Главная / Илм / Лаблабу

Лаблабу

lablabui_surx-660x330Лаблабу   — ин ду навъ аст: а) лаблабуи сурх, ки ширин аст; б) лаблабуи сафеди зардтоб, ки ширинии он камтар назар ба навъи сурхи он. Бехтаринаш навъи сафеди он аст барои даво. Мизочаш мураккаб-ул-куво, яъне дар мизочхо муътадил аст.

Хислатхои шифобахши он: ин поккунандаи узвхо, тахлилдихандаи моддахои гафси бадан, кушояндаи гиреххо, парокандакунандаи балгам, сард ва хомушгардонандаи харорат аст. Агар худашро бихуранд, дарунро мебандад, гизоияташ кам, боднок аст. Бехтарин кисми он оби баргаш мебошад, бандхои барги он бехтар аз кисми заминиаш мебошад. Агар инро бипазанд таъми сузандагии он нест мешавад.

Лаблабуро пухта хамчун гизо бихуранд, барои иллати ларзак дору мешавад, иштиёки мубошаратро ба харакат меоварад, хусусан, ки пояаш сурх бошад, дар ин бобат бехтар аст. Агар инро бо сирко ва хардал (горчица) бихуранд, гирехи сипурзро мекушояд ва варами ин узвро тахлил медихад; барои дарди гурда, хичак ва беморихои макъад дору мешавад.

Оби баргашро бо талхшувок биёшоманд, балгамро аз бадан хорич мекунад, инчунин дардхои бугумхо ва никрис (подагра)-ро ба ибро меоварад.

Оби бехрешаи онро бо асал даромехта, дар бини бирезанд, майнаро аз моддахои зарарнок пок месозад; бо захраи куланг ном паранда даромехта дар бини резанд, барои кач шудани руй, дарди сар, дарди нимсар, ларзак, дарди дандон ва сурхии чашм, ки аз чамъ шудани ахлоти часпак бошад,  даво мебошад, инчунин муттасил оби барги онро дар бини бирезанд низ хамин фоидахоро дорад.

Оби барги онро бо равгани бодоми ширин ё бо асал даромехта, нимгарм бичаконанд, дарди гушро шифо мебахшад. Барг ва бехрешаи онро дар об чуш дода, бо он об бишуянд ё он обро кам-кам ва бардавом бирезанд, сабусаки сар, шапуш ва ришкро дафъ мекунад, дарди бугумхо ва никрисро шифо мебахшад.

Оби баргашро нимгарм бо натрун (танакори армани) хамир сохта гузошта банданд, доги сафеди пустро дафъ мекунад, ба чохои гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш муй меруёнад, варами пушти поро мегардонад, истиско (водянка)-ро шифо мебахшад ва дигар варамхоро тахлил медихад. Хусусан оби барги лаблабуи сафед дар ин амал кавитар аст.

Бо оби лаблабу ё бо обе, ки дар он лаблабу чушонида шуда бошад, хукна кунанд, моддахои сахти даруни рудахоро хорич мекунад, харошида шудани сатхи даруни рудахоро шифо мебахшад, макъади берунбаромадаро ба чойи аслиаш мебарад.

Баргашро дар об чуш дода, дар он об вакти нимгарм шудан батакрор дасту похоро андозанд, аз сармо кафидани ин узвхоро шифо мебахшад. Баргашро пухта, баъди хунук шуданаш бимоланд, сухтагии оташ ва аз оби чуш сухта ва инчунин сурхбодро шифо мебахшад.

Оби барги онро бо мумравгани аз муми занбури асал тайёркардашуда даромехта бимоланд, дарди варамхо ва доги кунчидакро дафъ мекунад.

lablabui_qand-1-244x300Барги хоми онро куфта гузошта банданд, доги сафеди пустро дафъ мекунад, ба чохои гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш муй меруёнад, захмхои хабиса (злокачественные язвы) ва ширинчаро шифо мебахшад, инчунин дарди бугумхоро таскин медихад. Агар ин баргро куфта, бо асал хамир карда гузошта банданд, шукуфаи пуст ва озаххоро хушк мекунад; бо хино даромехта гузошта банданд, муйро меруёнад ва онро сара мегардонад ва агар бо равгани бодоми ширин даромехта гузошта банданд, варамхоро мулоим мекунад.

Хар як кисми лаблабуро бо хардал ва обкома (оши турш) бихуранд, кулинчро тахлил медихад ва бодхои гализро пас менишонад. Вале хурдани лаблабу ба меъда зарар дорад ва агар бисёр бихуранд, дилро бехузур (бечо) мекунад, хунро месузонад, кулинч ва дарди рудахоро ба амал меоварад. Ва агар лаблабуро бо наск пухта, бо обкома, оби гураи ангур ва гайра бихуранд, хамаи ин зарархояш ислох меёбанд.

Агар оби лаблабуро дар сирко бирезанд, баъд аз чор соат онро шароб мегардонад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …