Главная / Илм / ЛАРИНГИТ

ЛАРИНГИТ

laringitЛАРИНГИТ (Laryngitis; аз юн. larynx – халк), газаки ханчара, илтихоби луобпардаи халк. Л. шадид ва музмин мешавад. Л.-и шадид бештар хангоми илтихоби роххои болоии нафас, грипп, сурхча, махмалак, сурфакабутак ва г. ба вучуд меояд. Хунук хурдани бадан, хусусан тавассути дахон нафас кашидани хавои сард, хангоми сармо муддати дароз ва бо овози баланд гап задан, сахт фарёд кардан, нафас кашидани хавои чанголуд ва газхои ангезишовар, истеъмоли нушокии аз хад зиёд гарм ё бехад хунук, тамокукаши, суйиистеъмоли машруботи спиртдор ва г. ба инкишофи Л.- и шадид мусоидат менамоянд.
Хангоми Л. – и шадид беморон аз хушкидан ва хориши гулу шикоят мекунанд. Сурфа дар аввал хушк буда, минбаъд якчоя бо балгам меояд; овоз хира, дагал ё тамоман бесадо мегардад. Баъзан мавриди фуру бурдани лукма гулу ва сар дар карда, бемор кадре таб мекунад. Дар сурати риоя намудани фармудахои духтур мариз баъди 7 – 10 руз шифо меёбад.
Табобати Л.-и шадид аз бартараф намудани сабабхое иборат аст, ки боиси пайдоиши бемори гардидаанд. Барои эхтиёти халк дар муддати 5 – 7 руз бемор бояд гап назанад. Истеъмоли хуришхои тунду тез, тамокукаши, нушокихои спиртдор манъ аст. Ошомидани шири гарм, гаргара кардан гулу, ингалятсия тавсия мешавад; гарм нигох доштани гулу (компресси гармкунанда) муфид аст. Духтур барои табобат гохо дору хам таъин мекунад.
Дар кудакони то 6 – 8 сола метавонад шакли махсуси Л.-и шадид, яъне хурусаки дуругин инкишоф ёбад. Зухуроти он ба хурусаки хакики монанд мебошад. Хатари ин бемори дар он аст, ки танг шудани равзани ханчара (аз сабаби обварами он, ки аксар бо ташаннучи рохи овоз мегузарад) боиси якбора вазнин шудани нафаскаши мегардад. Асосан дар кудакони гирифтори ширинча ва диг. беморихои аллерги мушохида мешавад. Бештар хангоми грипп, назла, сурхча, махмалак инкишоф меёбад. Хуручи бемори, одатан, шабона дар вакти хоб ва ногахон ба амал меояд: кудак гарки обу арак аз хоб бедор мешавад, бетокати мекунад, нафаскаши душвор ва лабхо кабуд мешаванд, месурфад. Баъди 20 – 30 дак. у ором шуда хобаш мебарад. Хангоми хуруч харорати бадан муътадил аст ё каме баланд мешавад. Хуручи бемори дар худи хамон шаб ё шаби дигар низ метавонад такрор ёбад. Баъзан ба хурусаки дуругин ташаннучи рохи овоз илова мешавад, ки барои хаёти кудак хатарнок аст.
Дар сурати пайдо шудани аломатхои хурусаки дуругин фавран ёрии тиббии таъчилиро даъват намудан ё кудакро ба беморхонаи наздик бурдан зарур аст. То омадани духтур ба гардан ва кафаси сина хардалкогаз монда ё пойхои кудакро ба муддати 5 – 7 дак. ба обзани гарм (390) гузоштаи лозим (ин хуручи бемориро суст мекунад). Хавои тоза ва нушокии гарм (оби минерали, шир) низ муфид аст.
Л.-и музмин чун окибати Л.-и шадид ё газаки бардавоми бини ва узвхои нафас, аз чумла халк ба вучуд меояд. Сабаби он тамокукаши, суиистеъмоли нушокихои спиртдор, зур овардан ба овоз аст. Хангоми Л.-и музмин беморон аз хирри шудани овоз ва хориши гулу, ки боиси сурфа мегардад, азият мекашанд. Дар сурати авч гирифтани газак аломатхои бемори возех мегарданд. Л.-и музмин бештар дар омузгорон чун бемории касби ба мушохида мерасад.
Ашхоси гирифтори Л.-и музмин бояд хатман аз муоинаи духтур гузаранд. Духтур вобаста ба хусусияти газак табобати мувофикро таъин мекунад. Ингалятсия, истифодаи мархам, андешидани тадбирхои гуногуни физиотерапевти, табобати саривактии Л.-и шадид, амрози бини ва узвхои нафас, халк, даст кашидан аз тамоку ва истеъмоли нушокихои спиртдор, пархез ва хаста насохтани овоз барои пешгири ва табобати Л.-и музмин басо мухиманд.
Машгул шудан бо варзиш ва спорт, мунтазам обутоб додани организм барои пешгирии Л. ахамияти калон дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …