Главная / Илм / ЛЯМБЛИОЗ

ЛЯМБЛИОЗ

liambliozЛЯМБЛИОЗ (Lambliasiasis), як навъ бемории узвхои хозима, ки ламблияхо (Lamblia intestinalis) ба вучуд меоранд. Лямблияхо дар рудаи борик сукунат доранд. Ду шакли лямблияхо мавчуд аст: харакатнок (дар шакли вегетативи) ва бехаракат (дар шакли систа). Ламблияи харакатнок 4 чуфт камчинак ва курси чаббанда дорад, ки тавассути он ба луобпардаи рудаи борик махкам часпида мегирад.
Манбаи сироят факат одам аст. Лямблияхоро бори аввал олими чех Д. Ф. Лямбле тавсиф кардааст (1859). Пажухишхохо собит намуданд, ки Л. дар байни одамони солим нихоят бисёр дучор мешавад (дар одамони калон 10%, кудакон 30%). Дарозии тани лямблия 10 – 18 мкм, пахниаш 8 – 10 мкм аст. Лямблияхо дар луобпардаи кисми болои рудаи борик чой мегиранд. Онхо дар талхадон зиндаги карда наметавонанд ва бинобар ин боиси бемории чигар намешаванд. Зимни тачрибахо маълум гашт, ки талха ба лямблияхо таъсири марговар мерасонад.
Одам аз Л. дар сурати истеъмоли махсулот (хусусан сабзавот ва меваи тар), об, инчунин даст ва ашёи рузгор, ки дар онхо систахо мавчуданд, сироят меёбад. Лямблияхо ба рохи меъдаю рудаи одам ворид шуда, дар рудаи борик меафзоянд ва луобпардаи онро ба ангезиш меоранд. Дар кисми болои шикам ё атрофи ноф дард ба вучуд меояд, шикам дамиш ва кур – кур мекунад, дил бехузур мешавад. Мумкин кабзият руй дода, ба исхол табдил ёбад (начосат зардранг ва луобомез аст). Лямблияхо аз рудаи борик ба рудаи гафс мегузаранд (шароит барояшон номусоид аст) ва аз харакат монда ба систахо табдил меёбанд. Систахо ба тавассути начосат ихроч мешаванд. Онхо дар хок то 3 хафта, дар об бошад, то 5 хафта зинда мемонанд.
Л. бештар дар кудакон (хусусан 2 – 5 сола) ба мушохида мерасад. Баъзан Л. ноаён инкишоф ёфта, тасодуфан баъди ягон бемории дигар зохир мегардад. Шикам дард ва дамиш мекунад. Начосат обаки, луобу кафкдор ва сабз мешавад, кудак аз сабзиш мемонад.
Бемори гирифтори Л. гайр аз табобати духтур, бояд пархез карда, гушти обпаз, чургот, творог, карам, сабзи, тарбуз, лиму хурад; таомхои хамири ва ширинро кам истеъмол кардан лозим аст.
Барои пешгирии бемори шахсони гирифтори Л.-ро саривакт ошкор ва табобат бояд кард; кудаконеро, ки зуд-зуд казои хочат мекунанд, ба муоина мегиранд.
Хуроквориро аз ифлоси мухофизат карда, зидди магасхо мубориза бояд бурд. Оби хавзхои кушодаро начушонида ошомидан ва сабзавоту меваро ношуста истеъмол кардан манъ аст. Риояи коидахои гигиенаи шахси шарти зарурии пешгирии Л. махсуб мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …