Главная / Гуногун / Латифаи Сияхгуш

Латифаи Сияхгуш

Сияхгушро гуфтанд:
– Туро мулозимати сухбати шер ба чи ихтиёр афтод?
Гуфт:
– То фазали сайдаш мехурам ва аз шарри душманон дар панохи савлату зиндаги мекунам.
Гуфтанд:
– Акнун, ки ба зилли химояташ даромади ва ба шукри неъматаш эътироф карди, чаро наздиктар наёи, то ба халкаи хосонат дарорад ва аз бандагони мухлисат шуморад?
Гуфт:
– хамчунон аз батши у эмин нестам.

Агар сад сол габр оташ фурузад,
Ба як дам, к-андар у афтад, бисузад.

Афтад, ки надими хазрати султонро зар биёбад ва бошад, ки сар биравад ва хукамо гуфтаанд: «Аз талаввуни табъи подшохон бархазар бояд будан, ки вакте ба саломе биранчанд ва дигар вакт ба дашноме хилъат диханд ва овардаанд, ки зарофати бисёр кардан хунари надимон асту айби хакимон».

Ту бар сари кадри хештан бошу викор,
Бозию зарофат ба надимон бигузор.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …