Главная / Илм / ЛИХТСИЕР Изроил Борисович

ЛИХТСИЕР Изроил Борисович

nophoto-manЛИХТСИЕР Изроил Борисович (16. 07. 1905, ш. Москва – 1990, ш. Рязан), терапевт, доктори илми тиб (1947), проф. (1950), Ходими Шоистаи Илми Точикистон (1955). С. 1929 факултаи тиббии Донишгохи давлатии Москваро хатм намуда, ба сифати ординатор ва ходими илмии Донишкадаи биологии Москва кор кардааст. С-хои 1934 – 41 ассистент ва дотсенти Донишкадаи тиббии Москва, 1941 – 45 сартерапевти госпитали харби дар ш. Омск, 1946 – 48 ходими калони илмии Пажухишгохи терапияи Академияи илмхои тибби СССР буд. Аз с. 1949 то 1961 сарварии кафедраи беморихои дарунии Донишкадаи давлатии тиббии Точикистон ба номи Абуали ибни Синоро ба ухда дошт. Фаъолияти минбаъдааш дар Донишкадаи тиббии ш. Рязан гузаштааст.
Дар бораи пахлухои гуногуни амрози узвхои дохили зиёда аз 60 таълифоти илми дорад. Тадкикоташ махсусан бобати муоличаи бемории гипертония, синдроми шушу дил, амрози рефлекси сазовори бахои баланди мутахассисон гардидааст.
Ос.: Гипертоническая болезнь, М., 1950; Вопросы рефлекторной патологии, Сталинабад, 1952; Субтропические анемии Таджикистана, Сталинабад, 1954.

Ё. Назармамадов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …