Главная / Чамъият / Кушунхои дохилии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон

Кушунхои дохилии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи кушунХои дохилии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон

(Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон с.1994, № 3-4, мод.62;

Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон с.1998, №10, мод.127; с.2000, №11, мод.535;

с.2002, № 4, к.1, мод.260, мод.263; с.2003, №4, мод.141; с. 2014, №11, мод 658;

Конуни ЧТ аз 25.12.2015 с., № 1265)

Кушунхои дохилии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон

Конуни мазкур асосхои ташкилию хукуки, вазъи хукуки, хайат, вазифахо, таъинот ва принсипхои фаъолияти кушунхои дохилии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистонро муайян менамояд. (КЧТ аз 27.11.14с., №1149)

 

ФАСЛИ I.

КОИДАХОИ УМУМИ

 

Моддаи 1. Кушунхои дохилии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон

Кушунхои дохили ба системаи Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон дохил мешаванд ва ташкилоти харбии он буда, барои ичрои вазифаи хизмати-мухорибавие, ки ин Конун пешбини мекунад, дар назар дошта шудаанд. Кушунхои дохили барои мухофизаи амният ва манфиатхои давлатии Чумхурии Точикистон захираи Куввахои Мусаллахро ташкил медиханд ва дар замони чанг ба хайати он дохил мегарданд.

Моддаи 2. Вазифахои кушунхои дохилии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон

Вазифахои кушунхои дохилии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон (минбаъд — кушунхои дохили) аз инхо иборатанд:

– мусоидат ба макомоти корхои дохили дар мухофизати тартиботи Чамъияти, таъмини амнияти чамъияти ва назми хукукии вазъияти фавкулодда;

– посбони ва мухофизаи объекту иншоотхои махсусан мухим ва дорои тартиботи махсуси роххо ва борхои махсус;

– посбони ва мухофизаи муассисахои ислохоти мехнати, каравули карда бурдани махкумон ва шахсони махбус;

– иштирок дар мубориза бар зидди терроризм;

– иштирок дар бартараф намудани окибатхои ходисахои стихияви, офатхои калон ва дигар холатхои фавкулодда.

Кушунхои дохили вазифахои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян намудааст, амали менамояд. (КЧТ аз 27.11.14с., №1149)

Моддаи 3. Принсипхо ва асоси ташкилии фаъолияти кушунхои дохили

Фаъолияти кушунхои дохили дар асоси принсипхои конуният, эхтироми хукуки инсон, яккасардори ва идоракунии марказонидашуда сурат мегирад.

Такмили кушунхои дохили дар асоси конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ухдадории умумии харби ва хизмати харби» сурат мегирад.

Моддаи 4. Хайати кушунхои дохили

Ба хайати кушунхои дохили инхо дохил мешаванд;

– кисмхо ва вохидхои харбии таъиноти оперативи ва махсус;

– кисмхо ва вохидхои харби барои мухофизаи объектхои мухими давлати ва борхои махсус;

– кисмхо ва вохидхои харби оид ба мухофизаи муассисахои ислохоти мехнати;

– макомоти идоракуни, муассисахо ва кисмхои харби барои таъ­мини фаъолияти кушунхои дохили, таълими, сохтмон, алока ва гайра.

Кисмхо ва вохидхои харби ба хайати Раёсати кушунхои дохили шомил мебошанд.

Моддаи 5. Забони идоракуни ва коргузории кушунхои дохили

Идоракуни, коргузори ва муросилоти хизмати дар кушунхои дохили дар асоси Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи забони давлатии Чумхурии Точикистон» сурат мегирад. (КЧТ аз 27.11.14с., №1149)

Моддаи 6. Фондхои асосии кушунхои дохили

Бинохои истикомати ва дигар бинохои шахракхои чузъу томхо, кисмхо ва вохидхои харби, муассисахои таълими харби ва муассисахои кушунхои дохили, объектхои таълими ва молу мулки таълими ва моддию техникии дар онхо буда ва заминаи дигар, ки аз тарафи кушунхои дохили барои ичрои вазифахои дар зиммаашон гузошташуда истифода мешаванд, моликияти Чумхурии Точикистон буда, фондхои асосии кушунхои дохилиро ташкил медиханд. Ин молу мулк ва дигар молу мулке, ки барои кушунхои дохили чудо карда шудааст, дар асоси хукуки идоракунии оперативи истифода бурда мешавад. (КЧТ аз 27.11.14с., №1149)

Замин барои буду бош ва фаъолияти доимии чузъу томхо, кисмхо ва вохидхои харби, муассисахо ва таълимгоххои харби, барои кушунхои дохили чихати истифодаи бемухлат, доими, муваккати ё ичора аз тарафи макомоти хокимияти давлати ва идораи махалли дар доираи салохиятхои онхо дода мешаванд.

Моддаи 7. Конунгузории Чумхурии Точикистон  дар  бораи  кушунхои дохилии Вазорати корхои  дохилии Чумхурии Точикистон 

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи кушунхои дохилии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

(КЧТ аз 27.11.14с., №1149)

ФАСЛИ II.

ВАКОЛАТХОИ МАКОМОТИ ХОКИМИЯТИ ДАВЛАТИ ВА МАКОМОТИ ХОКИМИЯТИ ИЧРОИЯ ДАР МАХАЛХО ОИДИ РОХБАРИ БА КУШУНХОИ ДОХИЛИ

Моддаи 8. Ваколатхои Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон:

– ба конуни будани чалби кушунхои дохили барои ичрои вазифахои ба зимаашон гузошташуда назорат мекунад;

– бо пешниходи Президенти Чумхурии Точикистон шумораи умуми, сохтор ва хайати кушунхои дохилиро тасдик мекунад;

– либосхои чанги ва байраки кушунхои дохилиро тасдик мекунад.

Моддаи 9. Ваколатхои Хукумати Чумхурии Точикистон;

– хар сол шумораи шахрвандони Чумхурии Точикистонро, ки бояд ба хизмати харби ва чамъомадхо дар кушунхои дохили даъват карда шаванд, муайян мекунад;

– барои таъмини фаъолияти кушунхои дохили маблаги зарури чудо менамояд;

– бо силоху аслиха, маводи мухорибави, техникаи чанги, махсус ва воситахои алока тачхизонидани кушунхои дохилиро муайян мекунад; (КЧТ аз 27.11.14с., №1149)

– тартиби бо озука, молу мулк ва манобеъи дигари моддию техники таъмин гардондани кушунхои дохилиро муайян менамояд; (КЧТ аз 27.11.14с., №1149)

– барои вазоратхо ва идорахои Чумхурии Точикистон, макомоти хокимияти ичроия дар махалхо, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо дар бобати омода сохтан, ба кушунхои дохили додани воситахои наклиёт, алока ва дигар воситахои моддию техники хангоми эълони сафарбари ва дар вакти чанг, инчунин дигар вазифахои вобаста ба сафарбариро мукаррар менамояд;

– фехристи объекту иншоотхои басо мухим ва дорои тартиботи махсуси роххо ва борхои махсусро, ки бояд аз тарафи кисмхои кушунхои дохили посбони карда шаванд, муайян мекунад;

– дар бораи мукаррар намудану бекор кардани посбонии харби дар объекту иншоотхои басо мухим ва дорои тартиботи махсуси давлатии роххо ва борхои махсус карор кабул мекунад, шумораи хайати шахсиро, ки барои ичрои ин вазифахо зарур аст, мукаррар менамояд;

– дар бораи ташкил, таъсис ва бархам додани чузъу томхо, кисмхо, муассисахо ва таълимгоххои харбии кушунхои дохили карор кабул ме­кунад;

– асоси ба чумлаи гарнизонхои дар махалхои дурдаст ва дорои иклими номусоид вокеъшуда нисбат додани кисмхо ва вохидхои харбиро муайян мекунад;

– доир ба химояи ичтимои, таъминоти модди ва маишии хизматчиёни харби, шахсони дар эхтиёт, истеъфобуда ва аъзои оилахои онхо тадбирхо меандешад;

– дигар масъалахои таъминоти фаъолияти кушунхои дохилиро, гайр аз масъалахое, ки мутобики Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон ва Конуни мазкур ба салохияти Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон тааллук доранд, хал мекунад. (КЧТ аз 27.11.14с., №1149)

Моддаи 10. Ваколатхои макомоти хокимияти давлати ва идораи махалли

Макмоти хокимияти ичроия дар махалхо:

– дар доираи салохиятхои худ дар баррасии таклифхои Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон барои ташкилу чойгиронии чузъу томхо ва кисму вохидхои кушунхои дохили дар каламрави тобеъашон иштирок менамоянд;

– барои кушунхои дохили шароити мусоиди зиндаги мухайё мена­моянд, татбики кафолатхои химояи хукуки ва ичтимоии хизматчиёни харби ва аъзои оилахои онхоро таъмин мекунанд;

– ба фармондехи кисмхои кушунхои дохили барои бо хайати шахси такмил намудани вохидхои харби ёри мерасонанд.

Моддаи 11. Вазифахои макомоти давлати ва шахсони мансабдори онхо дар бобати ёри расонидан бакушунхои дохили

 

Макомоти давлати ва шахсони мансабдори онхо дар доираи ваколатхои худ ба кушунхои дохили дар ичрои вазифахое, ки ба зиммаи онхо гузошта шудаанд, ёри мерасонанд.

Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон шахрвандонро ба хизмати харби ва чамъомадхо дар кушунхои дохили даъват мекунад, хайати шахси ва техникаи кушунхои дохилиро хангоми ичрои вазифахояшон дар холати фавкулодда интикол медихад, барои ин онхоро бо самолётхои авиатсияи боркашони харби таъмин менамояд, ба онхо дар тайёр намудан ва баланд бардоштани махорати кадрхои афсарии ку­шунхои дохили дар асоси шартномави мадад мерасонад.

Вазоратхо ва идорахои Чумхурии Точикистон ба манфиати кушунхои дохили дар майдонхои хавоии худ нишастан, истодан, бо сузишвори таъмин намудан ва бархостани хавопаймохоеро, ки супоришхои махсусро ичро менамоянд, таъмин месозанд.

Рохи охани точик барои интиколи махкумшудагон ва махбусон ба кушунхои дохили вагонхои махсусро ба ичора медихад, дар истгоххои рохи охан чойхои тачхизонидашударо барои таваккуфи вагонхо ва ба вагонхо савор кардану фуровардани шахсонеро, ки дар зери назорат ба чойхои дигар кашонда мешаванд, дар ихтиёри кушунхои дохили карор медихад.

Шахсони мансабдори идораи хамагуна намудхои наклиёт, комендантхои харби ва намояндагони макомоти харби ва интиколоти махсуси Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон дар наклиёт барои интиколи хизматчиёни харби хангоми ичрои вазифахои хизматиашон ёри мерасонанд ва дар холатхои фавкулодда бе навбат фиристодани онхоро таъмин менамоянд.

Вазорати мудофиа, Хадамоти алока, Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон, Рохи охани точик дигар вазоратхо ва идорахои Чумхурии Точикистон хатхо ва каналхои алокаро барои идоракунии кисмхои харби ва вохидхои кушунхои дохили хангоми ичрои вазифаашон оид ба таъмини назми хукукии вазъияти фавкулодда ва бартараф намудани окибатхои фалокатхо, офатхои табии ва бадбахтихои стихияви дар ихтиёри онхо карор медиханд. (КЧТ аз 27.11.14с., №1149)

Механизми амали намудани ин вазифахои макомоти давлати ва шахсони мансабдори онхо аз тарафи Хукумати Чумхурии Точи­кистон мукаррар карда мешавад.

ФАСЛИ III.

ХИЗМАТ ДАР КУШУНХОИ ДОХИЛИ

Моддаи 12. Хайати шахсии кушунхои дохили

Хайати шахсии кушунхои дохили, хизматчиёни харби, хизматчиён ва коргаронро дарбар мегирад.

Хизматчиёни харби, яъне шахсоне, ки хизмати хакикии харбиро дар кушунхои дохили адо менамоянд, дорои унвонхои харби, аломатхои фарккунанда ва намуди муайяни либос мебошанд. Нисбати онхо санадхои меъёри, ки шароит ва тартиби адои хизматро дар Куввахои Мусаллах ба тартиб меандозанд, талаботи оинномахои умумихарби, бо назардошти тагйироту иловахое, ки ин конун пешбини мекунад, татбик мешаванд.

Фаъолияти хизмати ва мехнатии коргарон ва хизматчиёни кушунхои дохили тавассути конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба мехнат ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон танзим мегардад. (КЧТ аз 27.11.14с., №1149)

Моддаи 13. Хизмати харби дар кушунхои дохили

 

Кушунхои дохили бо хайати шахси, ки ба хизмати харби мувофики конуни мавчудаи Чумхурии Точикистон даъват карда мешаванд, такмил мегарданд.

Шароит, тартиб ва мухлатхои адои хизмати харбии хизматчиёни кушунхои дохили, статуси онхо, хукук ва вазифахояшон, тартиби додани унвонхои харби, ишголи вазифа, аттестатсия, рухсат шудан ва таъминоти нафакавии онхо тавассути конуни Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Шахрвандоне, ки ба хизмати харби ба кушунхои дохили шомил мешаванд, Савганди харбии Чумхурии Точикистонро ёд мекунанд.

Хизматчиёни харбии кушунхои дохили аз хукук ва озодихои шахр­вандони Чумхурии Точикистон, ки конуни Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст, мувофики махдудиятхое, ки хусусияти адои хизмати харби муайян мекунад, истифода мебаранд. Ба зиммаи онхо, гайр аз вазифахои конститутсиони, дигар вазифахои умумишахрванди ва вазифахои хизмати харби, инчунин вазифаи ёри расонидан ба макомоти корхои дохили дар мухофизаи тартиботи чамъияти гузошта мешаванд.

Ба афсарон, прапоршикхо, хизматчиёни харбии хизматашон изофамухлат ва хизматчиёни харби, ки шаходатномаи мукаррари, ки ваколатхои онхоро тасдик менамояд, дода мешавад.

 

Моддаи 14. Тайёр намудани кадрхои кушунхои дохили

 

Тайёр намудани афсарон барои Кушунхои дохили дар муассисахои таълими харби, ки дар каламрави Чумхурии Точикистон вокеъ гардидаанд, сурат мегирад. Тайёр намудани афсарон инчунин дар муассисахои таълими харбии давлатхои дигар дар асоси шартномави сурат гирифта метавонад.

Баланд бардоштани махорати касбии хайати афсарони кушунхои до­хили дар факултетхо, курсхо ва кафедрахои академияхои харбии давлат­хои дигар дар асоси шартномави сурат гирифта метавонад.

 

Модди 15. Масъулияти хизматчиёни харбии кушунхои дохили

 

Хизматчиёни харбии кушунхои дохили барои содир намудани чиноят ва дигар конуншиканихо мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд мебошанд. (КЧТ аз 27.11.14с., №1149)

Парвандахо дар бораи чиноятхое, ки аз тарафи хизматчиёни харбии кушунхои дохили содир карда шудаанд, тавассути макомоти додситони харби тахик ва аз тарафи додгоххои харбии Чумхурии Точикистон барраси карда мешаванд.

Нисбати амалхои хизматчиёни харбии кушунхои дохили шахрвандон метавонанд мувофики тартиби мукарраршуда ба командир, сардор, дод­ситони харби ё дар холатхое, ки конун мукаррар кардааст, ба суд шикоят кунанд.

Дар сурати аз тарафи хизматчиёни харби вайрон карда шудани хукук ва манфиатхои конунии шахрвандон командирхо (сардорон), вазифадор хастанд, ки барои баркарор намудани ин хукукхо, ба чавобгари кашидани гуннахкорон ва чуброн намудани зарари расонидашуда мувофики тартиботи мавчуда чора бинанд.

 

Моддаи 16. Ичрои вазифахои хизмати харби аз тарафи хизматчиёни харбии кушунхои дохили

 

Хизматчиёни харбии кушунхои дохили хангоми ичрои вазифахои харби дар махалли чойгиршавии кисм ва вохиди харби, таълимгохи харби, муассиса ё берун аз онхо, аз чумла дар рохи рафтан ба хизмат ё бозгашт аз он карор доранд.

Вазифахои хизматии хизматчиёни харбии кушунхои дохили ва тартиби ичрои ин вазифахо тавассути Конуни мазкур ва оинномахои умумихарбии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

 

ФАСЛИ IV.

ВАЗИФАХО ВА ХУКУКИ КУШУНХОИ ДОХИЛИ

 

Моддаи 17. Вазифахои чузъу томхо ва кисмхои кушунхои дохили

 

Ба зиммаи чузъу томхо ва кисмхои кушунхои дохили чунин вазифа­хо гузошта мешаванд:

– якчоя бо макомоти корхои дохили иштирок кардан дар посбонии тартиботи чамъияти бо ичрои хизмати патрули ва каровули, инчунин дар таъмини амнияти чамъияти хангоми гузаронидани чорабинихои оммави;

– мусоидат ба макомоти корхои дохили дар таъмини мухофизаи тартиботи чамъияти хангоми тасодумот, фалокатхо, сухтор, офатхои табии, инчунин дар таъмини назми хукукии вазъияти фавкулодда;

– иштирок дар мубориза бар зидди терроризм;

– посбонии муассисахои ислохи мехнати;

– каровули карда бурдани махкумшудагон ва шахсони махбус аз хабсхонахои тахкик бо рохе, ки пешаки ба накша гирифта шудааст, инчунин бурдани онхо ба чаласахои Суди Олии Чумхурии Точикистон, судхои вилояти ва дигар судхо мувофики фехристе, ки Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик намудааст ва мухофизаи ин шахсон дар вакти мачлисхои додгох;

– посбонии объекту иншоотхои махсусан мухим ва дорои тартиботи махсуси роххо ва борхои махсус, ки ба фехристи тасдикнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон шомил карда шудаанд;

– иштирок дар бартараф намудани окибатхои садамот, фалокатхо, сухтор, офатхои табии ва дигар холатхои фавкулодда дар объектхо ва иншооте, ки тахти посбони карор доранд;

– иштирок дар кофтуков ва дастгир намудани шахсоне, ки пинхони ба худуди посбонишаванда дохил, шудаанд.

 

Моддаи 18. Хукуки хизматчиёни харбии кушунхои дохили хангоми ичрои вазифахое, ки ба зиммашон

                    гузошта шудаанд

 

Хизматчиёни харбии кушунхои дохили хангоми ичрои вазифахои ба зиммаашон гузошташуда хукук доранд:

а) аз шахрвандон ва шахсони мансабдор риоя намудани тартиботи чамъиятиро талаб кунанд, чинояткори, конуншикании маъмури ва аъмолеро, ки ба ичрои вазифахои онхо мамоният мекунанд, пешгири намоянд;

б) хуччатхои шахрвандони мансабдорро барои муайян намудани шахсияти онхо, агар ба содир намудани чиноят ё конуншикании маъму­ри гумонбар шудани онхо асоси комил дошта бошанд, тафтиш кунанд;

в) шахсонеро, ки конуншикани намудаанд ё касди онро доштаанд ё ба максади муайян намудани шахсияташон дастгир намуда, ба макомоти милиса оваранд;

г) шахсонеро, ки ба объектхои посбонишаванда касд намудаанд, дастгир карда, то се соат онхоро дар бинои хизматии кушунхои дохили то супориданашон ба макомоти милисия нигох дошта, тафтиш кунанд, чизхо ва хуччатхояшонро аз назар гузаронанд ва мусодира намоянд;

д) воситахои наклиёт, воситахои шиновари (киштихо)-еро, ки коидахои дар объектхои посбонишаванда мукарраргардидаро вайрон кардаанд, тафтиш кунанд.

е) дар хар вакти шабу руз бидуни мамоният ба махал ва бинохои корхонахо, муассисахо, ташкилотхои посбонишаванда сарфи назар аз шаклхои моликияташон, ба истиснои онхое, ки масунияти дипломати до­ранд, дохилшаванд ва онхоро ба максади пешгири намудани конуншикани, ки ба тартиботи чамъияти ва амнияти шахрвандон тахдид мекунад, аз назар гузаронанд, шахсонеро, ки ба худуди махалли посбонишаванда ворид шудаанд, кофтуков намуда, дастгир кунанд, махкумшудагон ва шахсони махбусро, ки гуннахкоранд, чустучу кунанд;

ж) бо карори сардори баландтари оперативи ва дар холатхои фавкулодда — командири кисм ё вохиди харби китъахои махаллот, бинохо ва объектхои алохидаро хангоми кофтукови махкумшудагон ва махбусоне, ки гурехтаанд, таъкиби шахсоне, ки ба худуди махалли посбониша­ванда дохил шудаанд, пешгири намудани бетартибихои оммави ва ба таври дастчамъи вайрон намудани тартиботи чамъияти, инчунин хангоми бартараф намудани окибатхои офатхои табий, садамот ва фалокатхо касалихои сирояткунандаи инсони ва хайвони, дигар холатхои фавкулод­да ихота, мухосира намуда, дар сурати зарурат воситахои наклиёт ва воситахои шиновари (киштихо)-ро тафтиш кунанд;

и) шахрвандонеро, ки ба кушунхои дохили хангоми ичрои вазифахояшон нагз ёри расонидаанд, хавасманд гардонанд.

Хангоми ичрои вазифа дар шароити низоми вазъияти фавкулодда ба кушунхои дохили хукукхои иловагии зерин дода мешавад;

а) ба хонахои истикомати ва дигар бинохои шахрвандон, китъахои ба онхо тааллукдошта, худуд ва бинохои корхонахо, муассисахо ва ташки­лотхо сарфи назар аз шакли моликият, ба истиснои онхое, ки масунияти дипломати доранд ва барои тафтиши он чойхо хангоми таъкиб намудани шахсоне, ки ба содир кардани чиноят гумонбар шудаанд, ё дар сурати мавчуд будани далелхои кофи дар бораи он, ки он чо чиноят содир шуда истодааст ё чиноят ё бадбахтие руй додааст, бемамоният ворид шаванд.

Дар хамаи холатхои дохил шудан ба манзил бидуни розигии сокинони он фармондехи кисм дар давоми 24 соат ба додситон хабар медихад.

б) харакати наклиёт ва пиёдагардхоро муваккатан манъ ё махдуд намоянд, онхоро дар кучахо ва роххо ба максади хифзи саломати, зиндаги, молу мулки шахрвандон тафтиш кунанд;

в) воситахои наклиёти корхонахо, муассисахо, ташкилотхо, сарфи назар аз шакли моликияти онхо, иттиходияхои чамъияти ё шахрвандонро (гайр аз наклиёте, ки ба намояндагихои дипломати, консулгари ва дигар намояндагихои давлатхои хоричи, ташкилотхои байналхалки тааллук доранд ва воситахои наклиёти таъиноти махсус) барои савор шуда рафтан ба махалли ходисахои фавкулодда, ба муассисахои табобати расонидани шахрвандоне, ки ба ёрии таьчилии тибби мухточ мебошанд, барои таъкиби шахсоне, ки чиноят содир кардаанд ва бурдани онхо ба макомоти милисия истифода намоянд;

г) шахрвандонро ба баъзе чойхо ва объектхо рох надиханд, онхоро водор намоянд, ки дар чойхои худ истанд ё он чойхоро ба максади хиф­зи саломати, хаёт ва молу мулки шахрвандон тарк намоянд;

д) ба максадхои хизмати аз воситахои алокае, ки ба корхонахо, му­ассисахо, ташкилотхо, сарфи назар аз шакли моликияташон (ба истис­нои онхое, ки масунияти дипломати доранд), иттиходияхои чамъияти ва шахрвандон тааллук доранд, бепул истифода баранд;

е) аз корхона, муассисахо ва ташкилотхо сарфи назар аз шакли мо­ликияти онхо барои истифода дар вазифахои хизмати маччони дарёфт намоянд, ба истиснои мавридхое, ки конун таври дигари гирифтани маълумоти дахлдорро муайян кардааст;

ж) хуччатхои шахрвандонро дар сурати зарурат тафтиш кунанд ва дар холатхои фавкулодда агар дар хусуси силох доштани онхо маълумот бошад, онхоро шахсан тафтиш намуда, ашё, манзил ва воситахои накли­ёти онхоро аз назар гузаронанд.

з) шахрвандонеро, ки низоми соати комендантиро пеш аз хатми он вайрон кардаанд ва шахсоне, ки ба худ хуччат надоранд, то муайян сохтани шахсияташон, вале на бештар аз се шабонаруз, боздошт намоянд.

Афсарон, прапоршикхо ва хизматчиёни харбии изофамухлати кушунхои дохили барои нигохдори ва гирифта гаштани воситахои махсуси табели ва силохи шахси ва кор фармудани онхо мувофики ин конун хукук доранд.

 

ФАСЛИ V.

ИСТИФОДАИ КУВВАИ ЧИСМОНИ, ВОСИТАХОИ МАХСУС, СИЛОХ

ВА ТЕХНИКАИ ХАРБИ АЗ ТАРАФИ КУШУНХОИ ДОХИЛИ

 

Моддаи 19. Шароит ва хадду худуди истифодаи кувва, воситахои махсус, силох, ва техникаи харби

 

Кушунхои дохили хукук доранд дар холатхо ва тартибе, ки ин конун пешбини намудааст, кувваи чисмониро истифода баранд, воситахои мах­сус, силохи табели ва техникаи штатии харбиро кор фармоянд.

Хизматчиёни кушунхои дохили бояд аз тайёрии махсус ва санчиши мунтазам барои корхои ба амалиёт дар шароите, ки ба истифодаи кувваи чисмони, воситахои махсус, силох, ва техникаи харби вобаста аст, гузаранд. Инчунин ба зарардидагон то омадани духтур ёрии тибби расонида тавонанд.

Хизматчиёни харби хангоми истифодаи кувваи чисмони, воситахои махсус ё техникаи харби вазифадоранд:

– дар бораи истифодаи кувваи чисмони, воситахои махсус, силох ё техникаи харби пешаки огох, намоянд ва зимнан барои ичрои талаботаш ба кадри кофи мухлат диханд, ба истиснои холатхое, ки таъхир намудан дар ин кор ба хаёт ва саломатии шахрвандон, хизматчиёни харби ва кормандони макомоти корхои дохили хатар дошта бошад ва боиси окибатхои вазнин гардад ё вакте ки чунин огохкуни дар вазъияти баамаломада ночоя ё номумкин аст;

– ба шахсоне, ки зарари чисмони дидаанд, то расидани духтур кумак намоянд;

– бо фармон дар хар мавриди истифодаи кувваи чисмони, воситахои махсус, силох ва техникаи харби хабар дихад.

Фармондехони дахлдори кисмхо, вохидхо вазифадоранд, ки дар бораи хамаи холатхои захмдоршави ё марг фавран ба додситон хабар диханд.

Истифодаи кувваи чисмони, воситахои махсус, силох ё техникаи харби бо суиистифода аз ваколатхо мувофики конун боиси чавобгарии хиз­матчиёни харби мешавад.

 

Моддаи 20. Истифодаи кувваи чисмони

 

Хизматчиёни харби хукук доранд кувваи чисмони, аз чумла усулхои харбии муборизаро барои пешгири намудани чиноят ва конуншикании маъмури, боздошт намудани шахсоне, ки онро содир намудаанд, бартараф намудани амали хилофи талаботи конунии хизматчиёни харбии кушунхои дохили истифода баранд, дар сурате, ки дигар усулхо ичрои вазифахои ба зиммаашон гузошташударо таъмин карда натавонанд.

 

Моддаи 21. Истифодаи воситахои махсус

 

Хизматчиёни кушунхои дохили хукук доранд шахсан ё дар хайати вохиди харби воситахои махсусро дар чунин холатхо истифода баранд:

а) барои рафъи хучум ба шахрвандон, коркунони муассисахои ислохи мехнати, хизматчиёни харби ё кормандони макомоти корхои дохили;

б) барои пешгири намудани зиддиятнишондихии гайриконуни ба хизматчиёни харбии кушунхои дохили;

в) барои боздоштани шахсе, ки дар холати содир намудани чиноят гофилгир шуда, кушиши гурехтан мекунад;

г) барои боздоштани шахсоне, ки дар хусуси касди зиддияти мусаллахона нишон додани онхо асоси кофи вучуд дорад;

д) барои овардани шахсони боздошташуда ба макомоти милиса, каровули карда бурдан ва посбони намудани шахсони боздошташуда, инчунии шахсоне, ки мавриди боздошти маъмури ва тахти хабс карор доранд ва аз рафтори онхо дида мешавад, ки онхо касди фирор ё ба атро­фиён ё ба худ зарар расонидан доранд ё ба хизматчиёни харбии кушунхои дохили зиддият нишон медиханд;

е) барои рафъи хучум ба шахракхои харби, эшелонхо ва колоннахои харби, объектхо, иншоот ва борхои тахти мухофиза;

ж) барои озод намудани гаравгонхо, бинохо, хонахо, иншоот, воси­тахои наклиёт ва махалхои зер карда гирифташуда;

з) барои пешгири намудани бетартибихои оммави ва амалхое, ки ба кори наклиёт, алока, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо халал мерасонанд, инчунин назми кори муассисахои ислохоти мехнатиро вайрон мекунанд;

и) дар шароити низоми хукукии вазъияти фавкулодда барои таваккуф додани воситаи наклиёт, ки ронандаи он талаби конуниро дар бораи таваккуф намудан ичро накардааст, инчунин хангоми дастгир наму­дани махкумшуда ё махбусе, ки ба воситаи наклиёт фирор намудааст;

к) барои кофтуков ва дастгир намудани махкумшуда ва шахсони махбус, ки аз хабс фирор кардаанд.

Ба сифати воситахои махсус инхо истифода бурда шуда метавонанд:

– калтакхои резини – дар холатхое, ки дар бандхои «а», «б», «е», «ж», «з», «к»-и кисми аввали ин модда пешбини шудаанд;

– гази ашковар – дар холатхое, ки дар бандхои «а», «б», «г», «е», «ж», «з», «к»- кисми аввали ин модда пешбини шудаанд;

– завлонаи даст – дар холатхое, ки дар бандхои «б», «в», «д», «к»-и кисми аввали ин модда пешбини шудаанд;

– воситахои нурусадои таъсираш хушро ба суи дигар чалбкунанда — дар холатхое, ки дар бандхои «а», «г», «е», «ж», «з», «к»-и кисми авва­ли ин модда пешбини шудаанд;

– воситахои вайронкунандаи монеахо — дар холатхое, ки дар банд­хои «г», «ж», «к»-и кисми аввали ин модда пешбини шудаанд;

– воситахои мачбуран таваккуф додани наклиёт — дар холатхое, ки дар бандхои «к», «и»-и кисми аввали ин модда пешбини шудаанд;

– обпошхо ва мошинахои зирехпуш—дар холатхое, ки дар бандхои «г», «е», «ж», «з», «к»-и кисми аввали ин модда пешбини шудаанд, факат бо амри фармондехи кисми харби ё чонишини фармондехи кисми харби бо огох намудани додситон дар давоми 24 соат аз вакти истифода бурда шуданашон;

– сагхои махсус — дар холатхое, ки дар бандхои «а», «б», «в», «г», «д», «е», «ж», «з», «к»-и кисми аввали ин модда пешбини шудаанд. Хамаи намудхои воситахои махсус, гайр аз ин, дар холатхое, ки моддаи 22 ин Конун пешбини намудааст, истифода бурда шуда метавонанд,

Воситахои махсусро нисбати занони хомиладор, шахсони аломати маълуми маъюби ва хурдсолон, гайр аз холатхои аз тарафи онхо нишон дода шудани зиддияти мусаллахона, хучум, ки ба хаёт ва саломатии одамон тахдид карда метавонанд, истифода бурдан мумкин нест.

Дар холати дифои машруъ ё зарурати ночор хизматчии харбии кушунхои дохили дар сурати набудани воситахои махсус ё силохи оташфишон метавонад аз хар гуна воситахои дар зери дасташ буда истифода барад.

 

Моддаи 22. Истифодаи силох

 

Хизматчиёни харбии кушунхои дохили хак доранд шахсан ё дар холати дастчамъи дар чунин мавридхо силохро истифода баранд;

а) барои химояи шахрвандон аз хучуме, ки ба хаёт ва саломатии онхо тахдид мекунад;

б) барои рафъи хучум ба хизматчиёни харби, кормандони макомоти корхои дохили ва коркунони муассисахои ислохи мехнати, вакте ки ба хаёт ва саломатии онхо хатар тахдид мекунад, инчунин барои пешгири намудани кушиши кашида гирифтани силохи онхо;

в) барои озод намудани гаравгонон, объектхо, иншоот, борхо ва техникаи харбии зуран гирифташуда;

г) барои боздошт намудани ашхосе, ки хангоми содир намудани чиноят бар зидди хаёт, саломати ва моликияти шахрвандон гофилгир шудаанд ва кушиши фирор кардан доранд, инчунин онхое, ки зиддияти мусаллахона нишон медиханд;

д) барои пешгири намудани фирори инхо аз тахти назорати посбонон:

– шахсоне, ки ба содир намудани чиноят гумонбар шуда боздошт гардидаанд;

– шахсоне, ки нисбати онхо хабс чораи пешгири интихоб карда шудааст;

– шахсоне, ки ба махрумият аз озоди махкум шудаанд;

е) барои пешгири намудан кушишхои зуран озод намудани шахсо­не, ки дар банди «д»-и ин модда зикр ёфтааст;

ж) барои таваккуф додани воситаи наклиёт бо рохи нукс расондан ба он, дар сурате, ки ронанда дар шароити низоми вазъияти фавкулодда бо вучуди такозои корманди милисия ё хизматчии харбии кушунхои дохили аз нигох доштани наклиёт саркаши кунад;

з) барои зада гардонидани хучуми дастчамъи ё мусаллахона ба шахракхои харби, эшелонхо ва колоннахои харби, объектхо, иншоот ва борхои тахти мухофиза, манзили шахрвандон, бинохои макомоти давлати, иттиходияхои чамъияти, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо, аз он чумла бо истифодаи воситахои наклиёт;

и) барои пахш намудани зиддияти гуруххои мусаллах, ки талаби конунии хизматчиёни харбии кушунхои дохилиро дар бораи бас кардани амалиёти гайриконуни ва супурдани силох ва техникаи харбии дар дасташон буда ичро намекунанд;

к) барои огох намудани шахрвандон аз нияти истифода бурда шудани силох, додани бонги хатар ва даъват ба ёри;

бидуни огохкуни аз силох, хангоми зада гардондани хучум бо исти­фодаи силох, техникаи харби, воситахои наклиёт, аппаратхои парвозкунанда ва киштихо, хангоми фирор аз зери назорати посбонон бо силох, ё бо ёрии воситахои наклиёт ва аппаратхои парвозкунанда, инчунин хан­гоми фирор дар шароити торик будани хаво ва хангоми фирор аз воси­таи наклиёт дар вакти харакат истифода бурда мешавад.

Истифодаи силох нисбати занон, шахсоне, ки нишонахои маъюб будани онхо аён аст ва ноболигон, ки синну солашон маълум мебошад, мумкин нест, ба гайр аз холатхои аз тарафи онхо нишон додани зиддияти мусаллахона ё хучум, ки ба хаёти одамон тахдид мекунад.

 

Моддаи 23. Истифодаи техникаи харби

 

Техникаи штатии харби, ки кушунхои дохили бо он мусаллах мебошанд, дар чунин холатхо истифода шуда метавонад;

а) барои озод намудани гаравгонон, объектхо, иншоот, борхо ва техникаи харби, ки тахти посбони карордошта забт карда шудаанд;

б) барои боздошт намудани шахсоне, ки зиддияти мусаллахона ни­шон медиханд;

в) барои таваккуф додани воситахои наклиёт дар шароити низоми хукукии вазъияти фавкулодда;

г) барои зада гардонидани хучуми дастчамъи ё мусаллахона ба шахракхои харби, эшелонхо ва колоннахои харби, объектхо, иншоот ва борхои тахти мухофиза, манзили шахрвандон, бинохои макомоти давлати, иттиходияхои чамъияти, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо, аз чумла бо истифодаи воситахои наклиёт;

д) барои пахш кардани зиддиятхои гуруххои мусаллах, ки аз ичрои такозои конунии хизматчиёни харбии кушунхои дохилиро дар бораи бас кардани амалиёти гайриконуни ва супурдани аслиха ва техникаи харбие, ки дар даст доранд, саркаши мекунанд.

 

Моддаи 24. Кафолати амнияти шахсии хизматчии харбии кушунхои дохили

 

Хизматчии харбии кушунхои дохили хак дорад силохи худро ба даст гирифта, онро ба холати омодабош оварад, агар чунин шуморад, ки дар вазъияти ба амаломада барои истифодаи он метавонад асосхое бошанд, ки дар моддаи 22 ин Конун пешбини шудаанд.

Кушишхои дастгиршаванда барои наздик шудан ба хизматчии хар­бии кушунхои дохили бо силохи аз гилоф кашидашудаи сард ё оташфишон, ё бо асбобе, ки бо ёрии он зарари чисмони расонидан мумкин аст ва дар зимни кутох, намудани фосилае, ки хизматчии харби нишон додааст, инчунин кушиши он барои ба силохи хизматчии харби даст задан, ба хизматчии харби хукук медихад, ки мувофики банди «б» моддаи 22-юми хамин Конун силохро истифода барад.

Ба манфиати таъмини амнияти хизматчиёни харби ва аъзои оилаи онхо дар воситахои ахбори оммави нашр кардани иттилоот дар бораи махалхои чойгиршавии (тагйири чой намудани) кисмхои харби, ки дар задухурдхо бо гуруххои мусаллахи чинояткорон иштирок намудаанд, мум­кин нест. Иттилоот дар бораи фаъолияти хизматию харбии кушунхои до­хили факат бо ичозати фармондехи кисми харби, сардори таълимгохи харби ё муассисаи кушунхои дохили дода мешаванд.

 

ФАСЛИ VI.

РОХБАРИ БА КУШУНХОИ ДОХИЛИ

 

Моддаи 25. Вазири корхои дохилии Чумхурии Точикистон

 

Вазири корхои дохилии Чумхурии Точикистон ба кушунхои дохилии Чумхурии Точикистон рохбари мекунад ва ба конуни будани ичрои вазифахои ба зиммаи онхо гузошташуда чавобгар мебошад.

Вазири корхои дохилии Чумхурии Точикистон:

– оид ба масъалахои ташкили фаъолияти кушунхои дохили дар ичрои конунхои Чумхурии Точикистон, фармонхои Президенти Чумхурии Точикистон ва карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон санадхои меъёри мебарорад;

– сохтор ва штатхои Раёсати кушунхои дохили, чузъу томхо, кисмхои харби, муассисахо ва таълимгоххои харбии кушунхои дохилиро тасдик мекунад;

– афсаронро ба гирифтани унвонхои хайати олии афсари пешбари мекунад;

– бо пешниходи Фармондехи кушунхои дохили афсаронро ба мансабхои фармондехи кисм ва баландтар аз он таъин менамояд; (КЧТ аз 25.12.15с., №1265)

бо унвонхои якуми афсари, инчунин унвонхои харбиро то рутбаи полковник сарфароз менамояд; (КЧТ аз 25.12.15с., №1265)

– афсаронро мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон аз хизмати харби рухсат медихад; (КЧТ аз 27.11.14с., №1149)

– таълим ва такмили кушунхои дохилиро ба воситаи Фармондехи кушунхои дохили, макомоти минтакавии корхои дохили ва дар сурати зарурат ба воситаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон ташкил менамояд; (КЧТ аз 27.11.14с., №1149)

– барои бо кор ва аз чихати моддию маиши таъмин намудани оилахои хизматчиёни кушунхои дохили, ки халок гардидаанд (вафот кардаанд), мувофики конуни мавчуда мусоидат мекунад; (КЧТ аз 25.12.15с., №1265)

– хачми вазифахои хизматиро барои кисмхо ва кисмхои махсуси моторикунонидашудаи милиса, дар асоси шумора ва бо назардошти фарохамсозии шароити таълим, тарбия ва истирохати хайати шахси, инчунин талаботи санадхои асосии меъёри барои кушунхо муайян менамояд;

– ба фаъолияти кисмхои харбии мазкур назорат мекунад. (КЧТ аз 25.12.15с., №1265)

 

Моддаи 26. Фармондехи кушунхои дохили

 

Фармондехи кушунхои дохили бевосита кушунхои дохилиро идора менамояд.

Фармондехи кушунхои дохили дар замони осоишта ва чангба­рои дар холати омодабоши мухорибави ва сафарбари нигох доштани ку­шунхои дохили ва бомуваффакият ичро намудани вазифахои ба зиммаи онхо гузошташуда масъул мебошад.

Фармондехи кушунхои дохили:

– сардори бевоситаи тамоми хайати шахсии кушунхои дохили ме­бошад;

мувофики фармоиши Вазири корхои дохилии Чумхурии Точикистон оид ба такмили фаъолият, сохтори кушунхои дохили ва гузаронидани чорабинихои ташкили таклифхо пешниход менамояд; (КЧТ аз 25.12.15с., №1265)

– накшахои дар асоси даъват бо хизматчиёни харбии хизмати мухлатдор такмил додани кушунхои дохилиро тартиб медихад, онхоро аз хизмати харби мувофики фармонхои Президенти Точикистон ва Вазири корхои дохилии Чумхурии Точикистон рухсат менамояд;

– фармонхо, директивахо, дастуруламалхо, низомномахо мебаро­рад, накшахо ва барномахои тайёрии мухорибави ва сафарбарии кушунхои дохили, инчунин накшахои корхои илмию тадкикоти ва тачрибавию конструкториро тартиб медихад; (КЧТ аз 25.12.15с., №1265)

– масъалаи адои хизмати харбиро аз тарафи афсарон, прапоршикхо, хизматчиёни харбии хизмати изофамухлат мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон хал менамояд; (КЧТ аз 27.11.14с., №1149)

– афсаронро ба мансабхои то чонишини кисми харби, сардори шуъбаи Раёсати кушунхои дохили таъин мекунад;

– афсаронро ба мансабхои то муовини командири кисми харби, муовини сардори шуъбаи Раёсати кушунхои дохили таъйин мекунад; (КЧТ аз 25.12.15с., №1265)

– инкишофи заминаи модди ва мухайё сохтани шароити зарурии ичтимоию маиширо барои хайати шахси таъмин менамояд;

– хизматчиёни харби, хизматчиён ва кормандони кушунхои дохилиро ба мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон пешбари мекунад;

– дар асоси карори Хукумати Чумхурии Точикистон барои мусаллах намудани кушунхо, техникаи харби ва молу мулки дигарро кабул менамояд; (КЧТ аз 27.11.14с., №1149)

молу мулки корношоям ё маводи киматнок ва маблаги пули гумшудаи харби (бучети)-ро ба тартибе, ки Вазири корхои дохилии Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, аз хисоб мебарорад; (КЧТ аз 27.11.14с., №1149)

– дар хадду худуди ваколатхое, ки аз тарафи Вазири корхои дохи­лии Чумхурии Точикистон дар шароити чори намудани низоми хукукии вазъияти фавкулодда барояш дода шудааст, амалиёти кушунхои дохили, макомоти дахлдори минтакавии корхои дохилиро, ки барои таъмини ни­зоми хукукии вазъияти фавкулодда чалб карда мешаванд, хамоханг месозад.

 

Моддаи 27. Раёсати кушунхои дохили

 

Раёсати кушунхои дохили дар накшаи идоракунии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон мебошад. (КЧТ аз 25.12.15с., №1265)

Ташкил ва тартиби фаъолияти Раёсати кушунхои дохили мувофики низомномае, ки Вазири корхои дохилии Чумхурии Точикистон тасдик ме­кунад, мукаррар карда мешавад.

 

ФАСЛИ VII

ЧАЛБИ КУШУНХОИ ДОХИЛИ БАРОИ ИЧРОИ ВАЗИФАХОЕ,

КИ БА ЗИММААШОН ГУЗОШТА ШУДААНД

 

Моддаи 28. Тартиби вазифахои ба зиммаашон гузошташударо ичро кардани чузъу томхо, кисмхо ва

                    вохидхои кушунхои дохили

 

Тартиби вазифахои ба зиммаашон гузошташударо ичро намудани чузъу томхо, кисмхо ва вохидхои харбии кушунхои дохили бо хамин Конун ва Оинномаи хизмати харбии Кушунхои дохилии Вазорати кор­хои дохили ва санадхои меъёрии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Муддати чалби чузъу томхо, кисмхо ва вохидхои харби барои ичрои вазифахояшон дар шароити низоми хукукии вазъияти фавкулодда набояд аз се мох, зиёд бошад. Зимнан барои афсарон прапоршикхо, хиз­матчиёни харбии хизмати изофамуддат хизмат мекунанд, мухлати хизмат як бор се хамчун хизмати дарозмуддат, ки ба нафака хукук медихад ва барои хизматчиёни харбии хизмати мухлатнок як бор се хамчун собикаи кор барои таъини нафака хисоб мешавад, инчунин бо тартибе, ки Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, ба онхо маоши зиёдтар дода мешавад.

 

Моддам 29. Чалби чузъу томхо кисмхо ва вохидхои харбии кушунхои дохили барои ичрои вазифаашон

                     берун аз худуди чойгиршавии онхо

 

Чалби чузъу томхо, кисмхо ва вохидхои харбии кушунхои дохили барои ичрои вазифахояшон берун аз худуди нохияхои чойгиршавии он­хо аз тарафи Вазири корхои дохилии Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

Ба сардорони калони оперативи хукук дода мешавад, ки вохидхои моторикунонидашудаи махсуси кисмхои харбиро ба муддати то як мох чихати ёри ба макомоти корхои дохили барои мухофизаи тартиботи чамъияти дар худуди минтакахои дахлдор чалб намоянд ва аз ин карори худ хатман Раёсати кушунхои дохилиро, огох созанд.

 

ФАСЛИ VIII.

КАФОЛАТИ ХИМОЯИ ХУКУКИ ВА ИЧТИМОИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ХАРБИИ КУШУНХОИ ДОХИЛИ

 

Моддаи 30. Хатман ичро карда шудани талаботи конунии хизматчиёни кушунхои дохили

 

Ичрои талаботи конунии хизматчии кушунхои дохили аз тарафи шахрвандон, ва шахсони мансабдори Чумхурии Точикистон хатми мебошад;

Барои ичро накардани талаботи конунии хизматчии харбии кушунхои дохили ва амале, ки ба ичрои вазифаи ба зиммаи вай гузошташуда халал мерасонад, мувофики конуни Чумхурии Точикистон чавобгари мукаррар карда шудааст.

 

Моддаи 31. Дифоъи машруъ ва зарурати фавкулодда, ки дар фаъолияти хизматчии харбии кушунхои

                   дохили татбик мешавад

 

Дар фаъолияти хизматчии харбии кушунхои дохили конуни Чумхурии Точикистон дар бораи дифоъи машруъ ва зарурати фавкулодда тат­бик мешавад.

 

Моддаи 32. Нораво будани мудохила ба амали хизматчии харбии кушунхои дохили

 

Хизматчии харбии кушунхои дохили хангоми адои хизмат вазифахои ба зиммаш гузошташударо ичро намуда, факат дар асоси конун амал мекунад, намояндаи хокимият мебошад ва аз тарафи давлат химоя кар­да мешавад.

Хеч кас хак надорад ба амали конунии хизматчии харбии кушунхои дохили мудохила кунад, гайр аз шахсоне, ки ин Конун онхоро ба ин кор ваколатдор намудааст.

Хеч кас хак надорад хизматчии харбии кушунхои дохилиро ба ичрои вазифахое, ки ин Конун ба зиммаи кушунхои дохили нагузоштааст, мачбур кунад.

 

Моддаи 33. Гувохии хизматчии харбии кушунхои дохили

 

Гувохии хизматчии харбии кушунхои дохили доир ба парвандаи чиноят ё конуншикании маъмури, ки вай чабрдида ё шохид мебошад, бо гувохии дигар, ки ба тартиби мукарраркардаи конун гирифта шудааст, баробар дониста мешавад.

 

Моддаи 34. Хукуки хизматчии харбии кушунхои дохили ба химояи суди

 

Хизматчиёни харбии кушунхои дохили ба химояи суди хукук ва манфиатхои конунии худ  хак доранд.

 

Моддаи 35. Сугуртаи давлати ва чуброни товони зарар дар сурати халок ё маъюб шудани хизматчии

                     харбии кушунхои дохили

 

Хамаи хизматчиёни харбии кушунхои дохили хатман аз хисоби маблаги бучети Чумхурии Точикистон сугурта карда мешаванд.

Дар сурати халок шудани (вафот кардани) хизматчии харбии кушунххои дохили ба иртиботи ичрои фаъолияти хизмати ё марги вай дар давоми як соли баъди рухсат шуданаш аз хизмат дар натичаи садама, захм, бемори, ки дар давраи адои хизмат ба вай расидааст, ба оилааш ва дастнигаронаш ёрии якдафъаина ба андозаи 10-сола маоши вай аз руи маоши вазифаги ва маоши аз руи унвони харби, ки дар вакти марги вай вучуд дошт, аз хисоби бучети чумхуриявии Чумхурии Точикистон пардохт мегардад ва баъдан ин маблаг аз шахсони гуннахкор ситонида мешавад.

Хар гох хизматчии харбии кушунхои дохили хангоми ичрои фаъо­лияти хизмати садама бинад, захми ва бемор шавад, ки он дигар ба адои хизмат имкон намедихад, барои кумакпулии якдафъаина ба андозаи маоши 5-солааш аз хисоби бучети чумхуриявии Чумхурии Точикистон пардохт мегардад ва баъдан ин маблаг аз шахсони гуннахкор ситонида мешавад.

Зараре, ки ба молу мулки хизматчии харбии кушунхои дохили ё оилаи вай хангоми ичрои фаъолияти хизматиаш расонида шудааст, пурра аз хисоби бучети чумхуриявии Чумхурии Точикистон чуброн гардида, баъдан ин маблаг аз шахсони гуннахкор ситонида мешавад.

 

Моддаи 36. Таъмини хизматчиёни харбии кушунхои дохили бо манзил

 

Барои афсарон, прапоршикхо ва хизматчиёни харбии хизмати изофамухлат манзил дар шакли хонаи алохида ё хавли аз руи меъёрхои мукарраршуда аз макомоти хокимияти давлати ва идораи махалли, инчунин аз тарафи вазоратхо, идорахо, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхои дахлдор, ки объектхои онхоро кушунхои дохили посбони мекунанд, ба тартибе, ки конун ва дигар санадхои меъёрии Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст, дода мешавад.

Барои сохтмони манзил дар гарнизонхои алохида ва шахракхои махсуси харби Хукумати Чумхурии Точикистон аз хисоби бучети чумхурияви ва захирахои марказонидашудаи модди-техникии давлати маблаг чудо мекунанд.

Хонахои истикоматии хусусинашудаи фонди манзили давлати, ки дар онхо шахсони хайати афсари, прапоршикхо ва хизматчиёни харбии изофамухлат истикомат мекунанд, ба кушунхои дохили вобаст карда мешаванд. Хангоми холи шудани ин бинохо дар онхо хизматчиёни кушунхои дохили чой дода мешаванд. Дар сурати ба чои дигар накл макон намудани кисми харби ва дар ин минтакахо вучуд надоштани дигар кисмхои харбии кушунхои дохили бинохое, ки хизматчиёни харбии ин кисми харби ишгол мекард, ба макомоти  хокимияти давлати ва идораи махалли баргардонида мешаванд, ба шарте, ки дар конуни Чумхурии Точикистон чизи дигар пешбини нашуда бошад.

Хизматчиёни харбии кушунхои дохили, гайр аз хизматчиёни харби хизмати мухлатдор, барои дохил шудан ба кооперативхои сохтмони манзил (кооперативхои манзил), ба харидан ва сохтани хонахои истикоматии шахси дар махалли хизмат ба тартиб ва шартхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, хак доранд. Хизматчиёни харбие, ки дар минтакахои дорои шароити вазнини иклими ва дар гарнизонхои чудогона ва шахракхои махсуси харби хизмат мекунанд ва дар он чо барои хизмачиёни харби мухлати нихоии хизмат мукаррар карда шудааст, дар сурати доштани 15-сола собикаи хизмати таквими ва зиёда аз он, сарфи назар аз махалли адои хизмат – дар шахрхо ва махалхои ахолиниши ки онхо интихоб мекунанд, шомили кооперативхои манзил (сохтмони манзил) шаванд. Зимнан барои хизматчиёни харби, ки хизмати харбиро пайдарпаи дар давоми 10 соли таквими ва беш аз он бенуксон адонамудаанд ва бо манзил таъмин нестанд ё барои бехбуди шароити манзил эхтиёч дошта, шомили кооперативхои манзил (сохтмони манзил) шуданд, ё хонахои истикоматии шахси месозанд аз чои хизматашон ба андозаи 75 фоизи арзиши манзили кооперативи ёрии молиявии маччони расонида мешавад ё карзи аз бонк барои сохтмони хонаи истикомати шахси гирифтаи онхо пардохт мегардад. (КЧТ аз 27.11.14с., №1149)

Шахсони хайати афсари дар рутбаи полковник ва баландтар аз он, ки адои хизмат мекунанд ё аз хизмати харби рухсат шудаанд, фармондехони кисмхои алохидаи харби, хизматчиёни харби — муаллимони муассисахои таълими харби ва кормандони илми, ки унвони илми доранд ба масохати иловагии истикомати ё як хонаи иловаги ба андозаи на камтар аз 10 мураббаъметр хак доранд.

Барои хизматчиёни харбии кушунхои дохили, гайр аз хизматчиёни харбии хизмати мухлатдор ва аъзои оилаи онхо, ки хамронашон зиндаги мекунанд, дар муддати на бештар аз 6 мохи аз рузи омаданашон ба (махалли хизмат манзил дода мешавад, ки он бояд чавобгуи талаботи конуни манзил ва меъёрхои санитари бошад. То гирифтани манзили доими ин шахсон бояд бо хонаи истикоматии муваккати ё хобгох таъмин карда шаванд.

Ба хизматчиёни харби то гирифтани хонаи истикомати дар муддати мукаррари барои ичораи манзили муваккати мувофики шартномаи ичораи манзил чубронпули дода мешавад.

Макомоти хокимияти махалли метавонанд ба хизматчиёни харби кушунхои дохили, гайр аз хизматчиёни харбии хизмати изофамухлат, манзилро бо шартхои имтиёзнок ба нисфи арзишаш фурушанд.

Ба афсарон, прапоршикхо ва хизматчиёни харбии кушунхои дохили ки 20 сол ва зиёда аз он собикаи хизмат доранд ва шахсоне, ки бинобар синну сол, бемори, ихтисори харбиёни кушунхо ё штат ё вазъи махдуди саломати аз хизмати харби рухсат шудаанд ва дорои 20 соли таквими ва зиёда аз ин собикаи хизмат мебошанд, иштирокчиёни чанг, чанговарони интернатсионалист, инчунин ба аъзои оилахои хизматчиёни харби, ки хангоми адои хизмати харби дар натичаи захмдоршави, садама, маъюби ва бемори фавтидаанду дар хонахои фонди давлати ва тобеи идора зиндаги мекунанд, манзилхояшон хамчун моликияти шахси барояшон ройгон дода мешавад.

Тартиби ба шахсони мазкур додани имтиёзхо оид ба андози вобаста ба хусусигардонии манзил тавассути конуни Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

Шахсони хайати афсари, прапоршикхо, хизматчиёни харбии хизмати изофамухлат, ки аз хизмати харби ба эхтиёт рухсат шудаанд ё ба истеъфо баромадаанд, инчунин оилахои онхо дар махалли сукунати интихобкардаашон ба навбати аввал, вале на дар мухлати дертар аз се мох бо манзил таъмин карда мешаванд. Дар сурате, ки таъмини манзил дар мухлати мукарраршуда имкон надошта бошад, бо ризоияти хизматчии ба эхтиёт (истеъфо) баромада барояш то гирифтани манзил ба андозае, ки дар шартномаи ичораи манзил зикр шудааст, чубронпули дода ме­шавад. Вазифаи амали гардонидани ин хукуки хизматчии харбии кушунхои дохили ба зиммаи макомоти хокимияти махалли гузошта мешавад. Агар хизматчии харбии кушунхои дохили дар вакти ичрои вазифа халокгардида бошад, барои оилаи вай хукуки гирифтани манзил ба хамон асосхое, ки дар вакти ба навбат  гузоштани эхтиёчмандони бехбуди шароити манзил вучуд дошт, хифз мегардад ва зимнан манзил барои он оила на дертар аз як соли халок шудани хизматчии харби дода ме­шавад.

 

Моддаи 37. Таъмини хизматчиёни харби бо телефон ва мухайё намудани чой барои кудакони онхо дар

                      муассисахои томактабии кудакон

 

Афсарони кушунхои дохили барои бенавбат дар манзилхояшон гу­зошта шудани телефон хукук доранд.

Дар муассисахои томактабии кудакон барои кудакони хизматчиёни харбии кушунхои дохили аз тарафи макомоти хокимияти махалли, вазоратхо, идорахо, корхонахо, ташкилотхо ва муассисахои дахлдор дар муддати 6 мохи баъд аз додани ариза чой бо пардохт дар асосхои имтиёзнок, ки Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд, му­хайё карда мешавад.

 

Моддаи 38. Таъминоти тиббии хизматчиёни харбии кушунхои дохили ва оилахои онхо

 

Хукуки хизматчиёни харбии кушунхои дохили ба таъминоти тибби бо рохи дар кушунхо гузаронидани чорабинихои санитарию гигиени, про­филактики ва табобати, назорати доими ба вазъи саломатии хизматчиё­ни харби, ба онхо расонидани ёрии тибби дар сурати захмдоршави ё бе­мори дар муассисахои тиббии харби, бепул додани дору, даво ва хизматрасонии гуногуни тибби, инчунин хизматрасонии имтиёзноки санита­рию курорти бо пардохти 10 фоизи арзиши роххат аз тарафи афсарон, прапоршикхо ва хизматчиёни харбии хизмати изофамухлат ва пардохти 30 фоизи арзиши роххатхо аз тарафи оилахои онхо амали гардонида ме­шавад.

Хизматчиёни харбии кушунхои дохили ба дармонгоххо ва беморхонахои муассисахои табобатии Вазорати мудофиа, Вазорати корхои дохи­ли, Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон, инчунин дар асосхои шартномави дар муассисахои табобатию профилактикии дигар вазоратхо ва идорахои Чумхурии Точикистон барои табобат кабул карда мешаванд. (КЧТ аз 27.11.14с., №1149)

Дар сурати зарурати ёрии таъчилии тибби ба хизматчиёни харбии кушунхои дохили ингуна ёри дар хама муассисахои наздиктарини тиббии Чумхурии Точикистон ба таври бепул расонида мешавад.

Аъзои оилахои хайати афсарон, прапоршикхо, хизматчиёни харбии хизмати изофамухлат, инчунин хизматчиёни харби, ки аз хизмати харби ба эхтиёт ё истеъфо баромада, собикаи хизматашон на камтар аз 20 сол мебошад, ба хизматрасонии тибби дар муассисахои табобатии Вазора­ти корхои дохилии Чумхурии Точикистон ва Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон хукук доранд.

Таъминоти санитари-эпидемиологии хизматчиёни харби, ки дар шахракхои харбии кушунхои дохили чойгир мебошанд, аз тарафи хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон, тавассути шабакахои муассисахои санитарию эпидемиологии минтакави, ки кушунхои дохили барои дар кисмхо ва вохидхои харби гузаронидани чорабинихо ва амали намудани назорати санитарии идори ёрии бепул мерасонанд, сурат мегирад. (КЧТ аз 27.11.14с., №1149)

 

Моддаи 39. Хукуки хизматчиёни харбии кушунхои дохили барои истифодаи бепул аз наклиёт

 

Хизматчиёни харбии кушунхои дохили дар тамоми каламрави Чумхурии Точикистон аз тамоми наклиёти чамъиятии шахри, наздишахри ва махалли гайр аз такси, инчунин наклиёти дар рох вохурда дар кишлокчойхо истифода мебаранд.

Хизматчиёни харбии кушунхои дохили, ки дар нохияхои низоми хукукии вазъи фавкулодда хизмат мекунанд, гайр аз ин, барои бепул исти­фода бурдан аз поездхо дар худуди махалхое, ки онхо хизмат мерасо­нанд, хукук доранд.

Барои хизматчиёни харбии кушунхои дохили хукук дода мешавад, ки хамрохи оилаашон, гайр аз оилахои хизматчиёни харбии хизмати мухлатдор, дар як сол як маротиба ба махалли гузаронидани рухсатии навбати аз хисоби маблаги Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон бепул рафта оянд.

Барои афсарон, прапоршикхо ва хизматчиёни харбии хизмати изофамухлати кушунхои дохили, ки ба максадхои хизмати наклиёти шахсии худро истифода мебаранд, ба тартиб ва андозае, ки Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар мекунад, чубронпули дода мешавад.

 

Моддаи 40. Хукуки хизматчиёни харбии кушунхои дохили хангоми маъмурият

 

Хизматчиёни харбии кушунхои дохили, ки ба маъмурияти хизмати фиристода мешаванд, хукук доранд дар асоси шаходатномаи маъмурият ба хамаи намудхои наклиёт бенавбат билет харанд ва дар мехмонхонахо чой гиранд.

 

Моддаи 41.Таъминоти ичтимои-маиши ва имтиёзхои хизматчиёни харбии кушунхои дохили

 

Хизматрасонии тичоратию маиши барои хизматчиёни харбии кушунхои дохили ва оилахои онхо аз тарафи Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон ва Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон ба воситаи муассисахои харбии савдо ба тартибе, ки барои куввахои мусаллах, мукаррар карда шудааст, инчунин ба воситаи дигар муассисахои савдо аз захирахое, ки бо дархости фармондехон ва сардорони кисмхо ва муассисахои харби чудо карда мешаванд, сурат мегирад.

Афсарон, прапоршикхо ва хизматчиёни харбии хизмати изофамухлати кушунхои дохили, ки дар хизмати харби мебошанд, инчунин онхое, ки аз хизмати харби аз руи синну сол, бемори, ихтисори шумораи кушунхо ва штатхо ё ба нисбати махдудияти вазъи саломати рухсат шудаанд ва бештар аз 20 соли таквими собикаи хизмат доранд, хакки истифодаи манзили фонди давлати ва тобеи идори, инчунин хизматрасонии коммуналиро, ба шумули телефон, аз чумла дар бинохо ва хонахое, ки моликияти худашон мебошад, дар хачми 50 фоиз пардохт менамоянд.

Барои хизматчиёни харбии кушунхои дохили, ки 15 соли таквими ё зиёда аз он собикаи хизмат доранд ва шахсоне, ки аз руи синну сол, бемори, ихтисори афроди кушунхо ва штатхо, ё ба нисбати вазъи сало­мати аз хизмати харби рухсат шуда, дорои 15 соли таквими ва беш аз он собикаи хизмат мебошанд, барои аъзои оилахои хизматчиёни харби, ки халок гардиданд ё дар натичаи захмдоршави, садама, маъюби ва бемории вобаста ба ичрои вазифахои хизмати харби вафот кардаанд, ба­рои сохтмони хонаи шахси ва хочагии богу обчакори аз руи меъёрхои на камтар аз он, ки конуни Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, бепул китъахои замин чудо карда ва барои сохтани хонахо ба андозае, ки конуни Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, карз дода мешавад.

Барои афсарон, прапоршикхо ва хизматчиёни харбии хизмати изофамухлат, ки аз руи синну сол, бемори, ихтисори шумораи кушунхо ва штатхо ё ба сабаби махдудияти вазъи саломати аз хизмати харби рухсат мешаванд, барои собикаи хизмат ба карори зайл ёрдампулии якдафъина дода мешавад:

– аз 10 то 15 соли таквими — ба андозаи маоши 6-моха;

– аз 15 то 20 соли таквими — ба андозаи маоши 7-моха;

– аз 20 то 25 соли таквими — ба андозаи маоши 8-моха;

– аз 25 то 30 соли таквими — ба андозаи маоши 9-моха;

– зиёда аз 30 соли таквими — ба андозаи маоши 10-моха;

Барои афсарон, прапоршикхо ва хизматчиёни харбии хизмати изофа аз мухлат, ки 20 соли таквими ё зиёда аз он собикаи хизмати доранд, мувофики хохишашон аз руи арзиши ибтидоии бакияви автомашина ва техникаи автомобилию трактори, ки дар ихтиёри кушунхои дохили буданд, ба тартибе, ки Вазири корхои дохилии Чумхурии Точикистон му­каррар намудааст, фурухта мешавад.

Ба занони бекори афсарон, прапоршикхо ва хизматчиёни харбии хиз­мати изофамухлат, ки дар гарнизонхо ва дар махалхои дурдаст хизмат мекунанд ва дар он чо барои бо кор таъмин намудани онхо имконият нест, хар мох, мувофики андозаи камтарини маош, ки конуни Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, ёрдампули дода мешавад ва мухлати гирифтани ин ёрдампули ба собикаи умумии кор шомил мегардад.

Нуктахои конунхо ва дигар санадхои меъёрии Чумхурии Точикистон оид ба масъалахои химояи ичтимои ва хукукии хизматчиёни харбии куввахои мусаллахи Чумхурии Точикистон, ки дар ин Конун пешбини нашудаанд, нисбати хизматчиёни харбии кушунхои дохили пурра татбик мешаванд.

Хукумати Чумхурии Точикистон, макомоти хокимияти махалли метавонанд имтиёзхо ва дигар намудхои кафолати химояи ичтимоии хизматчиёни харбии кушунхои дохили ва оилахои онхоро, ки дар ин Конун пешбини намудаанд, мукаррар намоянд.

 

Моддаи 42. Чавобгари барои риоя накардани кафолатхои химояи хукуки ва ичтимоии хизматчиёни

                    харбии кушунхои дохили

 

Дар сурати риоя карда нашудани кафолатхои химояи хукуки ва ичтимоии хизматчиёни харбии кушунхои дохили ва оилахои онхо, ки ин конун пешбини мекунад, шахсони мансабдори ба ин гунахкор, тавре, ки конуни Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, ба чавобгари кашида мешаванд.

 

ФАСЛИ IХ.

ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИ ВА МОДДИЮ ТЕХНИКИИ КУШУНХОИ ДОХИЛИ

 

Моддаи 43. Таъминоти молиявии кушунхои дохили

 

Кушунхои дохили аз хисоби маблаге, ки махсус аз бучети чумхури чудо карда мешавад, инчунин маблаге, ки вазоратхо, идорахо, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо барои посбонии объектхояшон дар асоси шартномахои мувофики конун басташуда ва аз бучети махалли барои бо пул таъмин намудани кисмхои таъиноти оперативи ва кисмхои моторикунонидашудаи махсуси милитсия чудомекунанд, таъмин карда мешаванд.

 

Моддаи 44. Таъминоти моддию техники ва харбии кушунхои дохили

 

Тартиб ва меъёрхои таъминоти моддию техники ва харбии Кушунхои дохили аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон бо пешниходи Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон мукаррар карда меша­вад.

Таъмиркунии техникаи харби дар корхонахои таъмири Чумхурии Точикистон дар асоси шартномахои (дархостхои) кушунхои дохили сурат мегирад.

Сохтмон ё додани объектхо барои чойгиршавии кисмхои (вохидхои) харбии кушунхои дохили аз руи тартиб ва (меъёрхое, ки барои хизмат­чиёни харбии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, бо назардошти хусусиятхое, ки Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон мукар­рар менамояд, аз хисоби вазоратхо, идорахо, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхое, ки объектхои тобеи онхоро кушунхои дохили посбони ме­кунанд ва барои чойгир намудани Раёсати кушунхои дохили, раёсатхои чузъу томхои кушунхои дохили, кисмхои харбии таъиноти оперативи ва кисмхои харбии моторикунонидашудаи махсус, муассисахо ва таълимгоххои харбии кушунхои дохили — дар навбати худ аз хисоби маблаги бучети чумхуриявии Чумхурии Точикистон ва бучети махалли бо таъ­миноти марказонидашудаи захирахои модди сурат мегирад.

Таъмир ва хизматрасонии коммуналии шахракхои харби, бинохо ва иншооте, ки онхоро барои чойгир намудани кисмхои харби, чузъу томхо медиханд, аз хисоби маблаги барои захирахои мехнати ва модди чудокардаи бучети чумхуриявии Чумхурии Точикистон сурат мегирад. Ин маблагхоро ба ин максад вазоратхо ва идорахое, ки хайати шахсии кушунхои дохили ба манфиатхои онхо адои хизмат мекунанд ва инчунин макомоти хокимияти махалли чудо менамояд.

Сохтмон, таъмири асоси ва тачдиди сохтмони воситахои инженерию техники ва таъмини истифодабарии онхо аз хисоби маблаги вазоратхо, идорахо, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхои давлати сурат мегирад, ки объектхои тобеи онхоро кушунхои дохили посбони мекунанд.

Таъмир ва хизматрасонии коммуналии бинохои Раёсати кушунхои дохили, раёсатхои чузъу томхои кушунхои дохили, кисмхои харбии таъиноти оперативи ва кисмхои моторикунонидашудаи махсус, муассисахо ва таълимгоххои харбии кушунхои дохили чунон, ки бояд аз хисоби бучети чумхуриявии Чумхурии Точикистон ва бучети махалли бо таъминоти марказонидашудаи захирахои модди сурат мегирад.

Хизматчиёни харбии кушунхои дохили, ки муваккатан вазифаи худро дур аз махалли чойгиршавии доимии кисми харбии худ адо менамоянд, бо хонаву чой, хизматрасонии коммунали, хатту каналхои алока, наклиёти автомобили ва маводи сузишворию равганхои молидани, хуроки иловаги аз хисоби маблагхое, ки махсус аз бучети чумхуриявии Чумхурии Точикистон чудо карда мешавад ва бучети махалли таъмин карда мешаванд.

 

ФАСЛИ Х.

НАЗОРАТ БА КОНУНИ БУДАНИ ФАЪОЛИЯТИ КУШУНХОИ ДОХИЛИ

 

Моддаи 45. Назорати идори ба конуни будани фаъолияти кушунхои дохили

 

Назорати идори ба истифодаи окилонаи куввахо ва воситахо дар кушунхои дохили, ба сохтори ташкилии вохидхои харби мувофикат кардани хачм ва хусусияти вазифахое, ки ба зиммаи онхо гузошта шудаанд, ин­чунин назорат ба конуни будани фаъолияти онхо аз тарафи Вазири корхои дохилии Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 46. Назорати додситони ба конуни будани фаъолияти кушунхои дохили

 

Назорат ба конуни будани фаъолияти кушунхои дохили аз тарафи Прокурори генерали ва прокурорхои тобеи вай сурат мегирад.

 

 

Раиси

Шурои Олии

Чумхурии Точикистон                                              Э. Рахмонов

 

ш. Душанбе, 28 декабри соли 1993.

№ 916.

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …