Главная / Илм / ЛАРИНГОСТЕНОЗ

ЛАРИНГОСТЕНОЗ

laringostenozЛАРИНГОСТЕНОЗ (Laryngostenosis; юн. larynx, laryngos – ханчара ва stenosis – танг шудан), бехад танг шудани сурохи ханчара, ки боиси бо душворри гузаштан ё умуман гузашта натавонистани хаво мегардад. Л. модарзоди ва гайримодарзоди мешавад. Сабаби Л.-и модарзоди калон будани гадуди чогар, тератома ва диг. омосхое, ки дар назди ханчара чой гирифтаанд, махсуб меёбад. Л.- и гайримодарзоди бинобар осеби худи ханчара, баъзан дар натичаи беморихои сирояти (хунок, домана, хасба, грипп, сурхакон ва г.), аллергия, амрози асаб ба вучуд меояд. Л. мумкин аст дар натичаи ба рохи нафас афтодани чисми бегона (чормагз, мухра ва г.), балгами часпак, маводи кай, хун ё ба ханчара фишор овардани омос, думбал, инфилтарт низ пайдо шавад.
Бемор бояд хатман дар беморхона бистари гардонда шавад. Барои таобат кабл аз хама сабабхои Л.-ро рафъ сохтан лозим аст. Хавои хона бояд тоза ва намнок бошад. Агар дорухо самараи дилхох надиханд ва бемори ба давраи вазнин гузарад, пас аз трахеостомия истифода карда мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …