Главная / Илм / ЛОМИСА

ЛОМИСА

lomisaЛОМИСА, яке аз куввахои хисси панчгона. Л. барои рох ёфтан дар торики ёри мерасонад, имкон медихад, ки нафакат мавчудияти предмет, балки андоза, харорат, нами, сатхи он (хамвор, шахшул ва г.) муайян карда шавад. Хисси Л. аз мачмуи хабархое, ки ба магзи сар аз торхои асаб (ретсепторхо) меоянд, таркиб меёбад. Ретсепторхо асосан дар пуст ва луобпардахое чойгиранд, ки бевосита ба мухити берун алока доранд (мас., чавфи дахон, бини, халк ва г.). Л-и атрофи дахон ва луобпардаи лаб (хусусан дар кудакон) нихоят хассосанд. Баробари беш аз пеш калонсолтар шудан ва вобаста ба фаъолияти мехнати хассосии Л.-и ангуштон афзуда, дар натича кобилияти палмосида дарк кардани сифати предметхо пайдо мешавад. Харор. мухити атрофро нуги торхои асаб (терморетсепторхо) дарк мекунанд.
Расидани сигналхо (дар бораи вазъи бадан дар фазо ва дарачаи кашишхурии мушак) барои фаъолияти муътадили мушакхо шарти зарурист. Одам ин кабил сигналхоро хамчун «хисси мушак» дарк менамояд, ки онро ретсепторхои мушакхою бандхо интикол мекунанд. Одам ба чунин хиссиёт «такя» карда, дар мухити мукаррари аник ва дилпурона харакат мекунад. Вале дар муайян кардани масофаи предметхо нафакат «хисси мушак», балки босира хам иштирок менамояд.
Л. барои шахсони нобино дар дарки мухит ахамияти калон дорад. Нобиноён бо истифода аз Л. метавонанд кори басо нозук ва мураккабро ичро кунанд. Махсусан Л.-и шахсони хам нобино ва хам кар ба дарачаи баланд инкишоф ёфтааст. Таълими махсуси чунин одамон (таълими нутк, хат ва малакахои мехнати) бар такмили Л.-и онхо вобаста мебошад.
Ихтилоли хисси Л. дар кисман ё пурра гум кардани он ифода мегардад, ки ин ба иллатёбии силсилаи асабхои маркази вобаста аст. Пусти чойхои муайяни баъзе шахсон нихоят хассосанд. Аз хад зиёд хассос будани пуст мумкин аст окибати бемории баъзе узвхои даруни бошад. Чунин вобастаги дар ташхис ва табобати як катор амрози узвхои дарун (мас., ба чойхои хассоси пуст бо масх ва диг. усулхои табобат таъсир расондан) ба духтурон ёри мерасонад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …