Главная / Илм / ЛЕЙШМАНИОЗ

ЛЕЙШМАНИОЗ

leyshaminozЛЕЙШМАНИОЗ (Leishmaniosis), номи умумии амрози протозойии хун. Ангезаи Л. паразитхои дохилихучайрави мебошанд. Онхоро курпашшахо мегузаронанд. Бештар узвхои даруни (лейшманиози дохили), пуст ва луобпардахо (лейшманиози пуст) осеб меёбанд.
Ангезандахои Л. ба чинси Leishmania, оилаи Trypanosomatidae, синфи Zoomastigophorea, типи Protozoa мансубанд. Хаёти лейшманияхо аз ду давра иборат аст: амастигота ё бекамчинаки – дар организми чонварони мухрадор ва одам; промастигота ё камчинакдори – дар организми бандпойхо (курпашша). Лейшманияхои амастиготи байзашакл (андозаашон 3 – 5 х 1 – 3 мкм) ва лейшманияхои промастиготи дукшакл (дарозиашон то 10 – 20 мкм, барашон то 4 – 6 мкм) мебошанд. Лейшманияхоро курпашшахои чинси Phlebotomus ва Lutzomyia пахн мекунанд.
Л. даруни (виссерали) ва беруни (пуст) мешавад.
Л.-и даруни (Leishmaniosis visceralis) бемории музмин буда, бо таби ноустувор, спленомегалия, гепатомегалия, камхуни, лейкопения, тромбоситопения, кахексия чараён мегирад. Л.-и даруни антропонози ва зоонози мешавад. Ба Л.-и дарунии антропонози кала-азари хинди, ба Л.-и дарунии зоонози – Л.-и дарунии бахримиёназамини-осиёимиёнаги ё кала-азари кудакон, Л.-и дарунии Африкои Шарки, Л.-и дарунии Олами Нав мансубанд.
Дар каламрави ИДМ (аз чумла Точикистон) Л.-и дарунии бахримиёназамини-осиёимиёнаги дучор меояд. Онро Л.-и кудакон, кала-азари кудакон низ меноманд. Ангезандааш L. infantum аст; бемории зоонозист. Манбаъхои сирояти он асосан се гуруханд: 1) табии – лейшманияхо дар байни чонварони вахши (шагол, рубох, кашкалдок, сугур) вомехуранд; 2) карияи – лейшманияхо асосан дар байни сагхо дучор меоянд; 3) шахри – манбаи сироят сагхо мебошанд, вале ангезандахо дар байни калламушхо низ ба чашм мерасанд. Бештар кудакони 1 – 5-сола бемор мешаванд.
Лейшманияхо аз чое, ки ба организм ворид шудаанд, тавассути хун ба хучайрахои пахн мегарданд. Онхо дар хучайрахо афзоиш карда, фаъолияти чигар ва сипурзро халалдор месозанд, иллати магзи устухон ва рохи узвхои хозимаро ба вучуд меоранд.
Дар чараёни бемори, гарчи нисбатан суст бошад хам, подтанхои махсус гун мешаванд. Онхо мансуби иммуноглобулинхои М ва G мебошанд. Махсули мубодилаи моддахо ва махв шудани лейшмания боиси инкишофи захролуди мегардад. Баъди шифо ёфтан масунияти устувори якумри пайдо мешавад.
Давраи нихонии Л. аз 20 руз то 3 – 5 мох аст. Дар чои газидаи курпашша дар кудакони 1 – 1,5 сола, гохо дар кудакони дигар ва калонсолон, ярачаи карахшдор пайдо мешавад. Ин аломати асоси буда, то зухуроти умумии маризи рух менамояд. Л.-и даруни аз даврахои огоз, авч ва терминали иборат аст.
Дар давраи огози бемори сустиву бехоли, камиштихои, адинамия, бузург шудани сипурз ба назар мерасад. Давраи авчи бемори бо табларза огоз меёбад. Бемор рузхо ва моххо таб (39 – 40°С) мекунад. Аломати хамешагии Л.-и даруни калон ва сахт шудани чигар, хусусан сипурз аст. Сипурз дар муддати 3 – 6 мохи аввали маризи тез калон мешавад. Хангоми молиш додан, чигар ва сипурз сахт буда, дард намекунанд.
Мавриди Л.-и дарунии бахримиёназамини-осиёимиёнаги гуддахои лимфавии канори, масорикаи, гирдибронхи низ иллат хоханд ёфт. Дар маризон лимфаденити канори, гохо мезаденит ба мушохида мерасад.
Вазъи бемор батадрич бад ва худи у харобу логар мегардад. Камхуни иллати магзи устухонро таквият медихад. Дар натичаи калон шудани чигар, сипурз ва боло чой гирифтани диафрагма дил ба тарафи рост мегечад, оханги он кунд мешавад. Бо инкишофи камхуни ва захролуди аломатхои осеби дил меафзоянд. Дар давраи терминалии бемори кахексия пайдо шуда, тонуси мушакхо суст, пуст тунук мегардад, тархи калон шудани чигар ва сипурз баръало намуда меистад; ранги пуст парида, камхунии сахт ба вучуд меояд.
Л.-и бахримиёназамини-осиёимиёнаги шадид, шадидмонанд ва бардавом мешавад. Л.-и шадид дар кудакони хурдсол ба чашм расида, дар сурати сари вакт муолича накардан, окибати нохуш ба бор меорад. Л.-и шадидмонанд нисбатан бештар вомехурад. Он 5 – 6 мох тул мекашад. Дар сурати муолича накардан, мариз мефавтад. Л.-и бардавом дар кудакони калонтар ва одамони калон дучор меояд.
Дар манбаъи эндеми ташхиси Л. душвор нест. Барои тасдики ташхис аз усули паразитологи истифода мешавад. Хини Л.-и дарунии бахримиёназамини-осиёимиёнаги лейшманияхоро баъзан дар хун ошкор месозанд. Усули аз хама боэътимод дар андудахои магзи устухон ёфтани лейшманияхо мебошад. Гохо аз усули биопсияи гуддахои лимфави, сипурз ва чигар низ истифода мекунанд.
Л.-ро аз варача, грипп, тиф, лейкоз, уфунат, лимфогранулематоз, брутселлёз фарк кардан лозим аст.
Дар мавриди Л.-и дохили дорухои сурмаи панчвалента муфиданд (солюсурмин, неостибозан, глюкантим). Солюсурмин (солюстибозан, стибанол, пентостам)-ро хар руз ба варид бояд фиристод (хамаги 7 – 16 руз). Дар мавриди натичаи дилхох надодани дорухои сурмаи панчвалента ба мушак пентамидин (хар руз ё руздармиён) фиристода мешавад.
Вояи истифодаи солюсурмин (Н. А. Мирзоян)
Синну сол ва вазъи мариз Вояи дору бо г ба 1 кг вазни мариз
Доруфиристии якум Доруфиристии дуввум Доруфиристии саввум ва минбаъд Мухлати хотимаи табобат (бо руз)
Кудакони то 7-сола бидуни тагйироти дистрофи
Кудакони то 7-сола бо тагйироти дистрофи ва амрози дигар
Кудакони 7 – 14-сола
Беморони аз 15-сола боло

0,05

0,04

0,04

0,04

0,1

0,08

0,07

0,07

0,15

0,12

0,12

0,1

10 – 12

14 – 15

12 – 14

14 – 16

Бо максади пешгирии Л. бояд сагхои дайду ва касал, курпашшахо нест карда шаванд.
Ад.: Камардинов Х. К, Беморихои сирояти, Д., 2000; Камардинов Х. К., Инфекционные болезни человека, Д., 2005; Хамон муал., Инфекционные и паразитарные болезни человека, Д., 2009.
Х. К. Камардинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …