Главная / Илм / ЛИСТЕРИОЗ

ЛИСТЕРИОЗ

listeriozЛИСТЕРИОЗ (Listeriosis), листереллёз, як навъ бемории сирояти, ки асосан бо осеби силсилаи асаби маркази, гуддахои лимфави ва тагйироти хун падид меояд. Ангезандаи Л. Listeria monocytogenes аст; он каламчамикроб буда, спора хосил намекунад. Дар хок, об, часади хайвонот афзоиш меёбад. Дар натичаи чушондан баъди 3 дак., хамчунин зери таъсири моддахои гандзудо махв мешавад.
Манбаи ангезандаи Л. чонварони вахши (паррандахо, гургу рубох, хайвоноти сумдор) ва хонаги (хук, моли калон, бузу гусфанд), сагу гурбахо ва г. мебошанд. Л. дар хайвонот сабук чараён меёбад, вале онхо ангезандахои бемориро муддати зиёд хорич мекунанд (бо шир, пешоб, ахлот, луоби бини, оби бачадон).
Одам хангоми истеъмоли обу гизои олуда бо ангезандахо ё нафас гирифтани чанге, ки дар он микробхо мавчуданд, сироят меёбад. Холатхои ба Л. гирифтор шудани коргарони корхонахои саноати гушт ва шир низ ба мушохида мерасанд. Листерияхо ба организми одам аз чойхои осебёфтаю харошхурдаи пуст ворид мешаванд. Л. хусусан охири бахор ва тобистон авч мегирад.
Давраи нихонии бемори 3 – 45 (аксар 18 – 20) руз аст. Л. шаклхои гуногун дорад (ангиозосептики, гадуди, асаби, тифи, омехта). Л. ба таври шадид огоз ёфта, харор. баланд (39 – 40°) мешавад, сар дард мекунад, бемор сусту бехолат гашта, мушакхо ва банду бугум месузад, дилбехузури ва кай рух менамояд. Мумкин аст чашм ва руй сурх шавад. Баъди 5 – 7 руз дар бадан хасба медамад. Дар мавриди Л.-и асаб, ки бо аломатхои сарсом падид меояд, гуддахои лимфавии мавзеи калон мешаванд. Давраи табу тасфи Л.-и тифи дуру дароз буда, дар тан хасба медамад, чигар ва сипурз калон мешавад. Л. имкон дорад, ки оризахои гуногун – пневмония, эндокардит, уретрит ва г. боки гузорад.
Л. дар кудакони навзод низ ба мушохида мерасад. Онхо асосан хангоми дар батни модар буданашон сироят меёбанд. Дар натича кудак пеш аз мухлат ба дунё омада, бисёр вакт мефавтад.
Л.-ро бо антибиотикхо ва сулфаниламидхо табобат мекунанд, дар мавриди зарурат дорухои кортикостероиди таъин менамояд.
Бо максади пешгирии Л. хайвоноти касалро бармахал ошкор ва табобат кардан лозим аст; манбаи бемориро дезинфексия мекунанд. Ба коидахои бехдошти шахси риоя кардан лозим. Шири хайвони касалро бояд чушонд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …