Главная / Илм / ЛОЙКАШИФОи

ЛОЙКАШИФОи

loikashifoiЛОЙКАШИФОи, пелоидотерапия, бо максади табобат истифода бурдани лой (пелоид)-хои манбаашон гуногун – торфи, сулфиди, сапропели ва г. Лойхои торфи асосан аз моддахои вайроншудаи органики ва бокимондаи пусидаи растани иборатанд. Тахшинхои лойкагие, ки асосан аз моддахои органики таркиб ёфта, каме моддахои маъдани хам доранд, тахшинхои сапропели номида мешаванд. Лойхои сулфиди тахшинхои органикию минералии обанборхои шуранд, ки микдори зиёди сулфид (аз чумла сулфиди охан) доранд. Моддахои лоймонанд (парафину озокерт) бо хусусиятхои физикиашон ба лойхо наздиканд.
Лойхои гармкардаи табобати гармиро дер нигох дошта, онро тадричан ба бадан медиханд. Байни лой ва пусти бемор кабати тунуки хавою газ ба вучуд меояд ва ба туфайли хамин кабат ба гармии он токат кардан мумкин аст. Хол он ки ба чунин харорат дар об токат кардан имконнопазир мебошад. Гайр аз омили гарми (омили асоси) хамчунин ангезиши химиявии пуст ва таъсири сулфиди гидроген, аммиак ва баъзе моддахои газмонанди таркиби лой, ки ба воситаи пуст ба организм мегузаранд, ахамияти калон доранд. Лои табобати нуги асабхои пустро ангехта, ба таври рефлекси ба воситаи марказхои олии асаб ба фаъолияти системаи асаб, гардиши хун, гадудхои тарашшухи даруни, мубодилаи моддахо ва г. таъсир мерасонад. Л. ба бехтар шудани гардиши хун дар чои осебдидаи бадан, чаббиши манбаи газак, мубодилаи моддахо, эътидоли фаъолияти гадудхои тарашшухи даруни мусоидат мекунад.
Дар аснои Л. лойкаи табобатиро ба тамоми бадани бемор (ба гайр аз сар ва болои дил) ё ба чойхои алохидаи бадан мемоланд. Усули охири бештар истифода мешавд.
Беморро ба болои кати махсус хобонда, пас аз гузоштани лой уро мепечонанд. Баъди ба охир расидани проседура лойро мегиранд, бокимондаи он аз бадан дар зери душ (36 – 37°С) шуста мешавад. Барои табобати баъзе беморихо ба истилох Л.-и чавфиро истифода мебаранд: барои беморихои занона фатилаи лоиро ба махбал, барои беморихои урологии мардон фатилаи лоиро ба рудаи рост медароранд. Як навъи Л. гилдармони аст. Дар ин маврид аз гилхои равганин ва мулоим истифода мебаранд: онро аввал хушк ва аз омехтахо тоза карда, бо махсули 10-фоизаи намаки ош то мархаммонанд шуданаш меомезанд. Гили гармкардаро ба чойхои зарардидаи бадан мемоланд.
Парафин ва озокерт (муми кухи) дар амалияи физиотерапия фаровон истифода мешаванд. Онхо гармиро кам гузаронда, бисёртар ба худ мегиранд ва бо мурури хунук ва хачман хурд шуданашон ба бофтахои зери худ фишор меоранд. Парафин ва озокеритро хамчун моддаи гудохта бо харорати муайян ба бадан гузошта, болояшро бо курпа мепушонанд. Баъди анчоми проседура ба пуст вазелин, спирт ё одеколон молида мешавад. Парафин ва озокеритро чун ваннача ва никоб низ истифода мебаранд.
Л.-ро дар курортхое, ки дар наздикии конхои лой чойгиранд, дар шифогоххои махсус, инчунин дар шуъбахои физиотерапевтии беморхонахо, поликлиникахо, санаторияхо ва диг. муассисахои табобатию профилактики (ба он чо лой оварда мешавад) мегузаронанд. Лойро барои табобати беморихои музмин ва осеби устухон, мушак ва бугум, системаи асабхои канорию маркази, газаки музмини узвхои чинсии занону мардон, барои табобати баъзе беморихо ва илтихоби чавфи шикам истифода мебаранд.
Л. ба организм таъсири пурзур мерасонад. Бинобар ин онро факат бо таъиноти духтур ва зери назорати у гузарондан лозим аст. Хангоми баъзе беморихои дил, рагхои хун, гурда, чигар, омосхо ва тамоюл ба хунрави Л. метавонад ахволи беморро бад кунад. Дар аснои Л. ба коидахои мукарраршуда катъи риоя кардан зарур аст. Баъди проседурахо дар катчаи хонаи истирохат 30 – 40 дак., фаслхои хунуки сол бошад, аз ин хам зиёдтар истирохат бояд кард. Баъди ба палата ё ба хона омадан, боз 1 – 2 соат дароз кашидан лозим аст. Дар давраи табобат бо лой аз хунукхури (дар обанборхои хунук оббози кардан ва г.) ва кори чисмони худдори бояд кард. Бо шиками гурусна низ ба муолича шуруъ кардан чоиз нест; (баъд аз 2 – 3 соати таом хурдан бехтар аст). Баъзан баъди аввалин проседура бемор хаставу заиф ва дард сахттар мешавад (ба истилох тазохуроти балнеологи), вале рузхои минбаъда, одатан, ин гуна эхсоси нохуш бартараф мегардад

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …