Главная / Илм / ЛАЗЕР

ЛАЗЕР

lazerЛАЗЕР дар тиб, дастгох барои хосил кардани дастаи борики энергияи баландшиддати афканишоти монохрамии шуоъ. Л.-ро соли 1955 Н. Г. Басов, А. М. Прохоров (ИЧШС) ва Ч. Таунс (ШМА) ихтироъ карданд (барои ин с. 1964 бо Мукофоти нобели сарфароз гардиданд). Навъхои гуногуни Л. мавчуданд: гази, моеъи ва сахт. Афканишоти лазери метавонад бефосила ва бафосила шавад. Дар тибби клиники – офтолмология, чаррохи, травматология, омосшиноси, стоматология ва г. Л.-и гуногунро истифода мебаранд.
Тарзи кори шуоъи Л.- и ба он асос ёфтааст, ки энергияи ба як дастаи шуоъ чамъшуда харорати чои шуоърасандаро баланд мебардорад ва коагулятсия (лахтабанди)-и бофтахо ё ихтилоли онхоро ба вучуд меоварад. Хусусияти таъсири биологии лазери ба навъи Л., иктидори энергия, хосияти он, сохт ва сифатхои биолгии бофтаи шуоъгиранда вобаста аст. Дастаи борики шуоъи пуриктидор имкон медихад, ки дар як хиссаи сония чои катъиян муайяни бофта аз нури Л. коагулятсия шавад. Ба гайр аз коагулятсия гаштан, зери таъсири афканишоти баландиктидор тагийр ёфтани бофтахо низ мумкин аст. Ин холат дар натичаи аз харорати баланд фавран ба шакли газ гузаштани моеъи бофта сурат мегирад. Бо нури Л. бидуни хунрави бофтахоро буридан мумкин аст. Натичаи таъсири афканишоти лазери ба навъи бофта, ранг (пигментатсия), гафси, зичи ва дарачаи бо хун таъмин будани он низ вобаста аст. Иктидори афканишоти лазери хар кадар зиёд бошад, таъсири вай хамон кадар бештар мешавад.
Л.-ро аввалин шуда духтурони чашм бо максади коагулятсияи шабакияи чашм дар аснои кучидан ва канда шудани он, инчунин барои бартараф намудани омосхои хурди дохили чашм ва сохтани сурохии оптики хангоми катарактаи такрори истифода бурдаанд. Бо ёрии нештари лазерии хозиразамон омосхои гуногунро мебуранд, онро хангоми чаррохии магзи сар, шуш, чигар ва рудахо кор мефармоянд. Истифодаи чунин «тег» хусусан хангоми чаррохии узвхое, ки рагхои зиёди хунгузар доранд, ба максад мувофик аст (хангоми бо нештари одди буридан, хуни бисёр меравад). Бо теги Л.-и бофтахои сухтаги, захмхои дершифо, решхо, чойхои фасоддор ва г.-ро буридан мумкин аст. Афканишоти Л.-иро бо максадхои ташхис, муоинаи рагхои хунгузар, аксгирии узвхои даруни ва г. низ истифода мебаранд. Дар ин маврид афканишоти камиктидор кор фармуда мешавад. Бо ёрии Л. тахлили морфологи, химияви ва спектрии мабдаъхои биологиро мегузаронанд.
Вакти истифодаи Л. коидахои бехатарии корро бояд риоя кард.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …