Главная / Илм / ЛАКНАТИ ЗАБОН

ЛАКНАТИ ЗАБОН

laknati-zabonЛАКНАТИ ЗАБОН (Mogilalia pselismus), тутилаги, сакави, ихтилоли суръат ва низоми нутк, ки хангоми он садо ва хичохо муддати кутох боздошта ё такрор мешаванд. Одатан, забони кудакони синни томактаби (бештар писарбачахо) лакнат пайдо мекунад. Тарс, чанчолхои оилави, беморихои сирояти, осеби сар ва г. боиси Л. з. мегарданд. Баъзан таклид ва нутки вайрони волидайн, хешу табор, кудакони дигар низ ба пайдоиши Л. з. мусоидат мекунанд. Л. з. бештар дар кудаконе, ки системаи асабашон заиф аст ва зуд ба хаячон меоянд, пайдо мешавад. Хангоми хуб будани вазъият дар оила ва коллективи кудакон Л. з. мумкин бидуни табобати махсус бартараф шавад, вале аксаран он боки мемонад ва баъзан хатто авч мегирад (хусусан овони чавони). Баъди 25 – 30 солаги Л. з., одатан, кам ва дар миёнсоли кариб нест мешавад.
Кудакони гирифтори Л. з. азоби рухи мекашанд одамгурез, тарсончак, тундмизоч мегарданд, аз гап задан дар назди бегонагон шарм медоранд; дар вакти тутилаги сурх шуда, арак мекунанд. Хангоми хаячон Л. з. фузунтар мегардад, харакати гайриихтиёри дасту пой ба амал меояд. Баъзе шахсони гирифтори тутилаги равон гап задани шуда, байни фосилахо ягон хичо ё калимае мегузоранд. Вале аз ин кор худдори бояд кард, зеро истифодаи калима ва хичохои иловаги одат шуда, нуткро вайрон мекунад.
Л. з.-ро харчи зудтар табобат кардан зарур аст. Пеш аз хама дар оила ва коллектив бояд вазъияти орому хайрхохона ба амал оварда шавад, диккати кудакро ба Л. з. чалб набояд кард. Баъзан баъди ивази коллектив (мас., ба мактаби дигар гузаштан) тутилаги худ аз худ бархам мехурад. Барои табобати Л. з. ба логопед мурочиат кардан лозим аст.у бо кудак аз руи барномаи махсус машгулият мегузаронад (бо иштироки психоневрологе, ки ба кудак хангоми гуфтугузор натарсидан, бочуръат ва ором буданро талкин менамоянд). Ба баъзе кудакон табобати нерубахш ва таскиновар таъин мекунанд. Дар сурати тутила будани волидайни кудак низ ба логопед мурочиат намудан зарур аст. Дар натичаи бармахал ва мунтазам табобат кардан, Л. з. бархам мехурад ё кам мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …