ки кадом хун бисёртар оксиген меорад – хуни одам ё хуни курбокка. Барои чи?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …