Главная / Илм / ЛАКТАТСИЯ

ЛАКТАТСИЯ

lakatsiyaЛАКТАТСИЯ (Lactatio; лот.las, lactis – шир), хосил ва чудошавии шир дар гадуди шир.
Гадуди шир дар давраи хомилаги дучори тагйирот мегардад. Дар моххои 2 – 3-юми хамл он усора хорич менамояд, роххои ширгузар васеъ мешаванд, алвеолахои гадуд инкишоф меёбанд. Дастгохи олие, ки фаъолияти гадуди ширро танзим мекунад, кишри магзи сар мебошад. Баъд аз таваллуд дар организми зан савияи эстроген ва прогестерон паст шуда, гормони хиссаи пеши гипофиз – пролактин фаъол мегардад. Ихрочи онро гипоталамус назорат мекунад. Гормонхои асаб – окситотсин ва вазопрессин ба мачрои хун ворид шуда, ба хучайрахои гадуди шир мегузаранд. Онхо дар хучайрахои мазкур ба ихрочи шир мусоидат менамоянд. Бинобар тагйири мувозанати гормони дар давраи Л. хайз катъ мешавад.
Дар давоми ду рузи аввали баъди таваллуд хангоми фишурдани пистон мумкин аст андаке фалла барояд. Микдори шир тадричан зиёд гашта, дар охири хафтахои 2 – 3-юми баъди таваллуд гадуд шири расидаи барои тифл нихоят зарур хосил мекунад (ниг. Шири модар). Баъд аз 8 – 9 хафтаи таваллуд микдори шаборузии шири пистон ба хадди бештарин (1 – 1 ½ л) мерасад.
Барои зиёд шудани шир зарур аст, ки гадудхои шир пурра холи карда шаванд (макондани тифл, душидан ва г.). Гадудхои шир ба таъсири омилхои беруни нихоят хассос мебошанд. Л. ба вазъи саломати, конститутсия, синну сол ва гизои модар, хамчунин муносибати у ба кудак ва макондан вобастаги дорад. Л. одатан дар охири соли аввали хаёти кудак ва баъди аз сина чудо кардани у катъ мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …