Главная / Чамъият / ЛИЗИНГ ИЧОРАИ МОЛИЯВИ ЧИСТ ?

ЛИЗИНГ ИЧОРАИ МОЛИЯВИ ЧИСТ ?

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

ДАР БОРАИ ИЧОРАИ МОЛИЯВИ (ЛИЗИНГ)

(КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  соли 2003, №4, мод.139;

Конуни ЧТ аз 15.03.2016 с., №1300; аз 14.11.2016 с., №1375)

Конуни мазкур асосхои ташкили, хукуки ва иктисодии ичораи молияви (лизинг)-ро  (минбаъд – лизинг) муайян намуда, муносибатхое, ки дар раванди фаъолияти лизинги ба вучуд меоянд, танзим менамояд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375) 

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ 

leasing_mainpage_screen

Моддаи 1. Сохаи татбики Конуни мазкур

Сохаи татбики Конуни мазкур лизинги молу мулке мебошад, ки ба ашёхои гайриистеъмоли мансуб буда, бо максади сохибкори барои сохиби ва истифодабарии муваккати ба шахсони хукукива сохибкорони инфироди дода мешаванд.  (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1300; КЧТ аз 14.11.16 с., №1375) 

Моддаи 2. Мафхумхои асоси

                  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

– лизинг – мачмуи муносибатхои ташкили, иктисоди ва хукукие, ки ба ичрои шартномаи лизинг вобастаанд;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

– лизинги молияви – намуди лизинг, ки баъди ба анчом расидани мухлати он хукуки моликият ба предмети лизинг метавонад тибки шартнома ба лизинггир гузарад;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

– лизинги амалиёти – намуди лизинг, ки баъди ба анчом расидани мухлати он предмети лизинг ба моликияти лизинггир намегузарад ва ба лизингдех баргардонида мешавад;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

– лизинги баргардонидашаванда – намуди лизинг, ки тибки он лизинггир молу мулки худро ба лизингдех бо шарте мефурушад, ки минбаъд лизингдех ин молу мулкро ба лизинггир ба лизинг месупорад;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

– фаъолияти лизинги – намуди фаъолияти сармоягузори оид ба харидани молу мулк ва ба лизинг додани он;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

– хизматрасонихои (корхои) иловаги – хизматрасонихое (корхое), ки лизингдех ё фурушанда то огози истифодабари ва ё дар чараёни истифодаи предмети лизинг ба лизинггир расонидаанд ва ба ичрои шартномаи лизинг вобаста мебошанд;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

– шартномаи лизинг – ахди хаттие, ки мутобики он лизингдех ухдадор мешавад  молу мулки нишондодаи лизинггирро аз фурушандае, ки хамин лизинггир муайян кардааст, хамчун моликият харидори намуда, онро барои сохиби ва истифодабарии муваккатии бо пардохт барои максадхои сохибкори ба лизинггир пешниход намояд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи лизинг

                   (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи лизинг ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 4. Предмети лизинг

                   (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Предмети лизинг метавонад хама гуна ашёву анчоми гайриистеъмоли, аз чумла корхонахо ва дигар мачмааи амволи, бино, иншоот, тачхизот, воситахои наклиёт ва дигар амволи манкул ва гайриманкуле бошанд, ки барои фаъолияти сохибкори истифода бурда мешаванд.  (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1300; КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Предмети лизинг наметавонад китъахои замин ва дигар объектхои табии ва инчунин амволе бошад, ки гардиши озоди он махдуд ё манъ карда шудааст, ё барои он тартиби махсуси муомилот мукаррар гардидааст.  (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1300; КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Махдуд ё манъ будани гардиши озоди молу мулк, аз чумла,  тартиби махсуси гардиши молу мулкро, конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 5. Субъектхои лизинг

(КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Субъектхои лизинг инхо мебошанд:  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

– лизингдехшахси вокеи ё сохибкори инфиродие, ки аз хисоби маблагхои чалбгардида ё худи дар чараёни татбики шартномаи лизинг молу мулкро  ба моликият мехарад ва онро ба сифати предмети лизинг ба лизинггир ба ивази маблаги муайян ба мухлат ва бо шартхои муайян барои сохиби ва истифодаи муваккати бо гузаштан ё нагузаштани хукуки моликият ба предмети лизинг ба лизинггир  медихад. Ташкилотхои тичорати мутобики конунгузории Чумхурии Точикис­тон ва хуччатхои таъсисиашон метавонанд ширкатхои лизингиеро таъсис диханд, ки танхо функсияи лизингдехро ичро менамоянд;  (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1300; КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

– лизинггиршахси хукуки ё сохибкори инфиродие, ки мутобики шартномаи лизинг вазифадор аст, предмети лизингро ба ивази маблаги муайян ба мухлат ва бо шартхои муайян барои сохиби ва истифодаи муваккати кабул намояд;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

– фурушанда – шахси хукуки ё сохибкори инфиродие, ки мутобики шартнома молу мулкеро, ки предмети лизинг хисоб мешавад, ба лизингдех дар мухлати шартгардида мефурушад. Фурушанда хамзамон метавонад дар доираи як муносибати хукукии лизинг  ба сифати лизинггир  баромад намояд. (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1300; КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Субъекти лизинг метавонанд резидентхо ва гайрирезидентхои Чумхурии Точикистон бошанд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 51 . Намудхои лизинг

(КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Намудхои лизинг инхоянд:  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

– лизинги молияви;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

– лизинги амалиёти;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

– лизинги баргардонидашаванда.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Дар шартномаи лизинг бояд яке аз намудхои лизинги дар кисми якуми моддаи мазкур муайяншуда пешбини карда шавад. Бо мувофикаи тарафхо мумкин аст фурушандаи молу мулкро лизингдех муайян намояд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Лизинге, ки дар он лизинггир ва лизингдех резиденти Чумхурии Точикистон мебошанд лизинги дохили хисоб мешавад ва лизинге, ки дар он яке аз субъектхо гайрирезиденти Чумхурии Точикистон мебошад, лизинги байналмилали ба хисоб меравад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 6. Сублизинг

                   (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Сублизинг – намуди зеркирояи предмети лизинг, ки мувофики он лизинггир тибки шартномаи лизинг ба шахсони сеюм (лизинггирон аз руи шартномаи сублизинг) молу мулкеро, ки пештар аз лизингдех тибки шартномаи лизинг гирифтааст ва он предмети лизинг мебошад, бо пардохт ва ба мухлати мутобик ба шартхои шартномаи сублизинг барои сохиби ва истифодабари медихад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Хангоми ба сублизинг додани молу мулк хукуки талаб ба фурушанда тибки шартномаи сублизинг ба лизинггир мегузарад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Додани предмети лизинг ба сублизинг бо розигии хаттии лизингдех анчом дода мешавад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Мухлати сублизинг набояд аз мухлати лизинг, ки шартномаи лизинг мукаррар  намудааст, зиёд бошад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

БОБИ П. АСОСХОИ ХУКУКИИ МУНОСИБАТХОИ ЛИЗИНГИ

(КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 7. Шакл ва мазмуни шартномаи лизинг

                     (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Шартномаи лизинг сарфи назар аз мухлаташ дар шакли хатти баста мешавад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Барои ичрои ухдадорихои худ аз руи шартномаи лизинг субъектхои лизинг шартномахои хатми ва иловаги мебанданд.(КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Ба шартномахои хатми шартномае мансуб мебошад, ки мутобики он молу мулк аз фурушанда ба лизингдех, дода мешавад.Ба шартномахои иловаги шаргномаи чалб намудани маблагхои пули, шартномаи гарав, шартномаи кафолат, шартномаи замонат ва гайрахо мансуб мебошанд.  (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1300; (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Шартномаи лизинг  бояд:  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

–          предмети шартнома;

–     тартиби тахвил ва кабули амвол; (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1300)

–     хукук ва ухдадорихои тарафхо;

–     истифодаи амвол, нигохубину таъмир ва тачдиди он;

–   мухлати лизинг(КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

–   пардохтхои лизинг ва мучозотхои чаримави;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

–   масъулияти тарафхо;

–   тартиби халлу фасли бахсхо;

–   шартхои пеш аз мухлат бекор кардани шартнома;

–   амали тарафхо оид ба анчомрасонии ахдхо;

–   форс – мажор;

–  сурогахои хукуки ва реквизитхои бонки;

–  ва шартхои дигарро муайян намояд.

Шартномаи лизинг шартхои расонидани хизматрасонии иловаги ва гузаронидани корхои иловагиро метавонад дар бар гирад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Номгуи, хачм ва арзиши хизматрасонихои (корхои) иловаги бо созишномаи тарафхо муайян карда мешавад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Бо созишномаи тарафхо дар шартномаи лизинг мумкин аст шартхои дигари лизинг муайян карда шаванд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Шартномаи лизинг метавонад пешбини намояд, ки интихоби фурушанда ва молу мулки харидоришаванда аз чониби лизингдех анчом дода шавад. Дар ин холат лизингдех барои интихоби фурушанда ва предмети лизинг масъулиятро ба зимма мегирад. (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1300; КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Шартномаи лизинг метавонад хукуки лизинггирро барои дароз намудани мухлати лизинг бо нигох доштан ё тагйир додани шартхои шартномаи лизинг пешбини намояд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 8. Хукук ва ухдадорихои лизингдех

                 (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Ичорадех хукук, дорад:

а) пардохтхои лизинги мухлаташон гузаштаро, ки бояд ба у пардохт карда шаванд ва инчунин чуброни зарарро талаб намояд;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

б) аз болои фаъолияти лизинггир дар он кисмате, ки ба предмети лизинг ва ичрои ухдадорихои лизинггир мутобики шартномаи лизинг мансуб аст, назорат барад;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

в) дар холати аз тарафи лизинггир вайрон гардидани ухдадорихо оиди баргарлонидани предмети лизинг, ворид намудани пардохтхоро барои мухлати вайронкардашуда ва чуброни зарар талаб намояд;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

г) аз лизинггир иттилооти заруриро ба таври хатти барои анчом додани назорат аз болои вазъияти молиявии лизинггир талаб намояд;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

д) ба предмети лизинг тамгае гузорад, ки вай аз моликияти лизингдех будани ин ашё ва он мутобики шартномаи лизинг дар сохиби ва истифодабарии лизинггир карор доппан гувохи дихад;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

е) предмети лизингро аз лизинггир дар холатхои пешбининамудаи Конуни мазкур талаб намояд;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Лизингдех ухдадор аст:  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

а) предмети лизингро, ки бо лизинггир мувофика шудааст, аз фурушанда барои моликияти худ харидори намояд ва онро бо шартхои дар шартномаи лизинг муайянгардида барои сохиби ва истифодабари ба лизинггир дихад;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

б) баъди харидори намудани предмети лизинг фурушандаро ба таври хатти дар бораи он, ки вай барои додан ба лизинг ба шахси муайян (лизинггир) таъин гардидааст, огох  намояд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Лизингдех метавонад хукуку ухдадорихои дигаре дошта бошад, ки конунгузории Чумхурии Точикистон ё шартномаи лизинг мукаррар намудааст.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 9. Хукук ва ухдадорихои лизинггир

(КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Лизинггир хукук дорад:  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

а) предмети лизингро мутобики шартхои шартномаи лизинг  сохиби кунад ва истифода барад;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

б) бевосита ба фурушандаи (тахвилгари) предмети лизинг талаботро нисбати сифат ва пурраги, мухлати тахвил ва талаботи дигареро, ки шартномаи хариду фуруши байни фурушанда (тахвилгар) ва лизингдех мукаррар намудааст, пешниход намояд;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

в) аз гирифтани предмети лизинг даст кашад ё ивази предмети лизингро талаб намояд, шартномаи лизингро бекор кунад, агар предмети лизинг тахвил нашуда бошад, аз мухлат дер тахвил шуда бошад ё бо камбудихои ислохнашавандае тахвил шуда бошад, ки ба истифодабарии предмети лизинг мутобики таъиноти дар шартномаи лизинг пешбинишуда монеъ гарданд, ба истиснои холатхое, ки интихоби тахвилгар аз чониби лизинггир анчом дода шуда бошад;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

г) баъди катъ гардидани шартномаи лизинг  чуброни арзиши бехгардонидашудаи предмети лизингро, ки барои предмети лизинг бидуни зарар чудонашаванда мебошад ва лизинггир, бо розигии лизингдех, аз хисоби маблагхои худ анчом додааст, талаб намояд, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбини нашуда бошад;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

д) камкунии маблаги пардохтхои лизингро талаб намояд, агар бинобар холатхос ки у барои онхо чавобгар нест, шароитхои истифодабари, ки дар шартномаи лизинг пешбини шудаанд, ба таври назаррас бад шуда бошанд;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

е) предмети лизингро, ки тибки шартномаи лизинг гирифтааст, бо розигии хаттии лизингдех барои сублизинг ба шахси сеюм дихад ва дар назди у мутобики шартномаи лизинг масъул боки монад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Лизинггир ухдадор аст:  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

а) дар сурати ба шартхои шартномаи лизинг чавобгуй будани предмети лизинг онро кабул намояд ва предмети лизингро аз руи таъиноташ тибки шартнома лизинг  истифода барад; (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

б) аз хисоби худ хизматрасонии техники, таъмири асоси ва чории предмети лизингро (аз чумла пардохтхои коммуналии заруриро вобаста ба предмети лизинг) анчом дихад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбини нашуда бошад;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

в) ба лизингдех иттилооти барои анчом додани назорати вазъи молиявии у зарурбударо пешниход намояд;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

г) барои лизингдех бемонеа дастрас буданро ба предмети лизинг таъмин намояд, инчунин тибки дархости хаттии лизингдех иттилоотро оид ба холати техникии предмети лизинг ба вай пешниход намояд, агар шартнома ва конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигареро пешбини накарда бошанд;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

д) баъди катъ гардидани шартномаи лизинг  ба лизингдех предмети лизингро  дар он холате, ки гирифта буд, бо назардошти кухнашавии муътадил ё дар  холате, ки дар шартномаи лизинг мукаррар гардидааст, баргардонад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Лизинггир метавонад хукуку ухдадорихои дигаре дошта бошад, ки конунгузории Чумхурии Точикистон ва шартномаи лизинг мукаррар намудаанд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 10. Хукук ва ухдадорихои фурушанда

Хукук ва ухдадорихои фурушанда мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ва шартномаи хариду фуруш ё тахвил муайян карда мешаванд.

Лизинггир хукук дорад талабхоеро, ки аз шартномаи хариду фуруши байни фурушанда ва лизингдех басташуда, аз чумла дар бобати сифат ва мукаммалии молу мулк, мухлатхои тахвили он ва дар дигар холатхои ба таври лозима ичро нагардидани шартнома бармеоянд, бевосита ба фурушандаи предмети шартномаи лизинг пешниход намояд. Дар ин холат лизинггир хукук ва ухдадорихои барои харидор пешбинигардидаро бе розигии лизингдех, ба гайр аз ухдадорихои пардохти молу мулки  харидашуда ва бекор кардани шартномаи хариду фурушро бо фурушанда, дорад. (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1300; КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Фурушанда оиди як зарари расонидашуда набояд хамзамон хам дар назди лизингдех ва хам  дарназди лизинггир масъулият дошта бошад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Дар холате, ки шартномаи лизинг бо иштироки лизингдех, лизинггир ва фурушандабаста шуда бошад, он гох хукук ва вазифахои фурушанда мутобики шартномаи лизинг  мукаррар карда мешаванд. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Моддаи 11. Тагйирдихи ва бекор кардани шартномаи лизинг

                      (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Бо талаби яке аз тарафхо шартномаи лизинг дар холатхои пешбининамудаи шартнома ё санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мумкин аст тагйир дода шавад ё бо тартиби суди пеш аз мухлат бекор карда шавад. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Дар холатхои зерин аз руи талаби ичорадех шартномаи ичораи молияви мумкин аст бо созишномаи тарафхо ё аз чониби суд пеш аз мухлат бекор карда шавад, предмети ичораи молияви бошад, ба ичорадех аз хисоби лизинггир баргардонида шавад:  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

а) агар лизинггир  холати предмети лизингро ба таври назаррас бад гардонад;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

б) агар лизинггир предмети лизингро бо вайрон кардани шартхои шартном лизинг ё шартхои таъинотии предмети лизинг, сарфи назар аз огохии хаттии лизингдех дар бораи хотима додани хамин гуна амалхо, истифода барад;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

в) агар лизинггир баъди ба охир расидани мухлати пардохте, ки шартномаи лизинг мукаррар намудааст, ду маротиба ва ё бештар аз он паси  хам  пардохти номбурдаро, ворид накунад;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

г) агар лизинггир таъмири асосии предмети лизингро дар мухлатхои дар шартномаи лизинг мукарраргардида ва дар сурати дар шартнома набудани онхо бошад, дар мухлати мукаррари анчом надихад, дар хамон холатхое, ки мутобики конун ё шартномаи ичораи мол ухдадории гузаронидани таъмири асоси ба зиммаи лизинггир гузошта шуда бошад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Дар холатхои зерин бо талаби лизинггир шартномаи ичораи молияви мумкин аст бо созишномаи тарафхо ё аз чониби суд пеш аз мухлат бекор карда шавад, предмети ичораи мол бошад, ба ичорадех аз хисоби у баргардонида шавад:  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

а) агар лизингдех предмети лизингро надихад ё барои истифодаи предмети лизинг мутобики шартхои шартнома монеахо ба вучуд орад;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

б) агар предмети лизинги додашуда камбудихое дошта бошад, ки барои истифодаи он монеъ шаванд ва онхо дар шартномаи лизинг зикр нашуда бошанд;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

в) агар лизингдех мухлати тахвили предмети лизингро вайрон карда бошад, ба истиснои он холатхое, ки тахвилгарро лизинггир интихоб намуда бошад;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

г) агар лизингдех таъмири асосии предмети лизингро дар мухлатхои дар шартномаи лизинг мукарраргардида ва дар сурати дар шартнома набудани онхо бошад дар мухлатхои мукаррари анчом надихад, дар хамон холатхое, ки мутобики конун ё шартномаи лизинг ухдадории гузаронидани таъмири асоси ба зиммаи лизингдех гузошта шуда бошад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 12. Чавобгарии субъектхои лизинг

                    (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Чавобгарии лизингдех, лизинггир  ва фурушанда мутобики шартномаи лизинг, шартномаи хариду фуруш ва санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Сохиби номии (титулии) предмети лизинг дар назди шахсони сеюм барои зараре, ки предмети лизинг ба онхо расонидааст ё зарари ба он вобаста чавобгар аст.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Лизинггир ва лизингдех дар муносибат бо фурушанда хамчун кредиторони муштарак баромад мекунанд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 13. Ба сохиби ва истифодаи муваккати додани предмети шартномаи лизинг, хизматрасони

                 ва баргардонидани он

(КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Лизингдех вазифадор аст молу мулкеро, ки предмети лизинг мебошад дар холати мутобикбуда ба шартхои шартномаи лизинг ва таъинотии хамин молу мулк  ба лизинггир пешниход намояд.  (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1300;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Предмети лизинг  дар якчояги бо хамаи асбобу анчом ва хуччатхо (шиносномаи техники ва гайра) ба лизинг дода мешавад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбини нагардида бошад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Лизинггир аз хисоби худ хизматрасонии техникии предмети лизингро ба чо меорад, нигохдории онро таъмин мекунад, инчунин таъмири асоси ва чории предмети лизингро анчом медихад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбини нагардида бошад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Хизматрасонии кафолатноки предмети лизинг мумкин аст аз чониби фурушанда анчом дода шавад, агар ин дар шартномаи хариду фуруш байни лизингдех ва фурушандаи предмети лизинг пешбини гардида бошад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Хангоми катъ гардидани шартномаи лизинг лизинггир вазифадор аст предмети лизингро дар холате, ки вай гирифта буд, бо назардошти фарсудагии миёна ё фарсудагии дар шартномаи лизинг мукарраргардида, ба лизингдех баргардонад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Агар лизинггир предмети лизингро барнагардонад ё сари вакт барнагардонад, лизингдех хукук дорад барои мухлати гузаронидашуда ворид намудани пардохтхоро талаб намояд. Дар холате, ки агар пардохти номбурда зарари ба лизингдех расонидашударо напушонад, у метавонад пушонидани онхоро ба воситаи суд талаб намояд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Дар холате, ки агар лизингдех барои сари вакт барнагардонидани предмети лизинг ноустуворона пешбини намуда бошад, мумкин аст зарар аз лизинггир дар хачми пурра илова ба ноустуворона ситонида шавад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбини нагардида бошад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 14. Хукуки моликият ба предмети лизинг

(КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Предмети лизинг, ки барои сохиби ва истифодабарии муваккати ба лизинггир дода шудааст, моликияти лизингдех мебошад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Дар шартномаи лизинг мумкин аст пешбини гардад, ки предмети лизинг баъди ба охир расидани мухлати шартномаи лизинг ё то анчом ёфтани он ба моликияти лизинггир  гузарад, ба шарте, ки аз чониби лизинггир арзиши пурраи харидории дар шартномаи мукарраргардида ворид карда шавад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Агар шарти харид намудани предмети лизинг дар шартномаи лизинг пешбини нашуда бошад, онро метавонанд бо созишномаи иловагии тарафхо, ки зимнан хукук доранд дар бобати ба хисоби арзиши харидори пардохт намудани маблагхои истифодабарии предмети лизинг ба мувофика омада, мукаррар кунанд. Бо Конун мумкин аст холатхои манъ намудани харидории предмети лизинг пешбини карда шаванд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Хукуки сохиби ва истифодабарии муваккатии предмети лизинг дар хачми пурра ба лизинггир мегузарад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре мукаррар нашуда бошад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Хукуки ихтиёрдории лизингдех ба предмети лизинг аз хукуки гирифтани предмети лизинг аз сохиби ва истифодабарии лизинггир дар холатхо ва бо тартибе, ки конунгузории Чумхурии Точикистон ва шартномаи лизинг мукаррар намудааст, иборат мебошад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Хангоми муфлисшавии лизинггир, инчунин хабс ва мусодира намудан ё ба кор бурдани руёнидани зарар ба амволи у, предмети лизинг аз молу мулки лизинггир  чудо карда мешавад ва бояд ба лизингдех, ки метавонад онро тибки салохдиди худ ихтиёрдори намояд, баргардонида шавад. (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1300; КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Бехсозихои чудошавандае, ки лизинггир дар предмети лизинг анчом додааст, моликияти у мебошанд, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбини накарда бошад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Дар холате, ки лизинггир бо розигии хаттии лизингдех аз хисоби маблагхои худ бехсозихои аз предмети лизинг чудонашавандаро бидуни зарар ба предмети лизинг анчом дода бошад, лизинггир баъди катъ гардидани шартномаи лизинг хукуки баргардонидани арзиши ин бехсозихоро дорад, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбини накарда бошад. Дар дигар холатхо лизинггир барои талаб намудани баргардонии арзиши ин бехсозихо хукук надорад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 15. Гузашт  намудани хукук тибки шартномаи лизинг ба шахси сеюм ва гаравмонии

                 предмети лизинг

                (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Лизингдех метавонад пурра ё кисман хукукхои худро оиди предмети лизинг ба шахси сеюм гузашт намояд ё ба гарав монад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Лизингдех хукук дорад бо максади чалб намудани маблагхои пули предмети лизингро ба сифати гарав истифода барад. Лизингдех хукук надорад предмети лизингро ба сифати гарав бе розигии лизинггир истифода намояд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Лизингдех вазифадор аст лизинггирро дар бораи хамаи хукукхои шахсони сеюм ба предмети лизинг огох намояд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 16. Тартиби бакайдгирии молу мулк (предмети шартномаи лизинг) ва хукук ба он

                       (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1300; КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Бакайдгирии хукук ба молу мулк  (предмети шартномаи лизинг) аз руи шартномаи лизинг дар холатхо ва бо тартибе, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, анчом дода мешавад. (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1300; КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Предмети шартномаи лизинг аз руи созиши тарафхо ба номи лизингдех ё лизинггир ба кайд гирифта мешаванд. Зимнан дар хуччатхои бакайдгири маълумот дар бораи молик ва сохиби (истифодабарандаи) молу мулк хатман зикр карда мешавад. Дар холати бекор карда шудани шартномаи лизинг ва аз тарафи лизингдех баргардонида гирифтани предмети лизинг, бо аризаи у макомоти давлатие, ки барои бакайдгири ваколатдор мебошад, вазифадор аст сабти номи сохиби (истифодабарандаи) молу мулкро  беэътибор гардонад.  (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1300; (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 17. Сугуртаи предмети лизинг ва таваккалхо

                    (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Предмети лизинг аз таваккали гум шудан (нобуд шудан), камомад ё зарар дидан аз лахзаи тахвили молу мулк ба фурушанда то лахзаи анчом ёфтани мухлати амали шартномаи лизинг мумкин аст сугурта карда шавад, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбини нагардида бошад. (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1300; (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Сугурта намудани таваккалхои сохибкори (молияви) бо розигии тарафхои шартномаи лизинг анчом дода мешавад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Лизинггир дар холатхои муайяннамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон бояд чавобгарии худро барои ичрои ухдадорихое, ки дар натичаи расонидани зарар ба хает, саломати ё молу мулки шахсони дигар дар чараёни истифодабарии молу мулки лизинг ба вучуд меоянд, сугурта намояд. (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1300; (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Лизинггир хукук дорад таваккали чавобгарии худро барои вайрон кардани  шартномаи лизинг ба фоидаи лизингдех сугурта намояд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 18. Таксимоти таваккал байни тарафхои шартномаи лизинг

                     (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Чавобгари барои хифзи предмети лизинг аз хама гуна зарари молияви ва хамчунин барои таваккали вобаста ба нобудшави, гумшави, корношоямшави, дуздидан, пеш мухлат вайрон шудан, хатогихои хангоми васлкуни ё истифодабари рохдодашуда ва дигар хавфхои молу мулки  аз лахзаи кабули аслии предмети лизинг ба души лизинггир мебошад, агаршартномаи лизинг тартиби дигаре пешбини накарда бошад.  (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1300; (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Таваккалиаз чониби фурушанда ичро нагардидани ухдадорихои шартномаи хариду фуруши предмети лизинг ва зарархои вобаста ба он ба души хамон тарафи шартномаи лизинг мебошад, ки фурушандаро интихоб намудааст. агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбини накарда бошад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Таваккали мутобикат накардани предмети лизинг ба хадафхои истифодабарии хамин предмет тибки шартномаи лизинг ва зарархои вобаста ба он ба души тарафе мебошад, ки предмети лизингро интихоб намудааст, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбини накарда бошад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 19. Ба кор бурдани руёнидани зарар ба фоидаи шахсони сеюм ба предмети лизинг

                  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Ба предмети лизинг ба фоидаи шахси сеюм аз руи ухдадорихои лизинггир руёнидани зарар ба кор бурда намешавад, аз чумла дар холатхое, ки агар предмети лизинг  ба номи лизинггир  ба кайд гирифта шуда бошад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Руёниши шахсони сеюм, ки ба молу мулки лизингдех нигаронида шудааст, мумкин аст танхо ба хамин объекти хукуки моликияти лизинг­дех нисбати предмети лизинг ба кор бурда шавад. Дар натичаи конеъ гардонидани руёниш ба бадастоварандаи хукукхои лизингдех доир ба предмети лизинг ба таври хатми на танхо хукук, балки ухдадорихои лизингдех, ки дар шартномаи лизинг муайян шудаанд, мегузаранд. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 20. Бахисобгирии предмети лизинг ва татбики механизми истехлоки (амортизатсияи) босуръати

предмети лизинг

(КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Предмети лизинг, ки мутобики шартномаи лизинг ба лизинггир дода шудааст, бо созишномаи тарафхо дар баланси лизингдех ё лизинггир ба хисоб гирифта мешавад. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Тарафхои шартномаи лизинг хукук доранд аз руи мувофикаи мутакобила истехлоки (амортизатсияи) босуръати предмети лизингро истифода намоянд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Хисоб карда баровардани истехлокро (амортизатсияро) хамон тарафи шартномаи лизинг анчом медихад, ки предмети лизинг дар балансаш мебошад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 21. Кашида гирифтан ва баргардонида гирифтани предмети лизинг аз лизинггир

                     (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Тартиби кашида гирифтан ва баргардонида гирифтани предмети лизинг аз чониби лизингдех мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ва шартномаи лизинг муайян карда мешавад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 22. Пардохтхои лизинг

(КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Пардохт барои сохиби ва истифодабарии молу мулке, ки мутобики шартномаи лизинг дода шудааст, аз чониби лизинггир дар шакли пардохтхои лизинг ба лизингдех пардохта мешаванд. Пардохтхо метавонанд чи дар шакли пули ва чи дар шакли асли, аз чумла кор ва хизматрасони анчом дода шаванд.  (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1300; (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Тахти пардохтхои лизинг  маблаги умумии пардохтхои шартномаи лизинг дар тамоми мухлати амал намудани шартномаи лизинг фахмида мешавад, ки ба онхо баргардонидани харочотхои лизингдех вобаста ба харидори ва тахвили предмети лизинг ба лизинггир, чуброни харочоти вобаста ба расонидани хизматрасонихои дигари дар шартномаи лизинг пешбинигардида, инчунин даромади лизингдех дохил мешаванд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Ба маблаги умумии шартномаи лизинг мумкин аст нархи хариди предмети лизинг дохил карда шавад, агар шартномаи лизинг ба лизинггир гузаштани хукуки моликиятро ба предмети лизинг пешбини карда бошад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Хачм, тарз, шакл ва давра ба давра ворид намудани пардохтхо дар шартнома бо мувофикаи тарафайн муккаррар карда мешаванд. Агар лизинггир ва ичорадех хисоббаробаркунии пардохтхои ичораи молиявиро бо махсулоте (дар шакли молие), ки бо воситаи предмети ичораи молияви истехсол мешавад, анчом диханд, нархи ин махсулот бо мувофикаи тарафхои шартномаи ичораи молияви муайян карда  мешавад. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Агар лизинггир ва лизингдеі іисоббаробаркунии пардохтіои лизингро бо маісулоте (дар шакли аслие, аз иумла иирои кор ё хизматрасонх), ки бо воситаи предмети лизинг истеісол мешавад, аниом диіанд, нархи ин маісулот бо мувофиѕаи тарафіои шартномаи лизинг муайян карда мешавад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбини нагардида бошад, андозаи пардохтхои лизинг метавонад бо созишномаи тарафхо ба мухлатхои пешбининамудаи шартнома, вале на бештар аз як маротиба дар се мох, тагйир дода шавад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Ухдадорихои лизинггир оид ба ворид намудани пардохтхои лизинг аз лахзаи аз чониби лизинггир истифода гардидани предмети лизинг фаро мерасанд, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбини накарда бошад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 23. Хукук ба назорат намудани шартхои шартнома аз руи ахдхои лизинг

                     (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Лизингдех хукук дорад риоя гардидани шартхои шартномаи лизинг ва дигар шартномахои ба он марбутро, дар кисмате, ки ба ичро гардидани ухдадорихои шартномаи лизинг аз тарафи лизинггир таъсир мерасонанд, назорат намояд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Тартиби назорати шартхои шартнома дар шартномаи лизинг ва дигар шартномахои ба он марбут, байни иштироккунандагони он пешаки кайд карда мешавад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Лизингдех хукук дорад ба лизинггир дар шакли хатти оид ба пешниходи иттилооте, ки барои анчом додани чунин назорат зарур мебошад, дархост фиристонад, лизинггир вазифадор аст хамин гуна дархостхоро конеъ гардонад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 24. Хусусиятхои амалиётхои байналмилалие, ки субъектхои лизинг анчом медиханд

(КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Лизингдех хукук, дорад бе ичозатномаи (литсензияи) Бонки миллии Точикистон амалиёти байналмилалиро вобаста ба гардиши сармоя анчом дихад, воситахои пулиро аз гайрирезидентхои Чумхурии Точикистон бо максади харидани предмети лизинг ба мухлати бештар аз шаш мох, (180 руз), вале на бештар аз мухлати амали шартномаи лизинг чалб намояд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Лизингдех хукук, дорад бе ичозатномаи (литсензияи) Бонки миллии Точикистон амалиёти вобастаро ба гардиши сармоя, пардохтани фоизхо барои истифодаи маблагхои пардохташон гузаштаро, ки фурушандаи предмети лизинг  пешниход намудааст, сарфи назар аз мухлати хакикии гирифтани предмети лизинг (амалиёти асъории чори ва амалиёти вобаста ба гардиши сармояро) амали намояд(КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Барои анчом додани лизинги байналмилали:  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

– ба худуди Чумхурии Точикистон ворид ва аз худуди Чумхурии Точикистон содир намудани (аз тарики сархади гумрукии Чумхурии Точикистон интикол додани) предмети лизинг бо максади истифодаи он тибки шартномаи лизинг ба мухлати бештар аз шаш мох, инчунин пардохтани маблаги пурраи шартномаи лизинг дар давраи зиёда аз шаш мох, мутобики  конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи назорати асъор ва танзими асъор амалиёти вобаста ба гардиши сармоя  хисобида  намешаванд;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

– хангоми ба худуди Чумхурии Точикистон ворид намудан ё аз худуди Чумхурии Точикистон содир намудани (аз тарики сархади гумрукии Чумхурии Точикистон интикол додани) предмети лизинг хамаи намудхои пардохтхои гумруки ба арзиши умумии гумрукии молу мулк хисоб карда мешаванд. (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1300; (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Пардохтхои гумруки ба тарики зайл ворид карда мешаванд:

– дар лахзаи ворид (содир) намудани предмети лизинг ба маблаги хамон кисм арзиши гумрукии молу мулк, ки пардохт карда шудааст ва бо хуччатхои бонки тасдик карда шудааст. (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1300; (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

– минбаъд пардохтхои гумрукй баробари пардохтхои лизинг ё дар давоми 20 руз а лахзаи анчом ёфтани пардохтхои лизинг ворид карда мешаванд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1375)

Тартиби (низоми) ворид намудани пардохтхои гумруки, ки хамин модда мукаррар намудааст, батаъхирандозии мухлати пардохтхои гумруки ё кредити инвеститсионии  андози  хисобида намешавад.

 

БОБИ Ш. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 25. Чавобгари  барои  вайрон  кардани  Конуни  мазкур

Шахсони вокеи ва хукукие, ки мукаррароти Конуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 26. Мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори  расми  мавриди амал  карор дода шавад.

 

 

 

        Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                                            Э. РАХМОНОВ

ш. Душанбе  22 апрели соли 2003

№ 9

 

 

 

 

КАРОРИ

МАЧЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ

МАЧЛИСИ  ОЛИИ ЧУМХУРИИ  ТОЧИКИСТОН

Оиди кабул намудани Конуни Чумхурии Точикистон

«Дар бораи ичораи молияви (лизинг)»

 

Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон карор мекунад:

  1. Конунн Чумхурии Точикистон «Дар бораи ичораи молияви (лизинг)» кабул карда шавад.
  2. Хукумати Чумхурии Точикистон:

– ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар бораи ба Конуни мазкур мутобик гардонидани конунгузории чори таклиф пешниход намояд;

– карорхои худро бо Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ичораи молияви (лизинг)» мутобик гардонад.

Раиси Мачлиси намояндагони

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон

ш. Душанбе  29 январи соли 2003                                                                          С.  ХАЙРУЛЛОЕВ

№ 766

 

 

КАРОРИ

МАЧЛИСИ МИЛЛИ

МАЧЛИСИ ОЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Оид ба Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ичораи молияви (лизинг)»

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  соли  2003, №4, мод.181)

 

Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Конуни Чумхурии Точикистонро дар бораи ичораи молияви (лизинг)» барраси намуда, карор мекунад:

Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ичораи молияви (лизинг)» чонибдори карда шавад.

 

 

Раиси Мачлиси миллии

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон                                                     М.   УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе  7 апрели соли 2003

№366

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …