Главная / Илм / ЛОКШИНА Елена Гавриловна

ЛОКШИНА Елена Гавриловна

lokshinaЛОКШИНА Елена Гавриловна (тав. 11. 11. 1918, ш. Ростов), травматолог (осебшинос), доктори илми тиб (1963), проф. (1964), Ходими Шоистаи Илми Точикистон (1967). Хатмкардаи Донишкадаи тиббии ш. Ростов (1939). Муддате дар хамин чо чун ассистент фаъолият доштааст. Иштирокчии ЧВБ. С.-хои 1941 – 47 духтури госпитали харби буд. С. 1948 ба Точикистон омада, дар Донишкадаи давлатии тибби ба хайси ассистент ба кор огоз намуд. Аз с. 1958 то 1969 мудири кафедраи травматология ва ортопедия буд. Дар мавзуи «Мушохидахои тачрибави ва клиники оид ба тармими нукси пайхо» рисолаи доктори химоя кардааст. Дар тули 10 соли рохбарии у ба кафедра 40 наф. духтурони осебшинос тарбия ёфтанд. Фаъолияти минбаъдааш дар Донишкадаи тиббии ш. Ростов гузаштааст. Аз мутахассисони варзидаи бемории остеомиелит ба шумор меравад. Сохиби беш аз 80 таълифот аст.
Ос.: О врожденной гемолимфоангиосаркоме, Сталинабад, 1952; Комплексный метод лечения гематогенного остеомиелита, Сталинабад, 1953; Аллопластика сухожилей, Ленинград, 1964.

Ё. Назармамадов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …