Главная / Илм / ЛИНЗАХОИ ТАМОСи

ЛИНЗАХОИ ТАМОСи

linzai-tamosiЛИНЗАХОИ ТАМОСи, линзахое, ки барои бехтар шудани неруи босира истифода мебаранд. Л. т. бевосита ба руи гузаи чашм гузошта мешаванд.
Л. т.-ро аз масолехи шаффоф месозанд. Бино ба баъзе маълумот дар чахон 125 млн наф. одамон аз Л. т. истифода мекунанд. Аксари онхо чавонони 18 – 25-сола мебошанд.
То с-хои 60-уми а. 20 Л. т.-ро аз шишаи органики истехсол мекарданд. Онхо барои истифода номувофик буда, эхсоси дар чашм вучуд доштани чисми бегонаро ба вучуд меоварданд. С. 1960 олими чех О. Вихтерле полимери навро кашф карда, аз он Л. т. сохт. Линзахои мазкур барои истифода мувофик буда, хаворо мегузаронданд, ягон эхсоси ногувор ба вучуд намеоварданд. Авв. а. 21 линзахои нав – Л. т.-и силикон-гидрогели мавриди истифода карор гирифтанд.
Л. т. ба ду гурухи калон нарм ва сахт чудо карда мешаванд. Л. т. нарм ду навъ мебошанд: гидрогели ва силикон-гидрогели. Л. т. сахтро дар холатхои нихоят зарур (мас., дарачаи баланди астигматизм) кор мефармоянд.
Истифодаи Л. т. аз чихати косметики низ муфид аст (онхо дар чашм ноаёнанд). Диаметри Л. т., одатан, 8 – 9 мм мешавад. Онхоро худи шахс метавонад мустакил берун орад ё ба чашм гузорад.
Л. т.-ро 4 – 6 соат (ва бештар аз он) гирифта гаштан мумкин аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …