Главная / Гуногун / Латифахои адаби

Латифахои адаби

Мо точикон хеле мехмондустем. Махсусан, агар мехмон хоричи бошад, уро ба таври худамон хеле эхтиром мекунем. Ин суннати ифтихории мост. Фарке надорад, ки ин мехмон ба мехмондории мо чи гуна муносибат мекунад, барои мо суннати худамон мухимтар аст. Хатто ба гушаи хаёламон намеояд, ки мехмон метавонад аз ин мехмоннавозии аз хад зиёд норохат бишавад. Мехмоннавози дар фахми мо бештар хурокдихи ба мехмон аст. Шояд замони пеш, ки мо- шину хавопаймо набудааст ва мехмонон рузу хафтахоро дар рох мегузаронидаанд, сабаб шуда бошад, ки мо саъй кунем мехмонро дар як нишаст барои як хафтаи пеш ва хафтаи баъди хурок дихем, то гушнагии дар рохи омаду рафт кашидаашро чуброн кунем.

xanda-latifaБоре, ходисаи чолибе руй дода буд. Як писари сохиби шир- кати бозаргонии амрикоии «Данавант» ба Точикистон мехмон шуда буд. Албатта, баъд аз даъвои зиёд, довталабон барои мехмон гирифтани у руйхати навбатро тахия карда буданд. Мо чанд нафар сарони ширкатхои содиркунандаи пахта низ дар ин зиёфатхо даъвати будем. Дар як зиёфати шоми ин сил- сила, мехмони амрикои баъд аз хурдани хуроки якум эълон кард, ки дигар чизе хурдан намехохад. Мизбон, хуроки дуву-
му севуму гайраро ба эътирози у нигох накарда, дар пешаш мемонд. Мехмон ин хурокхоро хам то охир мехурд. Нихоят, вакте пешаш ширини гузоштанд, у ба ман, ки дар канораш нишаста будам, гуфт:

  • Агар инро хам хурам, мемурам. Ман нигарон шуда гуфтам:
  • Нахур, пас, чаро мехури?.

Пурсид:

  • Мизбон норохат намешавад?
  • Чаро бояд норохат шавад? – пурсидам ман.
  • Охир ба ман гуфтанд, ки агар дар ин кишвар мурооти мизбонро рад куни, онро бехурмати ба сохиби хона медонанд, – чавоб дод у.

Бечора, у аз пурхурии гайриодат мариз шуд ва мо уро ду руз табобат кардем, то тавони тахаммули рохи баргаштро пай- до кунад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …