Главная / Илм / ЛИМФАДЕНИТ

ЛИМФАДЕНИТ

limfadenitЛИМФАДЕНИТ (Lymphadenitis; аз лимфа ва юн. aden – гадуд), газаки укдахои лимфвиро гуянд. Укадхои лимфави кад-кади рагхои лимфави чой гирифта, вазифаи сад (барйер)-ро ичро мекунанд (моддахои зарарнок ва микробхои касалиовари ба лимфа дохилшударо бозмедоранд). Вобаста ба фаъолияти микробхо ва холати организм микробхои беморизо баъди рох ёфтанашон ба укдахои лимфави нобуд ё боиси пайдоиши илтихоб мешаванд. Л.-и шадид асосан баъди ба воситаи захм, чои харошхурдаи дасту пой, руй, сар, гардан ва г. ворид гаштани микробхо ё чун боди пучак, думбал, флегмона ба вучуд меояд. Л.-ро микробхои фасодовар (стрептококкхо, стафилококкхо) ё микробхои махсус (хусусан барангезандаи сил) низ пайдо мекунанд. Агар иллат бинобар таъсири барангезандаи сил сар занад, Л. музмин чараён мегирад.
Дар аснои газаки шадид укдахои лимфави калон шуда, варам мекунанд, хангоми палмосидан дард хис карда мешавад, вале вазъи бемор бад нест. Дар сурати минбаъд инкишоф ёфтани Л. харорати бадан то 390 ¬– 400 баланд гардида, баъзан табларза, дарди сар, эхсоси хастаги пайдо мешавад. Сурх шудани пусти атрофи укдахои калон ва баъди 3 – 4 руз нарм гардидани миёнчои онхо далели чамъ шудани фасод аст. Агар римхонаи укдаи лимфавиро саривакт чок накунанд, рим ба бофтахои наздик гузашта, боиси инкишофи боди ногувор, яъне флегмона мешавад.
Пайдо шудани Л. далели аз ягон манбаи фасоднок пахн гаштани сироят ва имконпазирии оризахои хатарнок аст. Аз ин ру, хангоми зухури аломатхои Л. фавран ба духтур мурочиат бояд кард. Дар мавриди мулдичаи юаомаад фарчоми бемори хуб аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …