Главная / Илм / ЛЕЙКОЗ

ЛЕЙКОЗ

leykozЛЕЙКОЗ (Lucosis; аз юн. leukos – сафед), лейкемия, сафедхуни, омоси узвхои хунофар. Оид ба Л. аввалин маротиба олими немис Р. Вирхов (1845) маълумот додааст. Л. шадид ва музмин мешавад. Л-хои шадид ва музмин вобаста ба он ки омос аз кадом хучайрахо иборат аст, намудхои гуногун доранд. Дар мавриди Л.-и шадид дар магзи устухон, сипурз, гуддахои лимфави, чигар ва диг. узву бофтахо хучайрахои «чавон» (лейкози) меафзоянд. Бемори бисёр вакт бо сустию бехолати ва дарди сабуки устухонхо огоз меёбад. Баъдтар бидуни ягон сабаб дар пуст ва луобпардахо хуншорихои гуногун ба амал меоянд, аз милки дандон, бини, бачадон, руда ва диг. узвхо хун меравад. Дар пусти руй ва кисми муйдори сар мумкин аст укдахои калон пайдо шаванд («шерруи»). Дар пусти бадан доначахои махсус дамида, онхо ба хамдигар омехта мегарданд ва ба пайса табдил меёбанд. Баъзан дар сатхи пуст ярахо низ ба назар мерасанд.
Лимфолейкози музмин, миелолейкози музмин, эритремия, инчунин бемории миеломи намудхои бештар пахншудаи Л.-и музмин мебошанд. Нишонаи хамешагии лимфолейкози музмин калон шудани гуддахои лимфавии канори ва испурч аст. Хангоми миелолейкози музмин испурч калон мешавад. Барои хар ду намуди Л.-и музмин афзудани теъдоди лейкоситхои хун, тагйир ёфтани таносуби лейкоситхо ва камхуние, ки батадрич рушд меёбад, хос аст. Реаксияи тахнишини эритроситхо (СОЭ) бетагйир аст. Дар аснои эритремия ранги руй ва кафи даст сурхи кабудтоб гашта, микдори гемоглобин ва эритроситхои хун меафзояд. Дарди устухонхо, хусусан устухонхои кафаси сина ва сутунмухра, хоси бемории мазкур мебошад.
Л.-ро факат дар натичаи муоинаи клиникию лаборатори метавон муайян кард. Ташхиси Л.-и музмин асосан ба тадкики хун вобаста аст. Барои ташхиси бемории миеломи тадкики махсуси сафедахои зардоби хун, пунксияи магзи устухон, акси рентгении устухон заруранд. Барои ташхиси Л.-и шадид низ тадкики хун лозим аст, вале иллатро факат аз руи тадкики таркиби магзи устухон метавон муайян намуд.
Солхои охир духтурон дар табобати хамаи намудхои Л., аз чумла Л.-и шадиди кудакон, ки пештар илочнопазир буд, ба дастовардхои назаррас ноил гаштаанд. Баъди ташхис ва рафъи зухуроти шадиди бемори Л.-ро дар поликлиникаю амбулаторияхо муолича мекунанд. Беморон дар ин сурат моххо (солхо)-и зиёд кобилияти мехнатиашонро нигох дошта, кор ё тахсил карда метавонанд. Онхо дар давраи табобат бо дорухои зарури таъмин карда мешаванд. Факат дар сурати ичро кардани хамаи таъиноти духтур табобати Л. натичаи хуб медихад. Беморони гирифтори Л. бояд зери назорати доимии духтур бошанд, худро аз хунук хурдан, сироят ва шуои офтоб эхтиёт кунанд.
Ниг. низ Лимфолейкоз, Миелолейкоз.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …