Главная / Илм / ЛИМУ

ЛИМУ

limuЛИМУ (Citrus limon), растаниест бисёрсолаи субтропики. Дарахташ 3 – 7 м кад мекашад. Шоххояш хордор (баъзан бехор), баргаш гафс, дарозруя, гулаш сафеди хушбуй, мевааш тухмшакл, баъзан мудаввар, сероб, турш. Л.-ро барои тархури (махсусан бо чой), тайёр кардани мураббо, нушоба, чем, компот, мармалод, канд ва г. истифода мебаранд. Дар таркиби он турши (асосан чавхари лиму), канд, витаминхои С, Е, В1, В2, В6, В15, Р, каротин (провитамини А), моддахои пектини, намакхои минералии охан, фосфор, калий, калсий, магний мавчуд аст. Л. хосияти муоличави ва пархези дорад.
Дар тибби кадим Л. бо максади муоличаи беморихои узвхои даруни истифода мешуд. Мувофики маълумоти Абурайхони Беруни Л. меъдаро сахт мекунад, дилро кувват мебахшад. Мухаммад Хусайни Шерози табиати Л.-ро сарду хушк хисобидааст. Бино ба маълумоти у Л. хангоми беморихои чигар ва меъда (гепатити музмин, захролудии чигар, гастрит), табларза, беморихои сирояти, уфунат, зики нафас, дарди гулу (ангина), дилзани, рафъи хумор ва чун позахр, бахусус хангоми газидани хашарот муфид аст. Л. пусти руйро тоза ва гармичаро нест мекунад. Агар магзи Л.-ро гарм карда ба пешони гузоранд, сардардро, ки бар асари гарми ба вучуд омадааст, рафъ менамояд.
Дар тибби халки меваи тару тоза, мураббо, нушоба, шарбат ва чеми аз Л. тахияшуда барои табобати беморихои меъда (газаки бар асари туршии паст пайдошуда), чигар (зардпарвин, гепатити кухна), роххои талха (холесистит, санги талхадон), гурда (дарди санги гурда, нефроз, нефрит ва систит), дарди бугуму мушак (никрис, тарбод, радикулит, невралгия ва г.) ва ба сифати воситаи хунбанд (хангоми хунрави аз бини, меъда, милки дандон ва г.), табшикан, зиддиилтихоби, рухафзо (хангоми беморихои сирояти – ангина, илтихоби шуш, сил, домана, зардпарвин ва г.) истифода мешавад. Л.-ро дар амалияи акушери барои пешгирии иллати веннахо ва кайи вобаста ба хамл кор мефармоянд. Чушоби меваи хушк ё пусти тари он барои муоличаи диабети канд ва галаёни хун тавсия шудааст. Шахсони фишори хунашон баланд бояд дар як шаборуз 3 – 4 маротиба Л. истеъмол намоянд (хар дафъа нисфи онро бо пусташ). Ин барои беморони гирифтори диабети канд низ муфид аст.
Дар тибби муосир Л.-ро барои пешгири ва табобати беморихои бинобар гиповитаминоз ё авитаминоз (асосан витаминхои С ва Р) сарзада тавсия медиханд.
Л. барои одамони солим билкул безарар аст. Вале ашхоси гирифтори гастрити гиператсиди, захми меъда ва рудаи дувоздахангушта бояд эхтиёткор бошанд, зеро он шираи меъдаро зиёд карда, боиси зардачуш, дарди сахт ва кай мешавад. Чунин беморон метавонанд 1 – 2 пораи Л.-ро бо чой ва хатман баъди таом истеъмол намоянд.
Ад.: Юсуф Нуралиев, Лекарственные растения, Д., 1988; Зохидов Х., Канзи шифо, Д., 1998.

С. М. Гулов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …