Главная / Гуногун / ЛАКЛАК дар Канзи Шифо (Китоб)

ЛАКЛАК дар Канзи Шифо (Китоб)

lak-lak-aistЛаклак — парандаи калончусса буда, гардану по ва нули дароз дорад, ки ба мардум маълум мебошад. Аз чубмайда ва хорхои шахшул барои мухофизати бачахои худ ошён месозад. Азбаски душмани бачахои он мор аст, худаш морро мехурад. Бинобар он, ки хурокаш аз чонварони номаргуб аст, гушташ бадбуй мебошад.

Мизочи лаклак дар охири дарачаи севум гарм ва хушк аст. Хислатхои шифобахши он: гушташро бихуранд, барои иллати фолич, кач шудани руй, карахти, бодхои гализ, чой гирифтани сарди дар узвхои бадан, сустии бох (пушти камар), захрхои чонварони газанда даво мебошад. Хурдани гушти бачааш бехтар аз гушти лаклаки калон аст.

Гушти лаклак ба одамони гарммизоч зарар мекунад. Дар ин холат равгани кунчид бихуранд ё онро бо сирко, карафс, кашнизи бисёр, равгани зайтун ва равгани бодом пухта бихуранд, зарараш ислох меёбад, вале аз болои гушти лаклак шароб ва май набояд ошоманд.

ВИДЕО-СУРАТ

Тухми он барои табобат дар аксар холат аз гушти он кавитар аст. Захраи онро ба чашм бикашанд, шабкуриро дафъ мекунад. Хунашро бимоланд, доги сафеди пустро нест месозад. Агар инро бо сирко даромехта хох бимоланд ва ё гузошта банданд, хамин таъсирро дорад.

Саргинашро гузошта банданд, доги сафеди пуст, догхои кунчидак ва дигар догхоро аз пуст дафъ месозад. Инро бо тухмаш якчо карда бимоланд, муйро сиёх мегардонад, иллати саръро дафъ менамояд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …