Главная / Илм / ЛАТЕРГИЯ

ЛАТЕРГИЯ

latergiyaЛАТЕРГИЯ (Latergia), марги дуругин, як холати хоби гайримукаррари. Дар мавриди Л. падидахои физиологии хаёт суст шуда, мубодилаи моддахо хеле кохиш меёбад, нисбати таъсири ангезахо аксуламал нест мегардад. Дарачаи амикии Л. гуногун аст. Дар холатхои сабук факат бехаракати, нафасгирии бомаром, сустии мушакхо ба назар мерасанд; дар ин маврид чашмхо пушида мебошанд. Баъзан пилкхо андаке ларзида, гузаи чашм харакат мекунад. Дар аснои Л.-и вазнин, ки онро аз марг бо душвори фарк кардан мумкин аст, нишонахои хаёт ахёнан ба назар мерасанд.
Сабаби пайдоиши Л. маълум нест. Л. одатан ногахон, бисёр вакт баъди хаячони сахт хуруч ёфта, хамин тавр баногох катъ мегардад; он аз чанд дакикаю соат то чанд руз давом мекунад. Л.-ро ба тавассути гипноз низ ба вучуд овардан мумкин аст. Он баъзан баъди таваллуд ва бисёр талаф додани хун низ пайдо мешавад. Л. барои хаёт хавфнок нест.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …